Равзанаи ошноӣ:
Мафтуна Раҳматиллозода 27 ноябри соли 1975 дар шаҳри Исфара ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи бизнес, ҳуқуқ ва сиёсати шаҳри Хуҷанд мебошад. Аз соли 1999 фаъолияташро аз котибии маҷлиси судии шаҳри Исфара оғоз намуда, дар вазифаҳои иҷрочии суди шаҳри Исфара, судяи суди шаҳри Исфара, судяи суди ноҳияи Сино ва аз соли 2013 ба ҳайси муовини раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолият кардааст. Феълан, судяи суди вилояти Суғд мебошад.
Оиладор. Соҳиби се фарзанд: Муҳиддинхоҷа, Сабрина ва Салмон.
- То расидан ба зинаи номзадӣ ба вазифаи судя чӣ мушкилӣ пешорӯятон буд?
- Воқеан, барои судя шудан бояд зинаҳои муайянро гузашт, то таҷриба биомӯзӣ, озмуда бошию варзида. Синну сол, таҳсилоти олии ҳуқуқӣ ва собиқаи корӣ ҳам дар ҷода моҳияти вижа доранд. Маҳорату малакаи касбӣ ва таҷрибаю дониши мукаммалро маҳз дар гузашти ин давраҳо судя метавонад омӯзад. Сипас, он эҳсосоти ҳангоми супурдани имтиҳонҳо дар назди аъзои комиссияи имтиҳонӣ, ки аслан судяҳои ботаҷрибаю корозмуда ва устодони варзидаи соҳаи ҳуқуқ онро роҳбаладанд, ҳанӯз вуҷуди маро тарк накардааст. Комёб шудан дар ин имтиҳон низ осон набуд…
- Дар оғози фаъолият роҳнамои Шумо кӣ буд?
- Вақте қадамҳои аввалин дар ин ҷода ниҳодам, Ғайрат Сангинов, ки феълан раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мебошанд, раҳкушоям шуданд. Сари ҳар мушкилоти корӣ аз он кас маслиҳат мепурсидам. Баъдан ба ҳайси котиби маҷлиси суд ва иҷрочии суд муддате кор кардам ва то ҷое малакаи касбӣ ҳосил намудам. Вале бо таъйин шудан ба вазифаи судя ва баррасии парвандаи нахустин ҳис намудам, ки ҳанӯз ҳам донишҷӯ ҳастам ва ба дастгирии ҳамкасбону устодони соҳаи ҳуқуқ ниёзмандам. Ба худ қарор кардам: «Бояд бештар омӯзам ва аз таҷрибаи ҳуқуқдонҳои варзида зиёдтар бархӯрдор бошам». Ҳамчунин, хушдоманам Руқия Ҳайдарова, ки собиқадори ин ниҳод ҳастанд, бешак, ёриашон дар самти пешбурди корам бетаъсир намемонад. Машварату маслиҳаташонро дар баррасӣ намудани ҳар як парванда истифода мекунам.
- Баррасии нахустин парвандаатонро дар ёд доред? Он чӣ гуна сурат гирифта буд?
- Чаро фаромӯш кунам? Ёд дорам, ки парвандаи аввалини баррасинамудаам дар асоси моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Хеле заҳмат кашидам, то ба анҷом расидани он парвандаи ҷиноятӣ. Шабро то рӯз бедор ҳам ба сар бурдам. Ниҳоят замоне фаро расид, ки дар толори суд ҳукмро эълон намоям. Ҷинояткор ҷазо гирифт… Парвандаи мазкурро барои дида баромадан ба ман устод Ғайрат Сангинов вобаста карда буданд. Ниҳоят, аз устод пурсон шудам, то парвандаро иваз намоянд, яъне парвандаеро барои баррасӣ ба ман диҳанд, ки дастикам дар асоси моддаи номбурда набошад. Ғайрат Сангинов ба ман гуфтанд: «Не, духтарам, бояд ту корро аз ҳамин парванда оғоз кунӣ. Агар не, ба муҳокимаи парвандаҳои «сабук» одат мекунӣ ва дар ҷодаат муваффақ намешавӣ. Ту дар толори суд судя ҳастӣ. Ҳаёти як нафар ба маҳорати касбӣ ва донишу заковати судя вобаста аст. Ҳангоми баррасии парванда ва баровардани ҳукм зан буданат бояд сарфи назар шавад, зеро пушти дари толори суд даҳҳо нафар интизори ҳукми одилонаи судя мебошанд». Ин насиҳату маслиҳати устод то ҳанӯз дар гӯшам садо медиҳанд ва кӯшиш мекунам, то тақдири шахсеро насӯзонам.
- Баррасии кадом парванда барои Шумо мушкил аст?
- Гуфта наметавонам, ки баррасии парвандаҳои ба суд ирсолшаванда осонанд, бахусус, масъалаҳои марбут ба ҷудошавии оила ва ҷинояткории зан бо ҷурми қаллобӣ ва дуздӣ. Дар дида баромадани ин гуна парвандаҳо аз ду ҷониб фишори рӯҳӣ маро азият медиҳад. Як тараф кӯдакони зиндаятими модари ҷинояткор, ки бо чашмони маъюсу нигарон ва бепуштупаноҳ дур аз муҳити оила мемонанд, аз сӯи дигар, зан паси панҷара рӯзу солҳои умри азизу ширини минбаъдаашро мешуморад. Кӯдак ва модар, ки ин ду танро офарандаи ояндаи ҷомеаи солим ном мебарем ва фардҳои асосӣ дар нумӯи баъдинаи миллат маҳсуб меёбанд, мутаассифона, гоҳе аз беэҳтиётӣ даст ба ҷиноят мезананд. Дар назди қонун ҳама баробаранд ва ҷиноятпеша бояд ҷазо гирад.
- Судя бояд дорои кадом сифатҳо бошад?
- Ҷасорат ва нотарсӣ, масъулиятшинос ва худогоҳ буданро бояд чун сифатҳои хос судя дар вуҷудаш ҷо карда бошад, зеро одилона эълон шудани ҳукм ба ҳамин хислатҳои ӯ иртибот дорад.
- Дар собиқаи кориатон ба ҳайси судя ҳолате буд, ки шаҳрвандон аз ҳукми баровардаатон норозӣ бошанд?
- Хушбахтона, не, чунин ҳолатҳо набуданд ва кӯшиш мекунам, то тамоми донишу маҳорати касбиамро ба харҷ дода, ҳақро ба ҳақдор расонам. Яъне, мехоҳам ҳукм одилона бошад. Мушкилоти ҷомеа мушкилии судя аст. Ба ҳам овардани як оилае, ки дар вартаи пошхӯрист ё муноқишаҳои байни хешутабориро мисол меорем. Шояд ба мувофиқа наовардани онҳо аз ҷониби судя, ки бо аризаи даъво ба суд муроҷиат намудаанд, ҷиноятҳои вазнинеро ба миён орад. Ба ҳам овардани оилаи дар ҳоли вайроншавӣ ё ду нафаре, ки бо ҳам кинаю хусумат доранду омодаи содир намудани ҷиноятанд, давраи мушкилест барои судя ва аз ӯ маҳорати баланди касбиро тақозо мекунад.
- Асосан шаҳрвандон бештар бо кадом баҳсҳо ба Шумо муроҷиат мекунанд?
- Агар аз рӯи маълумоти оморӣ гӯем, бештар барои бекор кардани ақди никоҳ шаҳрвандон ба суд муроҷиат мекунанд. Ман ин масъаларо дар давраи дар суди ноҳияи Сино кор кардан дарк карда будам.
- Шаҳрвандон барои ҳимояи худ дар пешбурди кори парванда ба судя ёрӣ мерасонанд?
- Бале, агар босавод бошанд. Солҳои охир сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон то ҷое боло рафтааст ва барои ҳимояи ҳуқуқашон талош меварзанд.
- Судя метавонад дар доираи касбаш муваффақ шавад?
- Агар интихоби касб барояш сидқан бошад, комгор меояд ӯ. Бо тавсияи касеву бо хоҳиши волидайн ё нафаре наметавон на танҳо дар ҷодаи мазкур, балки дар дигар соҳа муваффақ шуд. Баъдан, адолатпарварӣ судяро дар байни мардум соҳибэҳтиром ва иззатманд мекунад.
- Ба онҳое, ки ҳанӯз дар остонаи донишандӯзӣ ва интихоби ҷода ҳастанд, яъне манзурам судя шудан мехоҳанд, Шумо чӣ тавсия медиҳед?
- Интихоби касб барои ман тасодуфӣ набуд. Аз хурдӣ мехостам чун бархе аз ҷавонон, ки имрӯз орзупарваранд, ман ҳам судя бошам, агарчи дар бобати ин ҷода маълумоте надоштам. Намедонистам рисолати судя аз чӣ иборат аст ва танҳо ҳамин вожаи «судя» - ро медонистаму бас. Хушбахтона, бо тараққӣ ва инкишоф ёфтани илму техника ва пешрафти замона шояд нафареро пайдо нахоҳем кард, ки аз мафҳум ва вазифаҳои соҳаҳои гуногун бехабар бошанд. Махсусан, дар ҳоле, ки имрӯз судя, умуман, ниҳоди ҳуқуқ дар ҷомеаи кунунӣ яке аз мақомоти бонуфуз маҳсуб меёбад ва ашхоси зиёд орзуи дар ин бахш фаъолият намуданро доранд. Албатта, инсон наметавонад дар доираи омӯзиш тамоми чизро аз бар намояд, вале хондан, аз таҷрибаи ҳамдигар баҳравар шудан, такрор намудан ва аз маслиҳату машварати корозмудаҳо кор гирифтан барои муваффақ шудан ба ҳайси як нафар судя ба фоидаи кор мебошад.
- Ташаккур барои суҳбат!
Қутбияи Неъматулло