Урсула фон дер Ляйен: дар Олмон се маротиба дар сохтори ба ҳайси вазир фаъолият намудааст. Нахуст, вазири масоили оила, баъдан, вазири меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоӣ, айни ҳол вазири дифоъи ин кишвари аврупоист. Вай фарзанди сиёсатмадор Эрнст Албрехт, собиқ сарвазири Саксонияи поён аст. Донишгоҳи тиббии шаҳри Ганноверро ба итмом расонида, рисолаи номзадиро ҳимоя намудааст. Шуруъ аз соли 2005 Ангела Меркел ӯро ба вазифаҳои номбурда пешбарӣ кардааст. Соли 2009 Ляйен ба намояндагии Парлумони кишвар интихоб гардида, ҳатто номзади асосӣ ба мақоми президенти кишвар маҳсуб меёфт. Ҳафт фарзандро тарбия менамояд.
Жанин Хеннис-Плассхарт: аз соли 2012 инҷониб вазири дифоъи Нидерландия мебошад. Соли 2004 ӯ ба ҳайси вакили Парлумони Аврупо интихоб гардида буд. Пас аз ду сол ҳукуматдорони Белорус ҳузури ӯро ба ҳайси мушоҳиди сиёсӣ дар интихоботи президентӣ рад карда, монеъи воридшавиаш ба кишвар гаштанд. Дар ҷавоб Жанин тафтишоти хешро дар ин маврид шуруъ кард. Ӯ аз номи қувваҳои мусаллаҳи Нидерландия аз се хонаводаи босниягиҳо маъзарат хост ва амалиёти сулҳофари Сребренитсаро шадидан интиқод намуд.
Ине Мари Эриксен Серэйде: шуруъ аз соли 2013 вазири дифоъи Норвегия аст. Соли 1995 масоили ҳуқуқро дар Донишгоҳи Тромсе аз бар намуда, баъди хатми он вазифаи раиси ҷавононро бар уҳда дошт ва баъди панҷ сол вакили Парлумони Норвегия интихоб гардид. Тӯли 4 сол ӯ роҳбари Кумитаи корҳои хориҷӣ ва дифоъ буд ва баъди ин ба ҳайси вазири дифоъ ба кор пардохт. Ине Мари қонун дар бораи манъи хизмати духтарон дар артиши Норвегияро бекор кард.
Роберта Пинотти: аз соли 2014 инҷониб вазири дифоъи Италиё мебошад. Ӯ ба арсаи сиёсат аз ҳокимияти таҳҷоии худидоракунӣ ба тариқи овоздиҳии партияи коммунистӣ раҳ ёфт. Соли 2001 аз 630 вакили палатаи поёнии Парлумон маҳз Пинотти ба ҳайси вазири дифоъ интихоб гардид ва талош кард, то Италиё ба Конвенсияи панҷуми Женева шомил шавад, ки истифодаи лавозимоти ҷангии фиттавиро мамнуъ пазируфтаанд.
Мария Долорес де Коспедал: вазири дифоъи Испаниё шуруъ аз соли 2016 мебошад. На танҳо вазири дифоъ, балки дуюмин шахси Ҳизби халқии испаниягист, ки дар Аврупо бузургтарин ҳизб ба ҳисоб меравад. Ихтисоси ҳуқуқро аз бар намуда, дар кишвари баскҳо ба ҳайси прокурор ва баъдан дар Суди аврупоӣ оид ба ҳуқуқи инсон ифои вазифа намудааст. Оғози соли 2017 Коспедал Вазорати мудофиаи Испаниёро дар суқути ҳавопаймои Як-42 айбдор донист, ки дар он 62 нафар ҳарбиёни Испаниё ва 13 сарнишинони он – шаҳрвандони Украина ва Белоруссия ба ҳалокат расиданд.
Томоми Инада: аз соли 2016 инҷониб вазири дифоъи Ҷопон аст, ки талоши худро то ба ин зинаҳо аз факултаи ҳуқуқшиносӣ шуруъ кардааст. Тӯли 20 сол ба ҳайси ёрдамчӣ дар суд ва чун адвокат фаъолият намуда, қарор дод, ки минбаъд ба арсаи сиёсат пой ниҳад. Томоми Инада ба палатаи намояндагони Ҷопон интихоб шуда, баъдан аз ҳизби либералӣ-демократӣ то ба зинаи ёвари котиби ҳизб расида, оид ба масоили дипломатия ва бехатарӣ ҳамраъйи сарвазири ин кишвар гардид.
Мими Кодели: алҳол вазири дифоъи Албания мебошад, ки шуруъ аз соли 2013 инҷониб ин вазифаро бар дӯш дорад. Ӯ факултаи иқтисодии донишгоҳи Тиранаро ба итмом расонида, дар донишгоҳи Верона сазовори унвони доктори илмҳои иқтисодӣ гардидааст. Ба арсаи сиёсат аз соли 2002 по ниҳода, пас аз вазири дифоъ таъин шудани ӯ шумораи занон дар артиш то 14 фисад афзудааст. Баъдан Кодели пешниҳод менамояд, ки ба зан-полковник рутбаи генералӣ дода шавад.
Мариз Пэйн: айни замон вазири дифоъи Австралия мебошад, ки фаъолияти хешро дар ин самт аз соли 2015 шуруъ намудааст. Ӯ аввалин зан – президенти Ҳаракати либералии ҷавонон дар охири солҳои 80-ум интихоб гардидааст. Соли 1997 тасодуфан ба сенат шомил шуда, ҳамчун вазири рушди мардуми таҳҷоӣ, вазири Шӯрои ҳокимияти Австралия, сипас вазири сохтмони манзил ифои вазифа намудааст.
Марина Пендеш: аз соли 2015 инҷониб вазири дифоъи Босния ва Гертсеговина мебошад. Вай дар шаҳри мусалмонони Травник таваллуд шуда, донишгоҳи шаҳри Загребро бо ихтисоси муҳандиси барқ хатм намудааст. Фаъолияти кории хешро ба ҳайси лоиҳакаш дар заводи ҳарбии зодгоҳаш оғоз карда, айёми даргириҳои ҷанги Босния дар хадамоти кашшофии ҳарбии шӯрои мудофиаи Хорватия хизмат намудааст. Тӯли як сол ба симмати вазири танзим ва 11 соли минбаъд ҳамчун ёвари вазири дифоъ ифои вазифа кардааст.
Носививе Маписа-Нкакула: шуруъ аз соли 2012 вазири дифоъи Африқои ҷанубист. Қабл аз ин, ӯ ба ҳайси вазири корҳои дохилӣ ва роҳбари муассисаҳои ислоҳотӣ фаъолият кардааст. Соли 1984 Маписа Нкакула омодагии ҳарбиро дар Ангола ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гузаштааст. Баъди бозгашт ӯ котиби генералии Лигаи занони Конгресси миллии Африқо таъин мегардад ва масоили нажодпарастӣ ва маҳалгароиро маҳкум карда, мансубияти динии шаҳрвандонро озод эълон медорад.
С.Ашӯрова