Ба шарофати сиёсати собитқадамонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар бонувон мақому мартабаи хосса дошта, озоду комилҳуқуқ ва таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Таваҷҷуҳи роҳбарони сатҳи олии кишвар ба масъалаи баланд бардоштани мақому мартаба ва мавқеи иҷтимоии занон дар ҷомеа, ба вазифаҳои роҳбариву давлатӣ ҷалб намудани бонувони фаъол боиси сарфарозист. Ин нуктаро Сарвари давлат зимни суханрониҳои хеш иброз доштанд: «Мо минбаъд низ ҷиҳати амалӣ намудани фармони Президенти мамлакат доир ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб мекунем».
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кишварест, ки бештар аз ҳама ба мақоми зан аҳамият дода, Консепсияи байналмилалии ҳуқуқҳои сиёсии занонро тасдиқ намудааст. Имрӯз бонувон баробари мардон дар сиёсат ва идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо самаранок фаъолият мебаранд. Масъалаи баробарии гендерӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Таҷрибаи имрӯза нишон медиҳад, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон бонувон бо дарки бештари масъулият дар корҳои сиёсӣ ва сохторҳои идории кишвар аз уҳдаи вазифаҳои худ ба хубӣ мебароянд.
Дар тӯли таърих занони боиродаву дурандеш, хирадманду закӣ ва боистеъдоду худафрӯз бо ҳидояту пайкори хеш тавонистанд зиндагии худу атрофиёнро мунаввар созанд. Дар ҷомеае, ки зан мақоми созандаву зиндагии шоиставу солим ба сар дошта бошад, он кишвар дар тараққист. Дарвоқеъ, зан оинаи оила ва миллат аст. Қалби пурэҳсоси зан саршори меҳру сафост. Ва набзи имрӯзи замон тақозои онро дорад, ки аз даричаи сабзи қалбҳо ба ҳама гирумони зиндагӣ нигоҳи тозае дошта, дар эъмори ҷомеаи навин нақши созандае гузорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунандаи кишвар на танҳо баробарҳуқуқии занро кафолат медиҳанд, балки барои бонувон, вобаста ба масъалаи таҳсил, меҳнат, тандурустӣ ва таъминоти иҷтимоӣ имтиёзҳо низ муқаррар намудаанд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз соли 1999 барои тавсеа додани фаъолияти бонувон дар кулли сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ хидмати сазовор намуд. Дар ин ҳуҷҷати муҳим таъкид мегардад, ки ин амал на танҳо барои озодии бонувон, балки барои солимии ҷомеа, насли нави миллат ва маҳфуз доштани генофонди миллат бағоят муҳим мебошад. Зимни дигар имтиёзҳо ба сохторҳои давлатӣ тавсия гардид, ки мутобиқи қобилияту истеъдод ва салоҳияти касбӣ бонувонро ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ, вазоратҳо, корхонаҳои давлатӣ, макотиби олӣ ва муассисаҳои маориф пешбарӣ намуда, аз ҷумла як муовини роҳбари ин коргоҳҳо ҳатман аз ҳисоби бонувон таъйин карда шаванд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолати давлатии баробарҳуқуқии зан ва мард ва имконияти баробарии амалигардонии имкониятҳои онҳо» марҳалаи нави муҳим дар бобати таҳкими ҳукуқи зан дар ҷомеа гардид. Вай муносибатҳои ҷомеаро бо бонувон ба танзим дароварда, ҳуқуқҳои онҳоро дар иҷтимоиёт, сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва дигар нуқтаҳои манофеи онҳо дифоъ менамояд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самти ташкилу таҳкими ҳокимияти давлатӣ, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ нақши занон хеле зиёд аст. Барои рушди мақомоти судӣ, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд. Роҳбарияти давлат ба масъалаи ҷалби васеи занон ба мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ба мақомоти судӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017, №158 «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 - 2022» қабул шудааст, ки ин барнома дар амал татбиқ мегардад.
Манзура РАУПОВА,
муовини директори Маркази таълимии судяҳои
назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон