Бонуи тақрибан 27-28 сола, ки дар дохили нақлиёт дар паҳлуям нишаста буд, парешонхотир зуд-зуд аз тиреза ба берун назар медӯхт. Хавотир менамуд. Аз он ки нақлиёт сари ҳар қадам ист мекарду мусофиронро даъват ба савор шудан менамуд, чеҳраи ҷавонзан боз ҳам гирифтатар мешуд. Худ ба худ зери лаб меғуррид: «Эҳ, ба ин аҳвол кай ба ҷою макон мерасида бошем? Одами зарурмонда аз ту напурсида савор шудан мегирад, охир…»
- Роҳатон дур аст? – мепурсам авзои беҷои ҳампаҳлуямро дида.
- Ҳа, хонаам дар ҳо, ҳамон адирҳои тарафи маҳаллаи Зарафшон аст. Боз чӣ қадари дигар бояд пиёда равам, ки баъд ба хона расам, - гӯён ба сухан оғоз кард ҳамсуҳбатам.
Дигар чизе аз ӯ напурсидам. Зеро ӯ худ мисле, ки маътали ҳамин як суолам буд, шиква аз зиндагӣ намуд.
- «Ранҷи рӯзгордорӣ ҳам зӯр будааст. Агар не, ҳамин кӯдаки бечораро чӣ аст, ки ҳар субҳ бо ман бозор меояду мондаву шалпар бегоҳ ба хона бармегардад», - ба писарбачаи тахминан 4 - 5 солае, ки дар бағалаш хоби роҳат буд, ишора намуд.
Парвина ҳангоми дар хонаи падар будан бо тавсияи модар ҳунари дӯзандагиро аз худ намуд. Модараш мегуфт, ки ҳунар хоҳ – нохоҳ рӯзе ба кор ояд ва мебоист ҳар инсон дар баробари омӯхтани илму дониш ҳунареро низ бояд аз бар намояд. Парвина ба хондан чандон ҳавсала надошт ва ҳатто бо андешаи он ки «хондагиҳо чӣ шудан» хоҳаронашро ба қавле «аз роҳ мезад». Вале роҳи зиндагӣ на ҳар вақт ҳамвору бенишеман аст. Ба ҳар ҳол шавқу завқ ба ҳунарандӯзӣ дошт, ки куртадӯзиро омӯхту имрӯз ин ҳунараш ӯро ба кор омадааст.
Ҳоло одат шудааст, ки аксари хонаводаҳо мехоҳанд, то арӯсро аз байни ҳунармандон ё табибон интихоб намоянд. Парвина ҳам, ки чун чевари номӣ дар деҳа маъруф буд, ӯро маҳз ба хотири ҳунармандиаш хонаводаи шавҳараш ба арӯсӣ пазируфтанд. Зиндагии хуш дошт. Таваллуди писараконаш пайвандии оиларо мустаҳкамтар менамуд. Меҳру муҳаббати шавҳараш ба ӯву тифлаконаш низ зиёд буд. Бо аз даст додани ҷойи кор муносибати шавҳараш бо аҳли хонадон якбора тағйир ёфт. Ҷангу ҷанҷолҳои бемаврид оқибат ба занозанӣ печид.
- Шавҳарам маро мезанад. Сахт ва бераҳмона лату кӯбам мекунад. Ҳатто кӯдаконам дар хона мавриди хушунат қарор доранд. Сабабашро дар нокифоягии маош ва камбудии буҷаи оила дониста, ҳунари чандсола «хоб» кардаамро, ба кор даровардам. Як мошинаи дарздӯзиро ба иҷора гирифтаам ва бо пайдо шудани фармоишгар рӯзе 20 - 30 сомон маблағ ба даст меорам. Ҳар рӯз ҳамин писаракамро гирифта, бо худ бозори «Ганҷина» меорам. Писарчаам гоҳҳо дилтанг мешавад, гиря мекунад. Дигар илоҷ надорам.
Бачаи калониам ҳамагӣ шаш сол дорад. Ӯ рӯзи дароз дар хона танҳо нишаста, ба тамошои филмҳои тасвирӣ машғул мешавад. Пеш аз хона бадар шудан бурдаи нону ҳасиб ва чойники чойро дар пешаш монда, таъкидаш мекунам, то ба кӯча набарояд. Дарро мепӯшаму таваккал ба Худо карда, аз хона мебароям. Канӣ маблағи зиёдатӣ барои пардохти ҳаққи боғча? Вагарна, ба боғча медодам, ҳам савод мегирифту ҳам таълиму одоби муошират дар ҷомеаро аз худ мекард. Зиёдтар барои ӯ хавотир мешавам, охир аз ду сар ҳоло ӯ кӯдак аст, - гуфта ашк дар чашмонаш ҳалқа зад.
Парвина хост, то бо дарёфти луқмаи нон ва кумак ба буҷаи хонаводааш пеши роҳи хушунатро дар хонаводааш гирад, вале ҳайҳот. Ӯ мегӯяд, ки бо умеди осонтар намудани бори рӯзгор чунин зиндагиро барои кӯдаконаш раво дидааст, ки ягон модар инро хостор нест. Вале ба гуфтаи ӯ зиндагиаш то имрӯз ранги дигар нагирифтаасту таҳдиду зӯроварии шавҳараш нисбати ӯву кӯдаконаш бештар гардидааст.
Воқеан, хушунати хонаводагӣ омили ҷадид набуда, чун заҳрпечак дар ҷомеа реша давондааст. Аксаран пошхӯрии оилаҳоро низ дар хушунати хонаводагӣ медонанд, ки солҳои охир бахусус байни ҷавонон теъдоди он рӯ ба афзоиш дорад. Аз ин рӯ, шуруъ аз рӯзҳои аввали моҳи декабр дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар барномаи «16 рӯзи алайҳи хушунат дар оила» ба хотири пешгирӣ аз ин падидаи манфии ҷомеа, вохӯрию чорабиниҳо идома дорад.
Мижгона Раҳимӣ, мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор роҷеъ ба ин мавзӯъ чунин ибрози андеша намуд:
- Тибки нақша чорабиниҳои шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар доираи маъракаи “16 рўзи алайҳи хушунат дар оила” бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014- 2023», вохӯриҳо ва аксия таҳти унвони «Оилаи ман барои зӯроварӣ нест» баргузор гардид. Ҳадаф аз ин вохӯриҳо ба аҳолӣ фаҳмондани арзиши оиладорӣ ва эҳтиром ба ҳар узви он мебошад. Оила ҳамчун унсури аввалини ҷомеа эътироф шуда, дар кишвари мо таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор дорад. Заминаи мавҷудаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ, шурўъ аз Қонуни асосӣ ба оила муносибати хоса дошта, тибқи моддаи 33 - и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат оиларо ҳамчун асоси ҷомеа ҳимоя мекунад ва ҳар фарди ҷомеа ҳуқуқи ташкили оиларо дорад.
Мавсуф ҳадаф аз ташкили вохӯрӣ ва аксияҳоро шарҳ дода, аз ҷумла афзуд, ки дар ҷаҳони муосир зўроварӣ дар оила зуҳуроти паҳнгашта буда, бартараф намудани он масъалаи муҳими иҷтимоӣ арзёбӣ мегардад. Хушунат дар оила кирдори паҳншуда ва хавфноке дар муҳити оилавӣ ба шумор меравад, ки ҳуқуқу озодиҳои аъзои дигари оиларо дағалона вайрон намуда, дар баъзе мавридҳо ба пошхӯрии оилаҳо ва худкушии ҷабрдидагон оварда мерасонад. Раҳимӣ Миҷгона гуфт, ки аз ин рӯ, баҳри дарёфт намудани роҳу усулҳои нави бартарафсозии хушунати дар оила ва падидаҳои номатлуби ҷомеа аз тамоми имконоту васила истифода карда мешавад, то ҳар фард дар фазои рифоҳу ороми хонавода озодона зиндагӣ намояд.
Қутбияи Неъматулло