чанд пора аз рӯзгори собиқадори мақомоти судии вилояти Суғд Рухсат розиқзода
Ҷасорати бонуи ҳуқуқшинос
Гирдиҳамоиҳои пайдарпайи солҳои 90 - ум ҳуқуқшиноси кумитаи амволи давлатии комиҷроияи вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) Рухсат Розиқзодаро ноором карда буданд ва ӯ мақолае навишту рафтори роҳбарони мухолифинро, ки ба ақидаи ӯ ашхоси тасодуфӣ ва фурсатталаб буданд, ошкор ва маҳкум намуд. Мақоларо ба журналист Додоҷон Раҷабӣ, ки мудири шуъбаи ташвиқу тарғиби мақомоти давлатии вилоятро ба уҳда дошт, пешниҳод намуд. Мавсуф навиштаро писандид. Рухсатбону бо ҷасорати хос мақоларо бо сарлавҳаи «Хуни ноҳақрехтагонро Худо намебахшад» дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд») чоп кард.
Таҳдидҳо
Баъди як рӯзи нашри мақола ду нафар намояндаи аҳзоби мухолиф ба ҳуҷраи кории ӯ ворид шуд. Яке аз онҳо зуд ба таҳдид гузашт: «Ту роҳбарони моро таҳқир кардӣ ва барои ин корат бояд ҷавоб диҳӣ!»
Рухсат Розиқзода гуфт: «Шумо даъвои демократия ва озодии сухан доред. Ман ҳам мисли як шаҳрванди ҷумҳурӣ фикри шахсии худро гуфтаам. Пас, шумо низ дар рӯзнома андешаи худро баён созед, вокуниш нишон диҳед, на ин ки ду мард ба зане таҳдиду таҳқир намоед.»
Ҳар ду аз ҳуҷра баромад, аммо яке пеш аз пӯшидани дар бо таҳдид гуфт: «Ҳоло мебинем!».
Баъди чанд соат телефон занг зад. Овози ношиноси дуруште таҳдид мекард: «Мо туро нағз мешиносем. Кай ба кор омадану кай ба хона рафтан, ду фарзанд доштанатро. Ба мурдан тайёр шав!»
Роҳбари вақти вилоят Темурбой Мирхолиқов баъди хондани мақола ба Додоҷон Раҷабӣ мегӯяд, «Ҷавонзани ҷасур будааст, дар сурате, ки бисёр мардони соҳибмансаб ҷомаи занона ба бар, ҷуръати сухан гуфтан надоранд. Ӯро эҳтиёт кунед!».
Ягона бону дар суди иқтисодӣ
Кораш пешрав буд. Баробари вазифаҳои ҳуқуқии кумитаи амвол супоришҳои дигарро низ ба сомон мерасонд. Раисии комиссияи интихоботии вилоятро (1992–1997) ҳам ба уҳда дошт. Ба фикраш, акнун роҳи ӯ танҳо ба ҳамин самт, яъне сиёсат хоҳад буд. Аммо, моҳи январи соли 1996 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи суди иқтисодии вилояти Суғд таъйин гаштанаш ба тасвиб расид.
Додварз
- Кор дар соҳаи суди иқтисодӣ осон набуд, зеро солҳои донишҷӯӣ масоили ҳуқуқи иқтисодӣ ба таври махсус омӯзонда намешуданд. Ҳама чиро аз сифр оғоз намудем. Рӯзҳо аз ҳамкорони соҳибтаҷриба, шабҳо аз китобҳои марбутаи соҳа меомӯхтам, - ба ёд овард моҳои аввали корашро мавсуф. – Устодонам мегуфтанд, ки қонунро эҳтиром ва риоя бояд кард, он гоҳ комёбӣ худ ба даст меояд. Ҳамин тавр оҳиста-оҳиста ба ман бурдани парвандаҳои мураккабро бовар мекарданд, аз ҷумла як парвандаро, ки 3–4 сол оид ба тақсимоти замини собиқ колхози ба номи Калинини ноҳияи Ашт бенатиҷа идома дошт, супурданд. Аз пошхӯрии хоҷагиҳои давлатию ҷамъиятии замони шӯравӣ истифода бурда, як зумра шахсони манфиатдор заминҳо ва саҳми кишоварзонро аз худ карда, ҷамъияти саҳомии навтаъсисро ба маблағи калон қарздор намудаанд. Дар натиҷа як гурӯҳи калони кишоварзон шикоят навиштанд. Парванда таҳти назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт. Барои тафтишот муҳлати дароз лозим буд. Ба ман манфиатдорон ба ҳар роҳ фишор меоварданд, ришва пешниҳод мекарданд, ки санади ниҳоӣ ба манфиати онҳо бароварда шавад. Хушбахтона, ба банда муяссар гардид, ки саҳмияи замин ва амволи беш аз 1800 нафар кишоварзи воқеиро, ки ҳар кадом 4–5 хӯранда дошт, барқарор намоям.
Ёде аз айёми наврасӣ
Номи ҳуҷҷатии ӯ Рухсат аст, аммо ҳама – аҳли хонадон, хешону пайвандон, ҳатто ҳамкасбону корафтодагон ӯро Барно мегӯянд. Барои чӣ? Барои посух ба ин пурсиш, ӯ каме ба хаёл рафта, пас қисса намуд:
- Дар оила аз ҳама хурдӣ будам. Падару модар, ду бародару як хоҳари калонӣ хеле дӯстам медоштанд. Табиист, ки дар оғӯши ин ҳама меҳру муҳаббат каме шӯх ҳам будам. Азбаски ба ман номи модари падарамро гузошта буданд, модарам маро Барно хитоб карда, баъзан барои кори нохубе ҷанг мекарданд. Ҳамин тавр исми Барно номи ҳуҷҷатии маро аз доираи истифода дар хонаву мактаб, баъдан дар омӯзишгоҳи омӯзгорию донишгоҳ берун овард. Бояд гуфт, ки падари шодравонам Мирзоолим корманди молия буданду модарам Латофат Насимова - дӯзанда. Модар зардӯз ҳам буданд, маҳсули дасташон аз Панҷакент то Самарқанд харидор дошт. Мехостанд фарзандонашон соҳиби маълумоти олӣ бошанд. Аз хурдсолӣ моро ба дарсхонӣ талқин мекарданд. Бародаронам Раҳматулло Донишкадаи тиббии Днепропетровски Украина, Ҳадиятулло Донишкадаи савдои Самарқандро хатм карданд. Хоҳарбузургам Савринисо номзади илми кимиёст. Ман солҳои 1975–1978 аввал дар омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент хонда, дипломи аъло гирифтам. Меҳри ҳуқуқшиносӣ маро ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бурд ва соли 1983 соҳиби ихтисос гардидам. Фарзандонам Малика ва Фирдавс низ ҳуқуқшиносанд.
Рухсат Розиқзода ба нафақа баромада бошад ҳам, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзад. Раиси як маҳаллаи шаҳри Хуҷанд аст, ки беш аз ҳазор нафар сокин дорад. Дар маҳаллаи таҳти назораташ ҳодисаҳои авбошию дуздӣ, майзадагӣ ба мушоҳида намерасанд.
P.S.
Рухсат Розиқзода барои хизматҳои шоён бо Ифтихорномаи фахрии Шӯрои адлия ва Суди Олии ҶТ, Ифтихорномаи МИҲД-и вилояти Суғду шаҳри Истаравшан сарфароз гардидааст.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
вилояти Суғд