Бино ба иттилои Зебунниссо Ҷумъахонзода – муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии кишвар дар ду моҳи аввали соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 миқдори ҷиноятҳо хеле кам шудаанд.
- Дар ҳамин давраи соли 2018 аз ҷониби ноболиғон 124 ҷиноят содир шуда буд. Имсол 85 адад ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба омори соли гузашта 39 адад камтар аст. Дар вилояти Суғд, Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе камшавии ҷиноятҳо миёни ноболиғон мушоҳида мешавад, - иброз дошт ҳамсуҳбатамон.
Ба иқрори З.Ҷумъахонзода, муноқишаҳои байнимактабӣ, ки аз ҷониби хонандагони синфҳои болоӣ баъзан ба вуқӯъ меоянд, солҳои охир хеле кам шудаанд ва он ҳам байни он мактабҳое рух медиҳанд, ки дар наздикии ҳамдигар қарор доранд. Бештар бачагони аз 16 сола боло байни ҳам низоъ меангезанд ва муноқишаҳои гуруҳии мактаббачаҳо низ аз ин син сар мешавад. Тибқи қонун ҷавобгарии ҷиноии ноболиғон ҳам аз ин синну сол шурӯъ мегардад. Танҳо дар баъзе ҳолатҳое, ки ҷиноятҳои вазнин содир мегарданд, аз синни 14-солагӣ онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
- Муноқишаҳои гуруҳие, ки байни ноболиғон сар мезананд, сабабҳои ночиз доранд. Ин ҷо мавқеи сарварӣ пайдо кардан ва пешсафии худро намоиш додани баъзе аз бачагон ҷой дорад, ки минбаъд дигар хонандагонро барои шарик шудан ба ин муноқишаҳо ҷалб месозанд, - қайд кард коршинос.
Тибқи иттилои манбаъ, ноболиғон бештар ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ даст мезананд, ки сабаби асосӣ аз назорати доимии падару модар канор мондани онҳост, ки марбут ба ин, тӯли 2 моҳи аввали соли 2019 зиёда аз 3204 кӯдак ба шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оварда шуда, тибқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидайни онҳо ба ҷазои маъмурӣ ҷалб гардиданд.
- Дар рафти фаъолият бо ду намуд ҳуҷҷат - варақа ва парванда кор бурда мешавад. Парвандаҳо нисбати кӯдаконе, ки ҷиноят содир намудаанд, тартиб дода мешаванд ва варақаҳо бошанд нисбати бачагони душвортарбия таҳия мегарданд. Тӯли 2 моҳи соли 2019 96 ноболиғ ба қайд гирифта шудааст, ки 24–тои он бо оғози парвандаҳои қайди пешгирӣ ва 72 нафар бо оғози варақаҳои қайди пешгирӣ баррасӣ гардидаанд ва то ин замон дар қайди профилактикӣ 648 нафар ноболиғон қарор доранд, - зикр намуд афсарбону.
Ғайр аз оне ки аз ҷониби кормандони хадамоти мазкур, нозирони минтақавӣ ва дигар шахсони масъул бо мақсади пешгирии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғону ҷавонон ва волидайни онҳо дар муассисаҳои таълимӣ, маҳаллаҳо ва ғайра тибқи нақша-чорабиниҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ гузаронида мешаванд, бо мақсади ба шуғли манфиатбахш ҷалб намудани онҳо чорабиниҳои солимгардонӣ низ роҳандозӣ гардидааст.
- Кӯшиш менамоем, ки бачагонро бештар ба чорабиниҳои варзишӣ ҷалб созем, то неруи худро дар варзиш бисанҷанду одилона сабқат варзанд. Доир намудани чунин тадбирҳои солимгардонӣ василаи беҳтаринест, ки кӯдакон аз муноқишаву низоъангезӣ ва содир кардани ҷиноят дар канор бошанду бо ҳам дӯсту бародар гарданд ва ба қадри зиндагии орому осоишта бирасанд, - иброз намуд дар интиҳо полковники милитсия Зебуннисо Ҷумъахонзода.
Ситора