19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МАСЛИҲАТИ ҲУҚУҚӢ

Ба суолҳо судяи суди шаҳри Душанбе Гулнисо Ҳамидзода посух мегӯяд

 06-2019 (57)

Суол:

- Шавҳарам метавонад бе розигии ман ақди никоҳи моро бекор кунад?

Саида, н. Рашт

 

Посух:

- Никоҳ дар мақомоти САҲШ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 21, 24 кодекси оила бекор карда мешавад. Дар сурати надоштани фарзандони ноболиғ ва бо розигии тарафайн ақди никоҳ дар мақомоти САҲШ бекор карда мешавад. Аз суол бармеояд, ки Саида ба бекор кардани ақди никоҳ розӣ нест.

Тибқи талаботи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 21, қисми 1 никоҳ аз тарафи суд дар сурати фарзандони ноболиғ доштани зану шавҳар, ё дар сурати ба бекор кардани ақди никоҳ розӣ набудани зан ё шавҳар бекор карда намешавад. Ҳамчунин, тибқи талаботи моддаи 22 қисми 1 дар сурати розӣ набудани зан ё шавҳар барои бекор кардани ақди никоҳ суд барои оштӣ додани зану шавҳар тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқ дорад, ки баррасии парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар барои оштишавӣ то 6 моҳ муҳлат диҳад.

 

Суол:

- Ошкор шуд, ки келинам се моҳ пеш аз тӯй аз шахси дигар ҳомиладор будааст. То ҳанӯз бо писарам ақди никоҳи расмӣ доранд, агарчи якҷо зиндагӣ намекунанд. Ҳоло ӯ даъвои хона дорад, ки соҳибмулк ман мебошам. Дар натиҷаи низоъҳои пайдарпай ӯ рӯзе маро лату кӯб кард. Оё даъвояш барои хона аз рӯи қонун аст?

Бибисоро, ш. Кӯлоб

 

Посух:

- Аз муроҷиати шаҳрванд бармеояд, ки келини шаҳрванд Бибисоро бо ариза ба суд муроҷиат кардааст. Талаботи аризаи даъвое, ки ба мо маълум нест, шаҳрванд Бибисоро дар сурати норозӣ будан бо ваҷҳҳои пешниҳодкардаи келинаш ҳуқуқ дорад, ки норозигии худро ба суд вобаста ба аризаи келинаш пешниҳод кунад. Суд дар чаҳорчӯбаи қонун талаботи аризаи даъвои келин ва норозигии хушдоманро мавриди таҳлил ва муҳокима қарор медиҳад. Тибқи талаботи моддаи 121 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар исбот гардад, ки келин бо молик якҷо истиқомат карда, бо ӯ хоҷагии умумӣ бурда бошад, ӯ ҳуқуқи маскун шудан ба он манзилро дорад.

 

Суол:

- Бо шавҳарам ақди никоҳи расмӣ надорам ва бо як фарзанд аз ҳам ҷудо шудем. Ман барои алимент гирифтан ҳуқуқ дорам ё не? Зеро шавҳарам падариашро инкор мекунад.

Латофат, ш. Душанбе

 

Посух:

-Латофат метавонад ба суд бо аризаи даъво дар бораи муқаррар намудани падарӣ ва рӯёндани алимент тибқи талаботи моддаи 50 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар сурати тасдиқ шудани падарӣ аз ҷавобгар (собиқ шавҳараш) алимент рӯёнад.

 

Суол:

- Фарзандони зани дуюм ба молу мулки падар баъд аз вафоти ӯ ҳуқуқ доранд ё не?

Зарина, н. Рӯдакӣ

 

Посух:

- Мувофиқи талаботи моддаи 1166 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал мероси қонуниро бо ҳиссаи баробар фарзандон (аз ҷумла, фарзандхондшудагон), ҳамсарон ва падару модар, фарзандхондшудагони меросгузор ва ҳамчунин кӯдакони шахси вафоткарда, ки баъд аз фавти ӯ таваллуд шудаанд, мегиранд. Агар фарзандони шаҳрванд Зарина ба ном ва насаби марҳум шавҳараш шаҳодатномаи таваллуд дошта бошанд, он гоҳ онҳо ба молу мулки падар ҳуқуқ доранд. Дар акси ҳол, ӯ ҳуқуқ дорад, ки ба суд оид ба муқаррар кардани ҳолати падарӣ муроҷиат намояд. Дар сурати муқаррар шудани ҳолати падарии марҳум, фарзандони Зарина пас аз марги падар ба мероси ӯ ҳуқуқ пайдо менамоянд.

:.  Ҳуқуқ 08.06.2019 08:11 1372

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz