Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид моҳи октябри соли равон дар палатаи поёнии парлумони кишвар баромад карда аз боби бақайдгирии кӯдакони ятиму бепарастор маълумоти дақиқ дод. Тибқи ин маълумот то имрӯз дар кишвар зиёда аз 46,2 ҳазор кӯдакони бепарастор ва аз онҳо бештар аз 2 ҳазорашон ятими кул ҳастанд. Тибқи омори расмӣ имрӯз зиёда аз 1,7 ҳазор шаҳрвандон барои ба фарзандӣ гирифтани қӯдакони ятим дар навбат истодаанд. Муддати 5 соли охир дар кишвар наздики 4 ҳазор кӯдаконро оилаҳои дигар ба фарзандӣ қабул карданд. Дар се соли охир мақомоти судии ҷумҳурӣ барои фарзандхон кардани кӯдакони ятим ба 88 шаҳрванди кишвар ёрӣ доданд. Ҳамзамон 4 қаблан оид ба фарзандхонӣ бекор карда шуд. Тағйиротҳои воридшуда ба қонунҳо имкон фароҳам оварданд, ки ҳангоми дида баромадани парвандаҳои фарзандхонӣ, оилаҳои фарзандхонкарда аз пардохти аксисҳои давлатӣ озод шаванд. Гузашта аз ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи фарзандхонӣ ва содда намудани ҷараёни ин амали хайрро хеле ҷиддӣ ба миён гузошта буданд. Сарвари давлат қайд карда буданд, ки ҳазорон нафар кӯдакони бепарастору ятим дар хонаҳои кӯдакон ба тарбия ва парасторӣ қарор доранд. Кӣ гунаҳгор аст, ки сарнавишти ин зумраи кӯдакон чунин шудааст? Албатта, ҳама айбдоранд ва ба хусус, муносибати бепарвоёнаи аҳли ҷомеа. Хоҳишмандон солҳо наметавонанд кӯдакеро ба фарзандӣ қабул намоянд, зеро тартиби фарзандхонӣ хеле мураккаб ва мушкил аст. Ин интиқоди Сарвари давлат нигоҳи мардум, ба хусус мақомоти масъулро дар самти шарту шароити фарзандхонӣ дигар кард ва мутобиқи дастуру супориши Президент ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Сарвари давлат ба ҳолатҳои ҷойдоштаи хариду фурӯши кӯдакон, ки ғайриқонунӣ сурат мегирифтанд, ишора карда таъкид намуда буданд, то барои пешгирии ин гуна амалҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Чораю тадбири ягона аз миён бардоштани монеаҳои бюрократӣ аст. Агар, дар воқеъ, тартиби фарзандхониро тариқи қонунҳо содда созем, бисёр хонаводаҳо кӯдакони ятиму бепарасторро ба фарзандӣ қабул мекунанд ва ҳолатҳои хариду фурӯши ғайриқонунии кӯдакон аз миён меравад.
Албатта, ҳар як кӯдак дар синну соли муайян ба таваҷҷуҳу ғамхории ҳамаҷониба ниёз дорад. Кӯдакони ятиму бепарастор дар хонаҳои кӯдакон мавриди парасторӣ қарор доранд, аммо ин муҳит наметавонад ҳамеша он меҳру сафоеро, ки волидон ба фарзанд дода метавонад, фароҳам орад. Иртиботи ҳамешагӣ бо калонсолон, ба хусус падару модар дар муҳити оила дар камолоти рӯҳӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдакон таъсири дигар мерасонад. Аз ин ҷост, ки бо назардошти бисёр омилҳои таъсиррасонанда ба таълиму тарбияи кӯдакон , ин дастур ва ибтикор аз ҷониби Сарвари давлат ба миён гузошта шуд ва имрӯз мавриди амал қарор дорад. Ба маънии дигар, ин кори хайру савобе буд, ки солҳои минбаъда самари худро хоҳад дод ва мардум аз он хеле хуш истиқбол карданду пайи татбиқаш талош мекунанд. Танҳо муҳим он аст, ки дар таҳияю тартиб додани ҳуҷҷатҳои расмӣ тариқи талаботи қонунҳо масъулони мақомоти дахлдор боз монеаҳои сунъӣ эҷод накунанду мардумро сарсону саргардон. Хоҳишмандон тавонанд, ки фарзандхониро дар муддати хеле кӯтоҳ ва бе асабонияту талошу заҳмати зиёд анҷом диҳанд. Ин ба нафъи кор хоҳад буд.
Р.Камол