19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ХЕШТАНРО ХАЙР ХОҲӢ, ХАЙРХОҲИ ХАЛҚ БОШ

 

Исфара яке аз шаҳрҳои қадимаи кишвар буда, бо нигоҳдошти ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он шуҳрат дорад. Дорои табиати зебову дилфиреб ва меваҳои шаҳдрезу шакартам аст. Ва муҳимтар аз ҳама мардумаш фидокоранду ҳунарманду заҳматқарин яке аз онҳо бонуи фарзона, Руқия Аҳмадалиевна Ҳайдарова мебошад, ки 51 соли умри худро ба хизмати халқ бахшидааст.

РОҲ ТО САҲНАҲОИ БУЗУРГ

Расидан то бар ин зинаҳои баланд барои Руқиямо ба осонӣ муяссар нагардидааст. Дарсҳо ва насиҳатҳои устодон, ки ҳамавақт сармашқи фаъолияти ӯ буданд, пеши назараш меомаду содиқона фаъ­олияташро пеш мебурд. Ба иқрори худи ӯ: «Борҳо аз устодон мешунидем, ки таъкид ба таъкид мегуфтанд, кори судяҳо хеле серпаҳлу мебошад, дониши баланд ва масъулияти зиёдро тақозо мекунад. Аз ҷумла: баррасии парвандҳои судии оилавӣ, ҷиноятӣ, шаҳрвандӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ самти муҳими кори ӯ мебошанд». Ҳамин таҷрибаҳои омӯхтаашро Руқия ҳангоми ёрдамчии прокурори шаҳри Исфара буданаш ба инобат гирифта, ба шаҳрвандон мадад намуд. Чун номи ӯ байни мардум бонуи некманишу неккирдор матраҳ гардид, моҳи майи соли 1976 мавсуфро судяи суди шаҳри Исфара интихоб намуданд. Ҳангоми фаъолият дар ин вазифа шаҳрвандон бо масъалаҳои мубрами ҳаёт, аз қабили бекор намудани ақди никоҳ, рӯёндани алимент, маскун кардан дар манзили истиқоматӣ ва тақсимоти молу мулк муроҷиат менамуданд ва боварии комил дош­танд, ки ба таври одилона Руқия қазияашонро баррасӣ мекунад. Перомуни ин самти кораш гуфт: «Дар фаъолияти мо адолати судӣ ва таъмини ҳатмии он нақши асосӣ мебозад. Ва дар ин боргоҳ судя бояд бисёр сабр ва таҳаммул дошта бошад дар баробари дониши баланди ҳуқуқӣ, зеро инҷо шаҳрвандон марҳалаи ниҳоии умеди худро интизоранд. Ва як ҳукми ноодилонаи судя метавонад ояндаи шаҳрвандро тираву норӯшан намояд». Ӯ 51 соли умри худ­ро дар хизмати халқ сипарӣ намуд. Тӯли ин қадар соли фаъолият бо садҳо воқеаву рӯйдодҳо рӯ ба рӯ гардидааст. Аз ин рӯ, гаштаву баргашта таъкид мекунад, ки: «Вақте зав­лонаро дар дасти зан мебинам, талх­тарин рӯзи ман аст. Зеро зан шуълаафкану чароғи хонадон ва тарбиятгари насли башар бувад».

ДАР ХИЗМАТИ ХАЛҚ

Имрӯз Руқия Аҳмадалиев­на давлати пирӣ меронад. Дарсҳову таҷрибаҳои омӯхтаашро ба шогирдону завқмандон меомӯзад. Ва ҳамчун бонуи таблиғгари маърифат, маъракаороии сокинони шаҳраки Нафтобод аст. Ӯ собиқ ба ҳайси сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳраки Нафтобод дар татбиқи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саҳми арзанда дорад. Дар даҳ соли амали қонуни мазкур дар ҳудуди шаҳрак ҷашну маъракаҳо ба низоми муайян ворид гардида, мардуми ин минтақа на танҳо аз хароҷоти барзиёд даст кашиданд, балки бо риояи наз­му тартиби муқаррарӣ маърифати маъракаороиро дар ин нуқтаи маъмурӣ боло бурданд. Ҳарчанд ӯ имрӯз ба синни нафақа расида бошад ҳам, дар ҳама ҷашну чорабиниҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок мекунад. Бекор буда наметавонад, наздиконаш мегӯянд, ки рӯзе нест ҷое барои вохӯрӣ ва маслиҳат даъваташ накунанд. Худи ӯ мегӯяд: «Вақте ними умри инсон ба кор мегузарад, ҳатто дасту пойи одам ба кор одат мекунад. Шиштан дар хона бароям хеле вазнинӣ мекунад, ҳоло ки саломатӣ ҳасту хоҳиш барои ватани азизам хизмат мекунам». Ӯ то имрӯз шогирдони зиёдеро тарбия намуда, нозукиҳои пешаашро омӯзондааст. Аз ҷумла, суд­яи суди шаҳраки Истиқлол Илёсхон Икромов, судяи суди ноҳияи Ашт, Шоҳғуфрон Давронов, судяи суди шаҳри Хуҷанд, Мафтунахон Музаффарова ва даҳҳо шогирдонро дар ин мақом ба воя расондааст.

Руқия Аҳмадалиевна бо як ҷаҳон хушиву хушҳолӣ ва ифтихор гуфт: «Шукр, ки имрӯз кишвари орому осуда ва озод дорему бонувони мо метавонанд роҳи минбаъдаи ҳаёти худро интихоб намоянд. Соҳиби дониш шаванд, то дар оила ва ҳам дар фаъолияти худ муваффақ бошанд».

БУЗУРГМЕҲР,
шаҳри Исфара

 

:.  Ҳуқуқ 23.04.2018 10:38 1558

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz