Ишора: Муҳаббат Саидзода Шералӣ.
Хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дар соли 1986.
Соли 1996 судяи суди вилояти Хатлон, 1998 судяи суди шаҳри Кӯлоб, соли 2003 судяи суди ноҳияи Фирдавсӣ. Аз соли 2010 судяи суди шаҳри Душанбе, аз соли 2012 раиси суди ноҳияи Шаҳринав, дорандаи медали «Хизмати шоиста».
Модари 3 фарзанд.
Аммо айни ҳол хостам атрофи фаъолияти ӯ ва ҳамчунин вазъи рӯзгори бонувони ин ноҳия мусоҳибае анҷом бидиҳам.
Муҳаббатбону бо як нигаҳ маро дарк мекунаду хеле самимӣ ва бо меҳр аз рӯзгори мардуми Шаҳринав, ба вижа аз зиндагии занон, суҳбатро оғоз менамояд:
- Мардуми Шаҳринав хеле фарҳангиву бо иззату бо эҳтиром ҳастанд. Соли панҷум аст, ки дар ин ноҳия кор мекунам ва ҳамеша меҳрубониашонро эҳсос намудаам. Бо ҳам эҳтироми хоса доранд. Ҳамдигарро ҳеҷ гоҳ дар рӯзи мушкил танҳо намегузоранд.
Воқеан ман ваҳдатро дар кору гуфтору кирдори ин мардум дарёфтам ва эҳсос намудам, ки дар ин ноҳия як фазои озодаву муҳити хуби иҷтимоӣ дуруст шудааст, ки волотар аз инсон арзише набувад, яъне бояд гуфт, ки сарфи назар аз мушкилоти рӯзгор ба ҳар сурат зиндагии шоиста доранд, ки саршори ваҳдату меҳрубонист. Занони ноҳия – бонувони ҳунарманду хирадпешаанд, ки дар доман беҳтарин фарзандонро ба воя мерасонанд. Мусаллам аст, ки хушбахт он зумра занонеанд, ки дар ҷодаи пур аз ҷунбишу ҷӯшишу такопӯйӣ канори ҷуфти хешанд ва рӯзгорашон лабрези нишоту саодат аст.
-Муҳаббатбону, дар хусуси он ки сол аз сол шумораи талоқ дар кишвар меафзояд, дар ноҳия марбут ба ин мавзӯъ вазъ чӣ гуна аст?
-Бале, бовар кунед, дар Шаҳринав шумораи талоқ дар қиёси дигар мавзеъҳои ҷумҳурӣ камтар аст, зеро хешу табор аз ду тараф кӯшиш мекунанд, то сари роҳи ҷудошавиро бигиранд. Аз ин лиҳоз мо, кормандони мақомоти судӣ, ҳамеша бо мардум вохӯрӣ гузаронда, ба онҳо аз волоияти қонунҳои қабулшуда суҳбат меороем. Тавассути телевизион ва радиои маҳаллӣ пайваста дар мавзӯи «Оила - асоси пойдории давлат» ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз бо шунавандагон саволу ҷавоб мекунем. Бештар суҳбатамон дар атрофи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, дарки масъулияту уҳдадорӣ дар тарбияи фарзандони солеҳ, танзими таваллуд, бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон, ҳамчунин ҳалли муаммоҳои манзилӣ сурат мегиранд. Зиндагӣ тақозо мекунад, ки ҷавонон баҳри оилаи мустаҳкам, фарзандони солим ва ояндаи генофонди миллат зарурати муоинаи тиббиро дарк намоянд, аз никоҳи хешутаборӣ дур бишаванд ва падару модарро лозим аст, ки пуштвонаи ҷавонон бошанд, то соҳиби касбу кор шуда, дастнигари волидони худ нагарданд.
Хеле хушҳолам, ки бонувони ноҳия ҳамеша серкору сертараддуданд, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ машғуланд, яъне имрӯз соҳиби ҷойи коранд. Ҳамчунин дар Ҷамоати деҳоти Чуст фермаи ширӣ фаъолият дорад, ки занон дар он ҷо ба кор фаро гирифта шудаанд. Чун соли 1917-ро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли ҷавонон» эълом доштанд, ба ин муносибат дар дили ноҳия «Маркази ҷавонон» дари худро ба рӯйи ҷавонписарону ҷавондухтарон боз намуд, ки дар ин даргоҳ курсҳои бозомӯзӣ амал мекунанд, духтарон ройгон ҳунари адрасу атласбофиро меомӯзанд, яъне онҳо дар ин ҷо соҳиби ҳунар шуда, сипас метавонанд соҳиби шуғл шаванд.
-Нуқтаи охирини ҳар як парвандаро суд мегузорад, аммо ба гумонам на ҳама вақт ин ниҳод метавонад, ҳукми одилона барорад. Дар ин самт чӣ бояд кард, то волоияти адолати судӣ таъмин шавад?
- Дар мақомоти судӣ фаъолият кардан сахт мушкилу масъулиятнок аст. Ҳар лаҳза фикр мекунед, ки чӣ бояд кард, то ягон ноадолатӣ рух надиҳад. Ва хуб медонам, судя бояд аз се чиз бархӯрдор бошад: фарҳанги муошират, таҳаммулпазирӣ ва ниҳоят аз илми равоншиносӣ, то битавонад тақдири инсонро дар баҳсҳои судӣ одилона ҳаллу фасл намояд. Судя бояд на ба эҳсос, балки ба ақл ва муқаррароти қонун такя занад. Ва ҳам ҳунари бо судшаванда муоширати хуб карданро ҳамеша дар зеҳнаш нигоҳ дорад, зеро сухани ширин ба гуфте «морро аз хонааш берун меоварад».
Баҳси судие ба ёдам мерасад, ки зане хонаашро воқеан фурӯхта буд, аммо дар мурофиаи судӣ инкор мекард. Вале ман эҳсос мекардам, росташро намегӯяд, аз ин рӯ кӯшиш ба харҷ додам то танҳо бо роҳи муоширати хуб дили ӯро дарёбаму ҳақиқатро рӯйи об оварам. Ҳамин тавр бо он зан тарзе суҳбат оростам, ки ба кирдораш иқрор шуд…
- Эҳсос мекунам, ки шумо дар оилаи воқеан зиёӣ тарбият гирифтаед, ки андешаҳои созандаву зебову густурда доред. Пиромуни рӯзгори волидони худ чӣ назар доред?
- Падарам марди хушсухану хушқареҳа буданд, ки аслан ҳар чизи хуберо ёд гирифтаам, аз хизмати ӯст. Ду таҳсилоти олӣ доштанд: ҳам ҳуқуқшинос буданду ҳам филолог. Ишқу имонаш ба зиндагӣ бекарона буд. Ман ҳаргиз наметавонам сифоти падари бузургворамро, ки оинномаи ҳастияш пок зистан, кори савоб кардан ва ҳарфи савоб гуфтан буд, бо чанд ҷумлае ба интиҳо бирасонам, баъзан мехоҳам, китобе ба ёдашон бинависам…
Модарам низ табиби ба истилоҳ занона буданд ва ҳамеша дасти ёриашон ба ин қишри ҷомеа мерасид, барои фарзандонашон шароити хуб фароҳам оварданд, ки ҳамаи мо соҳиби касбу корем.
- Кадом аз занони машҳурро меписандед ва идеали худ меҳисобед?
- Аслан кулли занони бомаърифату покдоману покандешро эҳтиром мегузорам. Бошад, ки занон ҳамеша бо донишу ахлоқи ҳамида, меҳру муҳаббат ва гуфтору рафтори хуб дар дили ҷомеа тухми некукорӣ бикоранд, то зиндагӣ зеботар бошад.
Зан бояд рисолати зан буданашро дар ҷойе, ки кор накунад, бояд ба сомон оварад. Ва орзу мекунам, ки занони Тоҷикистони азиз низ ҳамеша матлубу маҳбубу азиз бошанд, ҳуқуқи худро бидонанд ва нагузоранд, ки касе дар роҳи онҳо душворие эҷод кунад.
Бо Муҳаббат Саидзода хайру хуш мекунаму чашмам ба байте меафтад, ки пушти дари дафтари кориаш сабт шудааст:
Довариро шеваи ҳаққу адолат гуфтаанд,
Ҳукми ноҳақ пеши мардум қадри довар бишканад.
Олӣ…
Ш. АҲТАМЗОД