9-уми сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳорот «Дар бораи истиқлолияти Тоҷикистон»-ро қабул кард. Сипас,
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ) қабул гардид. Дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Ин ақида бо меъёрҳои мустаҳкамкунандаи соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ва баҳри рушду нумӯи истиқлолияти он равона шудааст. Дар ин самт баҳри амалӣ намудани масъалаҳои соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқие ба миён омадаанд, ки онҳо аз Эъломияи соҳибихтиёрии Тоҷикистон, Конститутсия ва дигар санадҳои ҳуқуқии ба тасвиб расонидашуда иборат мебошанд.
Ҳамаи меъёрҳое, ки дар Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистон омадааст, бевосита барои эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар мамлакат равона шуда, тавассути меъёрҳои байналмиллалӣ амалӣ карда мешаванд.
Меъёрҳое, ки дар моддаҳои 2, 3, 4-и Конститутсия омадаанд, рамзҳои соҳибихтиёрии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Айни ҳол онҳо чун муқаддасоти давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун таҷассумкунандаи давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон эътироф гардидаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъэкти ҳуқуқи байналмилалӣ худро давлати соҳибихтиёр эълон намудааст, ки соҳибихтиёрии он аз тарафи мамлакатҳои ҷаҳон пазируфта шудааст. Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, ба Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байнамилалӣ аъзо аст. Мувофиқи моддаи 64-уми Конститутсия Президент ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия ҳомии Конститутсия ва қонуну қарордодҳо буда, тибқи савгандаш сарзамин, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванду пойдории истиқлолияти Тоҷикистонро ҳифз менамояд. Тибқи моддаи 69-уми Конститутсия танҳо Президент аз номи халқи Тоҷикистон ҳуқуқи дар Маҷлиси Миллӣ ва минбарҳои СММ сухан гуфтан дошта, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян мекунад.
Бояд қайд кард, ки Конститутсияи нави қабулгардида чун таҳкурсии асосӣ ва санади олӣ истиқлолияти давлатиро ба расмият медарорад, муҳимтарин самтҳои фаъолияти давлатӣ ва пешрафти босуръати ҳаёти сиёсӣ, ҷамъиятӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро инъикос менамояд. Он ба ҳамаи қонунҳои конститутсионӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии сарвари давлат, ҳокимияти қонунгузору иҷроия ва санадҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар тамоми қаламрави мамлакат амал менамоянд, қувваи муҳими ҳуқуқӣ дорад.
Сарқонун натанҳо сохти ҳокимият ва шакли идоракунии давлат, балки консепсияи дурнамои қонунгузории миллиро низ муайян месозад. Мувофиқи он ҳуқуқ ва озодиҳои фитрии инсон, ҳифзи доимии онҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ пайваста риоя ва таъмин мегарданд. Дахлнопазир эълон шудани ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон ва ба уҳдаи давлат вогузор гардидани он яке аз нишонаҳои муҳими давлати ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.
Тибқи боби 3 (моддаи 5)-уми Конститутсияи ҷумҳурӣ ҳуқуқ ва озодии инсон арзиши олӣ дошта, кафолати онҳо аз тарафи давлат риоя ва ҳифз мегардад.
Давлат ва мақомотҳои он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳо вазифадоранд,ки Конститутсия ва қонунҳои онро риоя намоянд. Аз ин ҷониб, Сарқонун ва қонуниятҳои он дар ҳудуди қаламрави кишвар волоият дошта, риояи онҳо аз тарафи тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳатмӣ мебошанд. Принсипи мазкур имконият медиҳад, ки дар ҷомеа фазои ягонаи ба ҳам алоқаманд ва ихтилофнопазири ҳуқуқӣ арзи вуҷуд дошта бошад. Ин дар навбати худ барои пешрафти босуръати мамлакат ва таъмини ҳуқуқҳои шахрвандон шароити заруриро муҳайё месозад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалии умумиҷаҳонӣ ҷавобгӯй буда, аз меъёрҳои «Эъломияи Ҳуқуқи башар» сарчашма мегирад. Дар моддаҳои 33-34-и Конститутсия сухан дар боби бунёди оила, мақому мартабаи марду зан, нақши волидайн дар тарбияи фарзандон меравад.
Хулоса, давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон, ҳамчун давлати демократӣ, ташкили давлатдории худро тавассути Сарқонун ба роҳ монда, чун воҳиди баробарҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ, сиёсати дохилию хориҷии худро бо назардошти манфиатҳои миллии кишвар ва риояи меъёрҳои аз ҷониби умум эътирофгардида ба роҳ мемонад ва ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳими муттаҳидшавӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳифзи ризоияти шаҳрвандӣ, сулҳу субот ва оромӣ дар ҷомеа нақши арзанда мебозад.
Сайфуллоҳ МАҲКАМОВ, Ҳадябону ҲАЛИМОВА,