Шуури баланди сиёсии мардум
- Интихобкунандагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар интихобот ва раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 доир шуд, ширкати фаъол варзида, 85 фоиз ба ҷонибдорӣ аз Конститутсия овоз доданд. Сокинони вилоят бо ин амалашон дар он шароити сахту сангин ва душвор шуури баланди сиёсӣ нишон доданд. Зеро ҳама ташнаи сулҳу оромӣ ва ҳаёти созанда буданду дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ояндаашонро медиданд. Конститутсия воқеан ҳам санади муҳиме гардид, ки мардум неруҳои сиёсӣ ва ҷамъиятиро ҷамъ овард ва заминаи мустаҳкам барои сулҳи пойдор ва тараққиёту пешрафти кишвар гузошт.
Боби ҳафтуми Конститутсия ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида шуда, дар моддаи 81 омадааст: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аст». Мардум бо раъйи аксарият қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Тоҷикистон будани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро таъйид карданд, ки зарбаи сахт ба душманону бадхоҳони миллат гашт.
Мардуми сарбаланди вилоят чун сокинони шарафманди манотиқи дигари ҷумҳурӣ дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, дар роҳи созандагӣ неруи ягона буданашонро собит сохтанд.
Ман он овон дар вазифаи муовини раиси Шӯрои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор мекардаму ягона зан дар ҳайати аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ будам. Натиҷаҳои санадҳои интихобот ва раъйпурсиро ба Душанбе бурдам ва Комиссияи марказӣ онҳоро аз ман қабул кард.
Интихобот ва раъйпурсии умумихалқӣ дар шароити душвор баргузор шуда буд. Комиссияҳои интихобот дар маҳалҳо қатъи назар аз камбуди сӯзишворӣ ва маблағ, дар баъзе ҳолатҳо дар маҳалҳои дурдаст пойи пиёда асноди интихоботро аз як қитъа то қитъаи дигар мебурданд. Дар баъзе ҳолатҳо аъзои комиссия бо ташаббуси худашон ранг, матоъ, ширеш дарёфт намуда, қитъаҳои овоздиҳиро оро медоданд.
Дар он давра зиёда аз 60 ҳазор гурезаи дохилӣ аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ дар вилоят қарор дошт.Мухолифини мусаллаҳ, ки як қисмашон ба воситаи марзи Афғонистон ба ҳудуди вилоят гузашта буданд, дар шаҳру ноҳияҳо ҳузур доштанд.Таҳдиди воқеии халалдор шудани интихобот вуҷуд дошт. Вале иродаи матин ва дипломатияи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, содиқона вазифаи хидматиашонро дар маҳалҳо анҷом додани кормандони сохторҳои давлатӣ ва ҳамкории мардум боис гардиданд, ки интихобот ва раъйпурсӣ озод ва бидуни мамониат доир шаванд.
Бибигулшод Мирҷонова,
собиқ узви КМИР
Конститутсияи Тоҷикистон дар даҳгонаи беҳтарин
- Рӯзи 6 ноябри соли 1994, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, дар таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои зарҳалин сабт шудааст.
Ин ҳуҷҷати тақдирсоз замоне қабул гардид, ки Тоҷикистон дар шароити басо мураккаби сиёсӣ-иқтисодӣ қарор дошт. Ҷиҳати таҳияи лоиҳаи нави Конститутсия ду комиссия, яке моҳи августи соли 1990 ва дувум моҳи феврали 1992 таъсис ёфт. Лоиҳаи Конститутсия моҳи апрели соли 1992 барои муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод шуд. Баъдан, моҳи июни соли 1993 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати комиссияро баъди таҳияи лоиҳаи Конститутсияи типи нав бо роҳбарии Раиси комиссия Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ намуд. Дар ҳайати комиссия 65 нафар ходими давлатӣ, сиёсии ҳамаи минтақаҳои мамлакат, ходимони ҳизбӣ, ақаллиятҳои миллӣ шомил буданд. Ва ниҳоят, 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, аз тарафи коршиносони бурунмарзӣ дар радифи 10 Конститутсияи беҳтарини дунё пазируфта шудааст.
Дар арафаи 25-солагии Конститутсия имзо шудани Қонун «Дар бораи авф» аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки он «авфи тиллоӣ» унвон гардидааст, иқдоми башардӯстонаву ғамхорона буда, зиёда аз 20 000 маҳкумшудагон, судшавандаҳо ва маҳбусон озод гардиданд, ки бо қалбҳои саршор аз фараҳ ба ҳаёти амну осоишта баргаштанд.
Фаросатмо ҒАЮРОВА,
ҳуқуқшинос, ВМКБ