19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МАСЛИҲАТИ ҲУҚУҚӢ

 

Ҷавоб:

— Дар асоси моддаи 70 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои тартиби маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ муайян карда шудааст. Ҳангоми маҳрум намудан аз ҳуқуқи падарӣ шахси маҳрумгашта ҳуқуқи тарбия кардани кӯдак ва муошират карданро надорад. Аммо ӯ уҳдадор аст, ки тибқи моддаи 71, қисми 2 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини фарзандаш алимент диҳад.

— Зиёда аз 10 сол инҷониб ман бо шавҳарам танҳо никоҳи динӣ дорему мехоҳем онро ба расмият дарорем. Шунидам, ки барои муддати тӯлонӣ ба расмият надаровардани ақди никоҳ ҷарима супорида мешавад. Магар ин рост аст?

Умеда Раҳимова,

н.Фархор

Ҷавоб:

—Никоҳ аз лаҳзаи дар мақомоти САҲШ барасмият даровардан, эътибори қонунӣ пайдо менамояд. Ба Шумо тавсия дода мешавад, ки барои ба расмият даровардани ақди никоҳ ва қонунӣ намудани он дар асоси розигии тарафайн ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳали зистатон бо ариза муроҷиат намоед. Қонунгузорӣ дар ин ҳолат ягон намуди ҷарима муқаррар накардааст.

—Ману шавҳарам дар хонаи иҷора зиндагӣ мекардем, вале соле қабл ӯ вафот кард ва ман бо се фарзанд ба хонаи падар баргаштам. Мехос­там фаҳмам, ки духтар то чӣ андоза метавонад меросхӯри падар бошад?

Файзигули Мурод,
н. А.Ҷомӣ

Ҷавоб:

— Дар қонунгузорӣ барои қабули мерос новобас­та аз он, ки фарзанд духтар аст ё писар, тартиби қабули мерос муқаррар шудааст. Дар асоси моддаи 1166 Кодекси граждании Ҷум­ҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал мероси қонуниро ба ҳиссаи баробар фарзандон (аз ҷумла фарзандхондшудагон), ҳамсар ва падару модар ва ҳамчунин кӯдакони шахси вафоткарда, ки баъди вафоти ӯ таваллуд шудаанд, мегиранд.

Бо мақсади бекор кардани ақди никоҳ ҳамсарам ба суд муроҷиат намудааст. Ман намехоҳам, ки ақди никоҳи мо бекор карда шавад. Дар суд имконияти ба созиш омадани мо вуҷуд дорад?

Гулчеҳра Бобоева,

н.Ҷ.Расулов

Ҷавоб:

— Суд имконияти ба созиш овардани оилаҳоро дорад, ҳангоми ба созиш овардан парванда қатъ карда мешавад. Дар сурати розӣ набудани зан ё шавҳар суд баҳри оштӣ додани тарафҳо тибқи моддаи 22 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқ дорад, ки баррасии парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар барои оштишавӣ то шаш моҳ муҳлат диҳад.

 

:.  Ҳуқуқ 27.12.2018 05:14 1235

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz