Суол:
Дар ҳолати гирифтор шудан ба хушунати хонаводагӣ занон ба куҷо бояд муроҷиат кунанд?
Таманно, н. Рӯдакӣ
Посух: Нафаре, ки таҳти зӯроварӣ қарор дорад, метавонад бо аризаи шикоятӣ нисбати шахси зӯроварӣ содирнамуда ба намояндаи мақомоти корҳои дохилаи дар маҳали зисташбуда муроҷиат кунад. Утоқҳои махсусе низ дар прокуратураҳои шаҳру навоҳӣ мавҷуданд, ки мутахассисон нисбати нафарони ҷабрдида аз хушунати хонаводагӣ чораҳо мебинанд.
Суол:
Бо расман ҷудо шудани зану шавҳар тақсимоти амвол чӣ гуна сурат мегирад? Оё зан имтиёзи бештар дар соҳиб шудани амвол дорад ё не?
Мунира, н. Мастчоҳ
Посух: Дар асоси моддаи 34, банди 1 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон молу мулке, ки зану шавҳар дар давраи заношӯӣ ҷамъ кардаанд, моликияти муштараки онҳо мебошад. Пас аз ҳам ҷудо шудани зану шавҳар тариқи расмӣ қонунгузор манзили истиқоматиро бо назардошти фарзандони ноболиғ тақсим менамояд. Дар ин маврид ҳуқуқи он нафаре зиёдтар аст, ки фарзандони ноболиғ дар тарбияи кадоме монда бошад. Инчунин қонунгузор ҳиссаи зан ё шавҳар бо ба инобат гирифтани корношоямии яке аз онҳо ба эътибор гирифтааст. Дар дигар маврид ҷиҳоз, ҷавоҳирот ё дигар молу ашё бо назардошти арзишашон баробар тақсим карда мешаванд, яъне дар назди қонун ҳама баробар аст. Дар ҳолати набудани фарзандони ноболиғ молу амвол баробар тақсим карда мешавад. Мувофиқи моддаи 39.1 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми тақсими амволе, ки дар моликияти муштараки зану шавҳар мебошад ва муайян намудани ҳиссаи зану шавҳар дар ин амал ҳиссаи онҳо баробар дониста мешавад, агар дар аҳдномаи байни онҳо тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад. Дар асоси аҳдномаи никоҳ дар тақсими молу амвол баҳси судӣ ба амал намеояд, зеро ҳуқуқҳои зану шавҳар дар аҳдномаи никоҳ дарҷ шуда, тариқи нотариалӣ тасдиқ гардидааст.
Суол:
Баъди бекор гардидани ақди никоҳ кадом амволи зан ё мард тақсим карда намешавад?
Моҳира, н. Восеъ
Посух: Манзили истиқоматии то бастани ақди никоҳ харидашуда ё хонаи туҳфашуда ё меросшуда баъди бекор кардани ақди никоҳ тақсим карда намешавад.
Суол:
Баъди баромадани ҳалномаи суд оиди рӯёндани алимент нафароне ҳастанд, ки алимент барои фарзандон намегиранд. Дар ин ҳолат чӣ бояд кард?
Иқболбӣ, ш. Қӯрғонтеппа
Посух: Бале, воқеан чунин ҳолатҳоро вохӯрдан мумкин аст, ки бо сабаби ҷойи кор надоштан ё маблағи муайян аз пардохти алимент зан ё шавҳар саркашӣ мекунад. Мутаассифона, шаҳрвандоне ҳастанд, ки аз надонистани ҳуқуқҳояшон 6–8 моҳ алимент барои фарзандон нагирифтаанд. Аслан дар асоси уҳдадориҳои вазифавӣ иҷрочии суд масъул аст, ки иҷроиши ҳалномаи судиро назорат барад, вале дар сурати бетарафии иҷрочии суд бояд гуфт, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи назорати иҷроиши ҳалномаҳои судӣ амал мекунад ва бевосита шаҳрвандон ба ин шуъба тариқи хаттӣ муроҷиат намоянд. Дар сурати напардохтани алимент қонунгузор бо маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати 6 моҳро татбиқ менамояд.
Телефон барои тамос: 238-55-68