Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдакро соли 1993 ба тасвиб расонд ва уҳдадориҳоро барои амалӣ намудани принсипҳои дар он қайдшуда ба зимма гирифт. Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак яке аз аввалин конвенсияҳое мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба тавсиб расонд ва уҳдадориҳои ҳақиқии худро барои насли ҷавон ҳамчун ояндаи дурахшони кишвар нишон дод. Барои татбиқи ин санад дар кишвар Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи қӯдак таъсис дода шуд. Раисии он ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Тибқи нақша ҳар сол комиссияи мазкур ҷараёни амалӣ гаштани Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдакро зери назорат қарор медиҳад ва ба Комитети Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳисобот ирсол мекунад. Тибқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак ҳар шахси то 18 сола кӯдак ба шумор меравад. Мутобиқи омори расмӣ беш аз 30 дар сади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯдакон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, давлат барои муҳайё сохтани шароити беҳтарин барои онҳо саъю талош мекунад.
Мутобиқи талаботи пешниҳоди ҳисоботи давлатӣ аз рӯйи Конвенсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин гузориши худро ба Комитети Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намудааст. Гузориши аввал соли 2000-ум ва гузориши дуюм соли 2010-ум аз ҷониби Комитети СММ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар гузоришҳо асосан ҳолати кӯдакон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо, тадбирҷӯиҳо баҳри беҳдошти зиндагӣ ва ҳалли масоили ҷойдошта дар самти чораҳои андешидашуда барои татбиқи ҳуқуқҳояшон иттилои дақиқ пешниҳод шуданд. Дар баробари ин , мутобиқи талаботи гузориш додан аз рӯйи Конвесия, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ гузоришҳои алтернативии худро пешниҳод карданд. Моҳи январи соли 2010 ҳайати расмии намояндагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 53-юми Комитети Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак иштирок карданд ва барои баррасии минбаъдаи татбиқи Конвенсия дар ҷумҳурӣ пешниҳоду тавсияҳо дода шуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак барои амалӣ сохтани принсипҳои он саъю талош менамояд. Аммо дар масири вақту замон аён гардид, ки танҳо ҳуқумат наметавонад дар танҳои ба ҳадафҳои ниҳоӣ ноил гардад. Дар татбиқи Конвенсия ҷалби тамоми аъзоёни ҷомеа зарур аст. Меъёрҳо ва принсипҳои дар Конвенсия зикршуда танҳо ҳамон вақт воқеӣ мешаванд, ки агар онҳоро дар амал татбиқ созем, яъне ҳам дар оила, ҳам дар мактаб ва ҷомеа ин принсипҳо ва меъёрҳо риоя гарданду мутобиқи онҳо амал намоем. Баррасии масоили марбути ҳуқуқи кӯдак ва ҳисобот додан ба Комитети СММ ба хотири он аст, ки мушкили ҳуқуқии кӯдакон саривақт ҳаллу фасл гарданд. Баъди омӯзиши пурраи ҳисобот Комитети СММ ба давлатҳои иштироккунанда тавсияҳои худро медиҳад. Ин тавсияҳо дар қайдҳои хотимавӣ аз рӯйи гузоришҳо зикр мешаванд ва давлати ширкаткунанда дар ҷараёни фаъолияти худ оид ба татбиқи принсипҳои Конвенсия онҳоро ба эътибор мегирад. Тавсияҳо асосан дар самти ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ барои татбиқи Конвенсия, иттилооти зарурӣ ва пурра оид ба шахсони то 18 сола, пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, беҳтар намудани таълиум тарбия ва хизматрасонии тиббӣ, манъи меҳнати кӯдакон ва рушди низоми иҷрои адолати судӣ дода мешаванд. Комитет ба давлатҳои ширкаткунанда, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки механизми ҳамоҳангсозӣ ва баҳогузориро дар ҳама сатҳҳои идоракунӣ беҳтар созанд. Ҳамзамон масъалаи бо мақому ваколати махсус , захираҳои моддию молиявӣ ва техникӣ таъмин намудани Комиссия дар бораи ҳуқуқи кӯдакро дар мадди аввал гузоранд. Дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир тадбирҳои ҷиддӣ андешида истодааст. Пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои таъсиси институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҷумҳурии Тоҷикистон худ нишони он аст, ки Ҳукумату давлати мо баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон тамоми имконияту шароитҳоро фароҳам меорад. Тибқи нақша ҳисоботи навбатӣ ба Комитети Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак дар мавриди татбиқи принсипҳои Конвенсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд то 24 ноябри соли 2015 дода шавад. Ҳисоботи мазкур нақши кишвари моро дар татбиқи муқаррароти Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак барои чанд соли сипаришуда муайян хоҳад кард.
Р. Камол