Роҳ сӯи илм
Зулфия Аҳмадзода пас аз хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти хешро ба ҳайси омӯзгор оғоз намуд. Ӯ ин пешаро дӯст медошт ва аз хурдӣ орзуи муаллима шуданро ба дил мепарварид. Муддате аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба хонандагон дарс гуфт.
- Падарам коргари одӣ буд. Одамони босавод, илмпарвар ва донишмандро дӯст медошт ва эҳтиромашонро ба ҷо меовард. Барои аз худ намудани илму дониш бароямон то ҳадди имкон шароит фароҳам овард. Асарҳои бадеӣ, куллиёти бузургони назму насри классикро аз куҷоҳое, ки барои фарзандон пайдо намекард, то ки китобхон шавем.Китобхониро талқинамон мекард ва фарзандонро ба ин васила дар рӯҳияи донишандӯзӣ тарбия менамуд. Бо меҳнати сангину обилаи даст 8 фарзандро ба воя расонд. Имрӯз ҳама соҳибмаълумотанду дар соҳаҳои гуногуни кишвар фаъолият доранд, - мегӯяд Зулфия.
Ӯ алҳол вазифаи ноибии ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистонро ба уҳда дорад. Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба мартабаҳои баланд барои зан, пеш аз ҳама, дастгирии аҳли хонавода, бахусус, шавҳар нақши созанда мебозад.
- Сахтгириҳои қиблагоҳам боис шуд, ки соҳибкасб гаштам ва барои ба сатҳи мансабӣ расидан шавҳарам мададгорам мебошад. Маҳз бо талқини ӯ ба корҳои илмӣ пайвастам ва имрӯз донишамро тақвият мебахшам. Баъди ҳимояи рисолаи номзадӣ ҳамсарам ба илм талқинам сохт, то ба кори докторӣ машғул шавам. Алҳол, дар ин ришта дар мавзӯи «Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ дар соҳаи маориф дар даврони истиқлолият» пажӯҳиш мебарам ва барои ҳимояи он омодагӣ мебинам, - мегӯяд мавсуф.
Занонро сарварӣ ояд…
Боиси хушнудист, ки дар замони соҳибистиқлолӣ мақому манзалати зан дар ҷомеа мавқеи хоссаро касб намуд. Заҳмати бонувон аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қадр шуда, сол аз сол сафи бонувон дар корҳои роҳбарӣ афзуда истодааст. Албатта, ин боварию эътимод бонувонро барои дар оянда боз ҳам беҳтар фаъолият намудан дилгарм сохта, ҷиҳати муваффақ гаштан дар сохторҳои гуногуни давлатӣ мусоидат хоҳад кард.
Ба қавли он ҷониб, дар ҷараёни вохӯриҳо ва нишастҳо бо бонувон чунин эҳсосро дар чеҳраи ҳар яке дидан мумкин аст. Воқеан, бонувони кишвар омодаанд, то барои пешрафту нумӯ ва шукуфоии давлату миллат навоварӣ ё ташаббус нишон диҳанд.
- Албатта, ин ҳама кӯшишу ғайрат ва ҷасорати бонувон, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бештар чашмрас аст, аз мадди назари Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур намонд. Чанде пеш Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон курси омӯзиши дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони «Зан – сарвар» роҳандозӣ намуд. Курси мазкур аз моҳи июли соли 2019 то апрели соли 2020 дар вилоятҳои Суғду Хатлон доир гардида, се давраро дар бар гирифт.Дар давоми 1 сол дар баробари омӯзиш бонувон, ҳамчунин ба таҷрибаандӯзӣ машғул шуда, кори доимии худро идома доданд, - иброз дошт Зулфиябону.
Дар курси «Зан – сарвар» бонувони то 40 - сола, ки аслан котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоат ва идораҳои САҲШ, умуман, ҳамаи хизматчиёни давлатӣ мебошанд, ҷалб мешаванд. Соли равон 54 бонуи лаёқатманди вилоятҳои Суғду Хатлон шунавандаи ин курс буданд, ки маълумоти андӯхтаашон дар оянда ҷиҳати болоравии мансабии онҳо нақш хоҳад бозид.
Ҳамчунин, баъди хатми курс шунавандагон соҳиби шаҳодатнома гардиданд. Оянда мувофиқи нақша аз ҳисоби бонувони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ба курси омӯзишии дуалии «Зан – сарвар» ҷалб хоҳанд шуд.
Модулҳои таълимӣ аз ҷониби омӯзгорон омодаю таҳия гашта, ба шунавандагони курс тарзи суханварӣ, одоби муошират, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, пешгирӣ аз коррупсия, тарғиби арзишҳои миллӣ ва нигаҳдошту эҳтиром ба фарҳанги миллӣ, бахусус дар мавриди интихоби либос омӯзонда мешавад.
- Шунавандагони курси «Зан – сарвар» таҷрибаро аслан тариқи табодули афкор, яъне дар идораву коргоҳҳо ё ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳои худ мегузаронанд. Ва он модулҳои таълимие, ки дар давраи омӯзиш аз худ намуданд, дар ҷараёни кор ҳангоми гузарондани чорабиниҳо дар байни ҷомеа тарғибу ташвиқ менамоянд. Масалан, тарғиби либоси миллӣ ва нигоҳдошти арзишҳои миллӣ яке аз самтҳои асосии кори имрӯзаи намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии кишвар мебошад, ки тариқи он байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешаванд. Хуллас, ҳадаф аз баргузории чунин курсҳо ин мусоидат барои аз худ намудани дониш ва тарзу усулҳои роҳбарии занон дар идоракунии давлатӣ мебошад, - мегӯяд Зулфиябону.
Ҳамчунин, дар Академияи мазкур маркази «Бонувони фаъол» амал менамояд, ки занону духтарон ба марказҳои ҳунаромӯзӣ ҷалб гардидаанд. Онҳо пешаҳои қаннодӣ ва дӯзандагиро аз бар менамоянд.
- Зан равшанбахши зиндагист. Сарфи назар аз он ки роҳбари кадом корхона ё муассисае бошад ҳам, ӯ модар ва ҳамсар аст, ки аҳли хонадон ба меҳру муҳаббати зан ниёз дорад. Агар масъулияти роҳбарӣ чун рисолати ҳамсарию модарӣ ба ҳам оянд, зиндагии инсоният рангинтару зеботар мегардад, - меафзояд Зулфия Аҳмадзода.
аноҳито