Ба суолҳо судяи суди шаҳри Душанбе
Гулнисо Ҳамидзода посух мегӯяд
Суол:
Ман бо шавҳарам дар асоси никоҳи динӣ зиндагии якҷоя дорем ва онро ба расмият надаровардаем. Фарзанди нахустини мо ба наздикӣ сесола мешавад, вале то ҳанӯз шаҳодатномаи таваллуд надорад. Барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд кадом ҳуҷҷатҳои иловагӣ лозим аст?
Сарвиноз Саидмуродова,
ш. Душанбе
Посух:
-Дар асоси моддаи 50, қисми 1 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар шаҳрванд хоҳад, ки кӯдак насаби падарро дошта бошад, дар ин сурат барои муқаррар кардани падарӣ ба суд муроҷиат менамоянд. Барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд аз САҲШ ҳалномаи суд асос мегардад. То семоҳагии кӯдак гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ройгон аст ва баъди ин муддат ҷарима супурда мешавад.
Суол:
-Чанд моҳ пештар духтарам бо се фарзанд аз шавҳараш ҷудо шуд. Азбаски имкони нигоҳубини фарзандонро надоштем, ду писарро ҳамроҳи падараш гузоштем. Духтарам барои дидорбинии бачаҳояш равад, хонаводаи собиқ шавҳараш иҷозати вохӯрӣ бо кӯдаконашро намедиҳад. Ба куҷо муроҷиат кунем?
Гулбаҳор Шукурова,
ноҳияи Шаҳринав
Посух:
-Дар моддаи 56 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки кӯдак ҳуқуқи муоширатро бо падару модар, бобою бибӣ, бародарону хоҳарон ва дигар хешу ақрабо дорад. Дар сурати ҷудо зиндагӣ кардани падару модар кӯдак ҳуқуқ дорад, ки бо ҳар кадоми онҳо муошират кунад. Г. Шукурова метавонад ба суд муроҷиат намояд ва дар асоси ҳалномаи суд тартиб ва вақти муошират бо фарзанди ӯ муайян карда мешавад.
Суол:
-Дар асоси ҳалномаи судӣ баъди ҷудо шудани писарам аз занаш собиқ келинам дар хонаи мо маскун карда шуд. Аммо, ӯ рӯзе ҳам дар ин хона зиндагӣ накардааст. Хонаи мо ҳамаги се ҳуҷра дорад ва бояд писари дигарамро хонадор кунам, вале, аз сабаби надоштани хона, имкони барпо намудани сури арӯсии писарамро надорем. Вақте келини собиқам дар хона зиндагӣ намекунад, оё суд метавонад ҳукми худро бекор кунад?
Шарофиддин,
ноҳияи Синои ш.Душанбе
Посух:
-Дар ин маврид шаҳрванд метавонад, ки дар мавриди аз ҳуқуқи истифодаи манзил маҳрум кардани ин келин ба суд муроҷиат намояд ва собит созад, ки келин аз кай боз маскуни ин хона нест. Лекин, шаҳрванд дар ҳолати фарзанд доштани ин келин чизе нагуфтааст. Агар ӯ фарзанд дошта бошад, суд манфиати фарзандонро низ ба назар мегирад.
Суол:
-Аз бобоям, ки ӯро ман нигоҳубин мекардам, ба таври шифоҳӣ ба ман 8 сотих замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуда буд. Ман дар он замин хонаи истиқоматӣ бунёд намудам ва беш аз 10 сол аст, ки дар он зиндагӣ дорам. Модарам, ки аз мерос даст кашида буд, аз олам гузашт. Вале, тағоҳоям ин қисмати заминро ба номам ҳуҷҷат намекунанд. Дар ин ҳолат чӣ кор кунам?
Саид,
шаҳри Ҳисор
Посух:
-Агар тағоҳои Саид меросро қабул карда бошанд, онҳо, ки фарзандони мӯйсафеданд, меросхӯрони навбати аввал маҳсуб меёбанд. Дар ин ҳолат танҳо бо роҳи муросо ӯ метавонад ин қитъаи заминро ҳамчун туҳфа аз тағоҳояш қабул намуда, дар асоси ҳалномаи суд ба расмият дарорад.