Посух. Бале, дар ин маврид тибқи талаботи моддаи 86 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, метавон ба суд бо аризаи даъво оид ба рӯёндани алимент муроҷиат намуд. Суд метавонад барои фарзандони ба синни балоғатрасида, ки донишҷӯи бахши таҳсили рӯзонаи муассисаҳои таълимии давлатии таълимоти миёна ва олӣ мебошанд, мутаносибан то ба синни бистучорсолагӣ расиданашон аз волидон алимент ситонад. Андозаи алимент ҳар моҳ бо пули устувор ситондашаванда аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддии оилавӣ ва манфиати қобили таваҷҷуҳи тарафҳо муайян карда мешавад.
Савол. Дар асоси ҳалномаи судӣ барои ду фарзанди ноболиғам алимент ба маблағи 100 сомонӣ барои ҳар як нафар,ҷамъ 200 сомонӣ алимент таъйин карда шудааст. Имрӯз бинобар баланд шудани нарху наво ва зиёд гардидани талаботи фарзандон ба ҷиҳози мактабӣ маблағи алименти таъйиншуда барои таъминоти фарзандонам кифоят намекунад. Оё ман имкони дуюмбора ба суд барои гирифтани алимент муроҷиат кардан дорам, то ки маблағи алимент ба зиндагии кӯдаконам кифоя бошад?
Раҷабмоҳ, ноҳияи Рӯдакӣ.
Посух. Ҳангоми набудани созишномаи тарафҳо оид ба пардохти алимент, баъди тибқи тартиби судӣ муқаррар намудани андозаи алимент, вазъи моддӣ ва оилавии алиментдиҳанда ё алиментгиранда тағйир ёфта бошад, суд ҳуқуқ дорад, бо талаби ҳар яки онҳо андозаи муқарраргардидаи алиментро тағйир диҳад, ки ин ҳолат дар моддаи 120 Кодекси оилаи ҶТ дарҷ гардидааст.
Савол. Бо корафтода шудан ба суди ноҳия бо ибораи аҳдномаи никоҳ ошно шудам. Ин чӣ ҳуҷҷат аст, ки то имрӯз ба маънии он на ҳама сарфаҳм меравад? Оё бастани аҳдномаи никоҳ ҳатмӣ мебошад?
Сурайё, ноҳияи Шаҳринав.
Посух. Аҳдномаи никоҳ созишномаи байни зану шавҳар аст, ки ҳуқуқ ва уҳдадории амволии онҳоро дар давраи никоҳ ва дар давраи бекор гардидани никоҳ муайян менамояд ва ихтиёрӣ мебошад. Зану шавҳаре, ки дар асоси никоҳи ғайрирасмӣ зиндагонӣ менамоянд, аҳдномаи никоҳ баста наметавонанд. Мувофиқи моддаи 41 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳдномаи никоҳро метавон пеш аз бастани никоҳи расмӣ ва дар давраи никоҳ тасдиқ намуд. Аҳдномаи никоҳ аз рӯзи бақайдгирии ақди никоҳ дар мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ эътибор пайдо мекунад.
Савол. Шавҳарам маро бо ду кӯдаки ноболиғам партофта, се сол боз ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Русия рафтааст ва дар ин муддат ягон маротиба ба фарзандонаш кумак накардааст. Оё ман дар набудани шавҳарам метавонам, ки ба суд барои рӯёндани алимент муроҷиат кунам?
Фарзона, ноҳияи Ёвон.
Посух. Чаро не? Тибқи моддаи 122 КМГ ҶТ суд вазифадор аст, ки ҳангоми рӯёндани алимент дар бораи дарёфт намудани ҷавобгар таъйинот оид ба кофтуков қабул намояд.
Агар шавҳар дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда ва ба фарзандони худ кумак накунад, зан метавонад, дар набудани ӯ ба суд барои рӯёндани алимент барои таъминоти фарзандони ноболиғаш муроҷиат намояд. Ҳозир набудани шавҳар, яъне ҷавобгар, асоси рад намудани аризаи даъво шуда наметавонад. Баъди як моҳи баромадани таъйинот суд метавонад бо розигии даъвогар парвандаро дар ғоиби ҷавобгар дида баромада, қарори зарурӣ қабул намояд.