Рухшона дар муассисаи давлатии таълимии литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар синфи 8 таҳсил мекунад. Ӯ чанде пеш аз Фестивал - озмуни байналмилалии «Дунёи санъат - 2019» (ThePlanetofArt) бо ғолибият баргашт.
Ӯ дар озмуни мазкур, ки аз 3-юм то 9-уми октябри соли 2019 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, дар жанри хореография (рақс) иштирок намуда, сазовори дипломи фестивал ва роҳхати ройгон барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии Аврупо гардид. Ин муваффақияти аввалини Рухшона нест. Ҳанӯз моҳи октябри соли 2017 Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Рухшона Умароваро бо диплом барои иштироки фаъол дар Фестивали ҷумҳуриявии кӯдакон ва наврасони ҳунарманд «Сапеда» ва соли 2018 «Барои ҳамкориҳои судманд ва бахшида ба фарорасии «Рӯзи Модар» бо «Сипоснома» - и вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо сарфароз гардидааст. Дипломи «Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» - ро низ дар даст дорад.
Моҳи апрели соли равон дар шаҳри Истамбули Туркия, ки аз 14 давлат наврасон ва кӯдакон дар фестивали кӯдакона иштирок доштанд, Рухшона соҳиби диплом гашт. Ҳамчунин, ӯ иштирокдори озмунҳои байналмилалии фолклории рақси кӯдакони то 13 - сола аст, ки дар Беларус, Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор гардидаанд.
Алҳол Рухшона дар студияи бачагонаи ансамбли давлатии рақсии «Зебо» таҳти роҳбарии Зебо Аминзода, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, фаъолият дорад. Ҳунарашро роҳбарияти гурӯҳ қадр мекунанд ва аллакай барояш маоши хуб ҳам таъйин кардаанд.
Дар ҷодаи рақс Мирзо Сатторов ва Манзура Ҳабибоваро устодони худ меҳисобад. Воқеан, вақте нав ба саҳна омад, Манзура Ҳабибова ба Рухшона тавсия дод, ки ба сурудхонӣ машғул шавад, зеро овози хуб дорад. Хушбахтона, ҳоло ин шогирди муваффақи устод ҳам дар ҷодаи рақс ва ҳам сурудхонӣ номбардори устод аст.
Аз Рухшона мепурсам, сирри муваффақиятҳоят дар чист? Гуфт:
- Нахустин ҳунарнамоиам дар саҳна соли 2016 ва он ҳам дар чорабиние, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳузур доштанд, баргузор гашт. Тасаввур кунед, ки чӣ қадар масъулияти бузург аст, вақте бароят имкони муаррифӣ дар назди меҳмони олиқадр даст медиҳад. Шукр, ки ҳамааш хуб гузашт ва суруди ман «Тоҷикистон – мулки шодӣ» (матни Камол Насрулло), байни ҳамсолонам маъруфият касб кард.
Рухшона ҳоло орзуи дигаре дар дил дорад. Мехоҳад дар бораи падари зиндаёдаш суруде офарад.
- Падарамро зиёд дӯст медоштам. Вақте бемор буд, ҳамеша хабаргириаш мерафтам. Ӯ мехост, ки ман дар баробари сурудхонӣ касби дигареро низ интихоб намоям. «Ту ба орзуҳоят, ки ҳоло хеле хурд ҳастӣ, аллакай расидӣ. Пас, орзуи маро низ ҷомаи амал пӯшон, чун медонам, қобилияти хуб дорӣ ва аз уҳдааш мебароӣ. Як чизро фаромӯш масоз, ҳамеша дар барат ҳастам, агар ҳам набошам…».
Оре, ман 4 - сола будам, ки аллакай дар хона бо овози баланд суруд мехондам, дар саҳни ҳавлӣ бо ҳамроҳии бибиам мерақсидам. Мисле, ки аз кӯдакиам медонистам, ки ҳунарманд мешавам. Шукр, ки ҳоло устодон ва модарам муттакои мананд. Тасаввур кунед, ки ман дар оилаи ҳунармандон ба дунё наомадаам. Бо вуҷуд барои расидан ба орзуям ҳама имконотро фароҳам оварданд. Махсусан модарам, ки шахси масъул асту ҳамеша серкор, мекӯшад мудом дар паҳлуям бошад. Ҳам дар интихоби матн, омодагӣ ба таҳияи он ва сафарҳои дохилу хориҷ, - бо ифтихор иброз медорад Рухшона.
Аксар барномаҳои консертиаш дар шабакаҳои интернетӣ, хосса YouTube ҳаводорони зиёде пайдо кардаанд.
Рухшона дар пеши худ ду мақсад дорад. Нахуст, суруде пурмаънӣ дар бораи қиблагоҳаш омода созад. Баъдан, хоҳони сафар ба кишвари афсонавӣ – Ҳиндустон побанд кардааст. Вай дар дил ҳаваси омӯхтани рақси миллии ҳиндиро бо тамоми ҷаззобияту назокаташ дорад. Ва пеши иҷрои он ҷадал менамояд…
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА