– Вақте ӯ бовиқор ва салобати ба худ хосааш аз дарвозаи бинои суди ноҳияи Данғара медаромад, ман дергоҳ аз қафояш бо ҳавас менигаристам. Дар чанд лаҳзае, ки ӯ вориди коргоҳаш мешуд, садҳо хаёлоти кӯдакона дар сарам чарх мезаданд. Дар симои ин зан худамро медидам. Ман на он Сабоҳати хурдакаки мактабрав будам, балки мисли ӯ бонуе будам дар либоси низомӣ, ки дигарон бо ҳавас тамошоям мекарданд. Ин бону яке аз генералзанҳои ҷумҳурӣ Саодат Амиршоева буданд, – мегӯяд Сабоҳат Достиева.
Воқеан, орзую ҳавасҳост, ки инсонро барои интихоби ин ё он касб талқин мекунанд. Сабоҳатро низ ба мақомоти ҳуқуқ ана ҳамин шавқу орзую ҳавасҳо овард, гарчанде то расидан ба аҳдофаш пешпохӯрӣ дошту мушкилҳо, вале чун иродаю азм раҳбараш буд, ҳама паси сар шуданд.
Замони донишҷӯияш ба соли 1991 рост омад. Солҳое, ки бар асари муноқишаҳои дохилӣ вазъ чандон ором набуд, аз ин лиҳоз аксар волидон ба таҳсили духтарон муқобил меомаданд. Сабоҳат низ аз ин масъала истисно набуд. Иқдоми давом додани таҳсилро орзу дошт, вале ҷуръати ифшои ин роз пеши волидонаш намекард. Падараш Ғулом Достиев, ки зиёӣ буд, намехост духтараш аз таҳсил дур монад. Таваккул карду хоҳиши Сабоҳатро пазируфт. Ӯро барои омода кардани ҳуҷҷатҳояш тавсия дод. Сабоҳат ба факултаи филологияи Донишкадаи давлатии шаҳри Кӯлоб ҳуҷҷат супурд. Давраи тиллоии донишҷӯӣ ҳам гузашт…
– Аз рӯи ихтисос бояд муаллима шуда кор мекардам, вале бароям муяссар нашуд, ки фаъолиятамро ба ҳайси омӯзгор оғоз кунам. Мурғи хаёлам сӯи ҳамон орзуҳои кӯдакӣ бол мекушод. Ба азму иродаи хеш бовар доштам ва талош менамудам, ки дар пайи амалӣ шудани ҳадафҳоям бошам. Бо пофишориҳо дар назди худ корро аз мақомоти прокуратураи ноҳияи Сино ба ҳайси котиба - коргузор оғоз кардам, – мегӯяд Сабоҳат Достиева, сарнозири шуъбаи ҷобаҷогузории кадрҳои Раёсати кадрҳои Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ таъсис ёфт ва барои дарёфти ҷойҳои нави корӣ озмун эълон кард. Аз он ки дар асоси шартҳои озмун мутахассисони иқтисоддон, ҳуқуқшинос ва педагог имкони ширкат доштанд, Сабоҳат фурсатро ғанимат дониста, ҳуҷҷатҳояшро барои ишғоли вазифа дар ин сохтор пешниҳод намуд. Ғолиб баромад. Азбаски таҳсилоти ҳуқуқӣ надошт, натавонист, ки дар мақомоти ҳуқуқ дар вазифаҳои гуногун фаъолият кунад. Пас, дуюмбора дарёфти таҳсилоти олиро тасмим гирифт. Ба факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2007 шомил шуд. Феълан ӯ дар Раёсати кадрҳои муассисаи мазкур ифои вазифа дорад.
„Бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа роҳбарияти агентӣ кӯшиш дорад, то бонувонро ба вазифаҳои роҳбарӣ бештар ҷалб созад. Айни ҳол 22 бону дар агентӣ фаъолият дорад, ки аз ин ду нафар ба ҳайси роҳбар. Мутаассифона, дар озмунҳое, ки агентӣ сари чанд вақт барои ишғоли ҷойҳои холӣ эълон медорад, ширкати бонувон кам ба назар мерасад. Шояд аксар дар андешае бошанд, ки дар вазифаҳои ҳифзи ҳуқуқ бо роҳи восита доштан, яъне бо „тағобозӣ“ ба кор қабул мекунанд. Агар ин тавр бошад, онҳо иштибоҳ менамоянд, зеро барои сохтор танҳо мутахассиси донишманду ботаҷриба ва поквиҷдону соҳибиродаю арзанда зурур аст“,– мегӯяд майори адлия Сабоҳат Достиева.
Суҳбати мо бо ӯ дар охир роҷеъ ба мавзӯи оила ва тарбияи фарзандон сурат гирифт. Аз ӯ пурсидам: „Оё дар оила коррупсия вуҷуд дошта метавонад?“. Ӯ мегӯяд:
– Ҳама амали хубу бад аз оила сарчашма мегирад ва баъдан дар ҷомеа реша давонда, афзоиш меёбад. Коррупсия ҳам омили номатлубест, ки қишри ҷомеаро фаро гирифтааст ва заминаи он аз чӣ гуна тарбия ёфтани фард дар оила маншаъ мегирад. Аз маълумоте, ки ҳар лаҳза тавассути расонаҳо огаҳ мешавем, на т???? анҳо дар давлатҳои ақибмонда коррупсия арзи ҳастӣ дорад, инчунин дар кишварҳои рушдкарда ҳам фасодкорӣ маъмул аст.
Ӯ лаҳзае андешамандона хомӯш мемонад ва ёд аз замони хонаи падарӣ мекунад:
– Модарам барои китоб хондану шеъре аз ёд кардан, инъоме ваъда намекард. Қатъиян хоҳиш менамуд, то дарсҳоро бештар биомӯзем. Мутаассифона, имрӯз дар оила барои як амали некро анҷом додани фарзанд, чӣ қадар молу анво ба кӯдак ваъда медиҳанд. Воқеан, мусаллам аст, ки мо, волидон, ба хотири фароҳам овардани шароити хуб барои фарзандон доимо дар талошем, вале гуфтаи бузургонро набояд фаромӯш кард: „Фарзанд азиз, одобаш аз ӯ азизтар“. Фикр мекунам, ки яке аз нишонаҳои фасод дар оила ба кӯдак ба ивази иҷро кардани коре ваъдаи инъом намудан мебошад. Сухани хубу аҳсан хондан, воситаи беҳтаринест барои тарғиби кӯдак ба ин ё он амале. Агар кӯдак аз рӯзи аввал дар иҷрои амалҳояш масъулият доштанро эҳсос созад, дар оянда дар ҷомеае, ки фаъолият менамояду зиндагӣ мекунад, масъулиятмандиро дар мадди аввал мегузорад. Ӯ бояд ба корафтода бо нигоҳи тамаъ назар надӯзад, баръакс чун як шахсе, ки барои иҷрои вазифааш масъул аст, бархӯрд намояд. Аз ин хотир, қаблан оиларо аз коррупсия бояд эмин дошт.
Қутбия