Бибихол Хушвахтзода:
«Сарбози ватанем»
10 - уми ноябр ҳамасола Рӯзи кормандони милитсия таҷлил мегардад. Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳама давру замон яке аз самтҳои афзалиятноки ҳукумат ба шумор мерафту меравад. Пешрафти ҳаёти давлат ва ҷ омеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагӣ дорад. Иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст.
Имрӯзҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бонувон либоси низомӣ ба бар намуда, баробари мардон хизмат мекунанд. Бонувони сохтору ниҳодҳои қудратӣ дар амнияти иқтисодиву иҷтимоӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ намудани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубориза алайҳи амалҳои коррупсионӣ ва ғайра нақши арзанда мегузоранд.
Яке аз чунин бонувон Бибихол Хушвахтзода мебошад. Ӯ дар зарфи 25 сол аз милитсионери қаторӣ то ба рутбаи полковники милитсия расида, дар ин мақомоти муҳими қудратӣ бо сари баланд дар вазифаҳои гуногун ифои хизмат намудааст.
- Ҳар сол айёми таътил бародарам Абдусаттор, ки дар Мактаби олии милитсияи шаҳри Тошкант таҳсил менамуд, ба хона меомад. Ҳамеша қоматаш рост, нутқаш бурро ва нигоҳаш амиқ буд. Бо виқору салобат либоси низомиро ба бар менамуд. Ҳама кораш вақту реҷаи муайян дошт. Ана аз ҳамон даврон дар дилам завқу ҳаваси низомӣ шудану ба бар намудани либоси ҳарбӣ ҷо гирифт, - мегӯяд Бибихол Хушвахтзода.
Тавре изҳор намуд, ин завқ дар дилаш баъди боздиди ҷои таҳсили бародараш Абдусаттор боз ҳам бештар гашт.
- Соли 1982 ману хоҳарам Бибиноз - подполковники милитсия, ки алҳол дар РВКД шаҳри Душанбе кор мекунад, ҳамроҳи бародарам ба шаҳри Тошканд рафтем. Баробари ворид шудан ба ҳавлии Мактаби олии милитсия духтарони зиёдеро дидем, ки либоси низомӣ ба бар он ҷо таҳсил мекунанд. Ҳамон вақт тасмимам қатъӣ гардид, ки милитсионер мешавам, - ёд меорад ӯ.
Орзуи Бибихол соли 1995 ҷомаи амал пӯшид. Ӯ корро дар раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД оғоз намуд. Соли 1997 ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2002 хатм намуд.
Бистусе соли фаъолияти мавсуф танҳо дар соҳаи кадр ба ҳисоб меравад. Ӯ дар раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ дар вазифаҳои сарнозир, муовини сардори шуъбаи кор бо ҳайати шахсӣ фаъолият намудааст. Ҳамзамон, солҳои 2012 - 2018 раиси Шӯрои занони РК ва КҲШ ва аз соли 2018 то ҳол раиси Шӯрои занони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
- Қатъи назар аз он, ки касби пешанамудаам касби мардона асту заҳмату талошҳои зиёдеро талаб менамояд, бо ҳисси баланди ватандориву ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар баробари мардони Ватан хизмат менамоям.
Бовар дорам, ки бонувони мақомоти корҳои дохилӣ, чунин суннатҳои деринаи миллию касбиашонро дар оянда низ идома бахшида, дар пешрафти кишвари азиз нақши шоиста мегузоранд. Мо низ сарбози ватани хеш ҳастем.- бо ифтихор тазаккур медиҳад ӯ.
Писари Бибихол майори милитсия Суҳроб Хушвахтзода низ дар пайроҳаи модар гом ниҳод. Суҳроб хатмкардаи Академияи ВКД ҶТ буда, алҳол дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият дорад.
Соли гузашта барояш соли фаромӯшношуданӣ буд. Бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаи олии афсарӣ «полковники милитсия» сазовор гашт.
Тавре Бибихол Хушвахтзода иброз намуд, алҳол дар ВКД зиёда аз 1 ҳазору 500 нафар бону бо масъулияти баланд, садоқатмандӣ ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ адои вазифа менамояд.
Бонувони низомӣ даврони мушкилтарини замони соҳибистиқлолиро дар ибтидои солҳои 90 - уми асри гузашта пушти сар намуданд. Онҳо баробари мардон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва таъмини волоияти қонун саҳми босазои хешро гузоштанд.
Имрӯз Бибихол дар Академияи ВКД аз таҷрибаи андӯхтааш ба ҷавонон дарс мегӯяд. Айни ҳол дар академия 205 нафар занону духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 100 нафари онҳо бо шакли таҳсили ғоибона ва 105 нафар бо шакли таҳсили рӯзона мехонанд.
Аз шумораи умумии устодон 64 нафар бонувонанд, аз онҳо 10 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла 1 нафар дар вазифаи муовини сардори шуъба, 1 нафар дар вазифаи сардори кафедра, 8 нафар дар вазифаҳои сардори шуъбачаю қисм адои вазифа намуда истодаанд. Аз шумораи занон 4 нафар соҳиби унвони илмии номзади илм ва як нафар дотсент аст.
Курсантдухтарони аълохон Моҳрухсор Таваллоева, Муқаддас Саидова, Шукрона Раҳмонзода, Ширин Ризозода, Ҷононаи Зикрулло, Сабрина Қодирова, Мавлуда Ибодуллоева, Певиста Имомназарова, Тоҷинисо Саидова ва дигарон дар баланд бардоштани савияи дониши худ ҳамеша кӯшиш менамоянд.
Курсанти курси чоруми факултети № 2 Миҷгона Самадова дар баробари дониши хубу аъло доштанаш устоди варзиши дараҷаи байналмилалист, ӯ зиёда аз 20 карат чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кикбоксинг, 4 карат чемпиони ҷаҳон оид ба муҳорибаи муштзанӣ, 3 карат чемпиони Осиё мебошад.
Инчунин, курсантдухтарони факултети №4 Манзума Диловарзода ва Мубинахон Эшонқулова, курсантони факултети №5 Судоба Улуғбекова ва Баҳригул Бобиева дар намудҳои гӯштӣ, варзиши сабук ва таэквандо ба нишондодҳои баланд сазовор гардида, унвони устоди варзиши Тоҷикистонро соҳиб шудаанд.
Бибихол Хушвахтзода аз зумраи бонувони далеру шуҷоест, ки имрӯз дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ ба зинаҳои баланд расида, насли ҷавонро баҳри ҳимояи тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмат ба Ватан тарбият менамояд.
Далер САФАР