Онҳо ба сол аз ҳам фарқ доштанд, вале аз нигоҳи атрофиён сегонаи нозанинро монанд, ки бо чолокию ҳушмандӣ ва хушбинию рӯҳияи озодманишӣ ҳамтои ҳамдигаранду пешоҳангу намунаи ибрати ҳамсолон. Ӌозибаи меҳрангезу дилҳои саршор аз лутфу марҳамати хоҳарони ширингуфтору дидадаро ӌойи насли писарро ҳам дар хонавода пур мекарданду ғаму кулфатҳои рӯзгори зодмандонро зудуда.
Бо гузашти айём орзуҳои хушбинонаи модар ба ҳақиқат табдил ёфта, духтарони хушсалиқа бо таҳсили хубу аъло номбардори мактабу насаби хеш гаштанд. Вале дар гӯшаи хаёли касе набуд, ки ҳар се як пеша - ҳуқуқшиносиро мепазирад. Милоди орзуҳои хоҳарон аз суҳбатҳои пайвандони муфаттишашон маншаъ мегирифт. Азму ирода ӌаҳони андешаҳои Шаҳодат, духтари дувумии хонаводаро фаро гирифт. Дар он шабу рӯз ба низоми таълимӣ ворид намудани фанни ҳуқуқи инсон шавқмандии хоҳаронро ба соҳаи ҳифзи ҳуқуқ дучанд сохт.
Орзу Шаҳодат Икромоваро ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоӌикистон овард. Даврони донишӌӯиро чун дар арсаи имтиҳони зиндагӣ бо ӌаҳди донишомӯзию сабру шикебоӣ дар мушкилиҳо сипарӣ намуд. Намои донишу ӌаҳонбинӣ ва истеъдоди фавқулодаи ӯ замоне ҳувайдо шуд, ки дар рисолаи дипломӣ мавзӯи ҳуқуқи зан дар исломро мӯшикофона мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
- Бадбахтиҳои ӌомеа аз надонистану риоя накардани ҳуқуқҳои занон дар оила ва ӌомеа сарчашма мегиранд, ки ба пошхӯрии хонаводаҳо ва дигар ҳодисаҳои нангин оварда мерасонанд,- иброз дошт Шаҳодат Икромова. - Хушбахтию саодати рӯзгор ва мавқеи иӌтимоии занон дар оянда аз сатҳи имрӯзи ба илму тарбия фаро гирифтани духтарон вобастагӣ дорад.
Шаҳодат ба ҳайси нахустин дастпарвари кафедраи ҳуқуқи инсони факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ, ӌанбаҳои гуногуни масоили вобаста ба ҳуқуқҳои занону кӯдакон, ҳуқуқҳои иӌтимоии гурезаҳо ва ҳуқуқҳои байналмилалии муҳоӌирон дар кишварҳои хориӌро мавриди омӯзиш қарор дод. Бо дарназардошти дифоъ аз мавқеи Тоӌикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои ҳамватанони хеш дар хориӌ вай дар баробари таҳсили аъло забонҳои хориӌиро аз бар намуд.
Ба шарофати забондонӣ робитаи дӯстиро бо ҳамсолону ҳампешаҳои худ аз Африқову Арабистони Саудӣ, Англияву Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо ба роҳ монд. Донишу таӌрибаашро дар риштаи ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дод.
– Чун ҳуқуқшиносони оянда мо, донишӌӯён, дар самтҳои пешгирӣ аз хушунату зӯроварӣ дар оила, маӌбур ба шавҳар додани духтарон дар деҳот, роҳкушоӣ барои илму ҳунаромӯзии духтарон ва пурзӯр намудани ҳамкориҳои мақомоти маҳаллӣ бо созмонҳои ӌамъиятӣ омодагии ӌиддӣ доштем,-мегӯяд Шаҳодат.
Аммо баъди хатми донишгоҳ бо сабабҳои иӌтимоӣ пешниҳоди устодонро оид ба идомаи таҳсил дар аспирантура ва кор дар Кумитаи дин ва танзими расму оинҳои миллӣ пазируфта натавонист. Ба зодгоҳаш шаҳри Бохтар баргашта, фаъолияти худро аз шуъбаи ҳуқуқи мақомоти иӌроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон шурӯъ намуда, чанде пас тариқи озмун ба филиали маркази ӌумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ӌумҳурии Тоӌикистон дар вилояти Хатлон гузашт. Давраи санӌиширо ба ҳайси мутахассиси шуъбаи коргузорӣ сипарӣ намуда, сипас эксперти хатшинос ва ҳамзамон мутахассиси шуъбаи хатшиносии ин мақомот таъйин шуд. Шаҳодат, ки аз наврасӣ ба соҳаи тафтишот шавқи беандоза дошт, шурӯи фаъолияти касбӣ дар бахши ошкорсозии ӌиноятҳои нокушодаро гоми устуворе ба сӯи орзуҳои ӌавонӣ мешумурд.
Ба гуфти ӯ, тамоми ӌиноятҳои пӯшида маҳз тариқи гузарондани экспертиза исботи худро меёбанд. Хоса самти хатшиносии судӣ аз бахшҳои асосии соҳаи криминалистика ба ҳисоб меравад ва тавассути он инкишофи малакаи хатнависиро аз худ намуда, усули ҳалли масъалаҳои ташхиси судии хатшиносиро мавриди омӯзиш қарор дод. Дар ӌаҳон ду ҳусни хати ба ҳам монанд вуӌуд надорад, ҳар дастнавис маҳсули хоси зеҳнияту хислатҳои равонии нафарест, ки маҳз аз рӯи ҳусни хат метавон 17 хислати вижаи инсонро ошкор намуд, - мегӯяд Шаҳодат Икромова, мутахассиси шуъбаи хатшиносии ФМДЭСК дар вилояти Хатлон.
– Баъзан нафароне кӯшиши тағйир додани ҳусни хати худро мекунанд, аммо хатшиносони судӣ бо муқоисаи ҳусни хати одӣ бо тағйиршуда унсурҳои умумии онҳоро муайян намуда фош месозанд…
Cол аз бинобар афзоиши ӌиноятҳои молиявӣ вобаста ба тасарруфи маблағҳо бо истифодаи ҳуӌӌатҳои қалбакӣ, кафолатҳои қалбакии бонкӣ ва «шустушӯи» маблағҳое, ки бо роҳи ӌиноят ба даст омадаанд, кор дар самти хатшиносии экспертизаи судӣ ӌиддитар мегардад. Тибқи таҳлилҳои оморӣ аз аввали соли равон тариқи хулосаи экспертизаи давлатии судӣ - криминалистӣ дар вилояти Хатлон 31 ҳолати ӌинояткориҳо ошкор карда шудааст, ки дар рафти баррасии ҳар як ҳолати ӌиноятҳои иқтисодӣ ҳазорҳо ҳуӌӌатҳо ҳамчун далели шайъӣ гирифта мешаванд, - иброз дошт дар фарӌом Шаҳодат Икромова.
Ӌамолиддин САЙФИДДИНОВ,
шаҳри Бохтар