Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолиятро дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ муқаррар менамояд ва муносибатҳоеро, ки ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, ба танзим медарорад. Дар боби аввали қонун омадааст:
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Дар қонуни мазкур намудҳои хизматрасонии иҷтимоӣ муайян шудаанд:
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
хизматрасонии иҷтимоӣ – маҷмӯи хизматҳои иҷтимоии марбут ба фаъолияти хадамоти иҷтимоӣ дар бобати дастгирии иҷтимоӣ, расонидани хизматҳои иҷтимоӣ - маишӣ, иҷтимоӣ - тиббӣ, равонишиносию педагогӣ, иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ, хизматҳои дигар ва кӯмаки моддӣ, мутобиқшавӣ ва офияти иҷтимоии шаҳрвандон, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд;
Таҳияи ҳар санади меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Ҳукумату давлат дар ин ё он соҳа анҷом дода мешавад. Дар мавриди ин қонун низ чунин мақсад пешбинӣ гаштааст, ки дар моддаи алоҳида баррасӣ шудааст.
Дар моддаи 3 мақсадҳои хизматрасонии иҷтимоӣ муфассал зикр гардидаанд, ки асосан барои мусоидат намудан ба таъмини имкониятҳои баробар ба ҳамаи аъзои ҷамъият равона шудаанд. Расондани хизмати иҷтимоӣ кумак ба шаҳрвандон барои рафъи ҳолати душвори зиндагӣ, тақвият додани ҷидду ҷаҳди шахсии шаҳрвандон ва оилаҳо, муҳайё кардани шароит барои ҳалли мустақилонаи масъалаҳои пешомада аз тарафи онҳо ва пешгирии ҳолати душвори зиндагӣ мебошанд. Дар ин ҷода бояд принсипҳои масъулиятшиносии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳо, ҳамчунин шахсони мансабдор барои таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ, адолати иҷтимоӣ ҳангоми амалигардонии ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ риоя шаванд.
Дар моддаи 5-и боби 2-и қонун ҳуқуқи шаҳрвандон дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ муайян шудаанд.
Моддаи 5. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба хизматрасонии иҷтимоӣ
1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳуқуқи хизматрасонии иҷтимоиро дар низоми давлатии хизматрасонии иҷтимоӣ аз рӯи намудҳои асосии он, ки Қонуни мазкур муқаррар кардааст, кафолат медиҳад.
2. Ҳангоми гирифтани хизмати иҷтимоӣ шаҳрвандон ҳуқуқ доранд ба:
- муносибати эҳтиромона ва инсондӯстона аз ҷониби кормандони хадамоти иҷтимоӣ;
- интихоби ташкилот ва намуди хизматрасонии иҷтимоӣ ба истиснои мавридҳое, ки дар моддаи 12 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд;
- гирифтани маълумоти ройгон оид ба ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо, намудҳо ва тартибу шароити расонидани хизмати иҷтимоӣ;
- ризоият барои хизматрасонии иҷтимоӣ;
- рад кардани хизматрасонии иҷтимоӣ;
-махфияти маълумоти хусусияти шахсидошта, ки ҳангоми расонидани хизмати иҷтимоӣ ба корманди хадамоти иҷтимоӣ маълум гардидааст;
- ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ, аз он ҷумла бо тартиби судӣ.
3. Хизматрасонии иҷтимоӣ дар асоси муроҷиати шаҳрванд, васӣ, парастор, намояндаи дигари қонунии ӯ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби хадамоти иҷтимоӣ амалӣ гардонида мешавад.
Салоҳияти мақомоти ваколатдори ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар моддаи 22 муфассал зикр гардидаааст. Аз ҷумла омадааст, ки мақомоти ваколатдори ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ мутобиқи талаботи қонун ба роҳ монад, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва иҷрои онҳоро дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ таҳти назорат гирад. Мақомоти ваколатдор уҳдадор аст, ки барномаҳои давлатии хизматрасонии иҷтимоиро таҳия ва амалӣ намояд, тартиби ҳамоҳангсозии фаъолияту таъмини усули хизматрасонии иҷтимоӣ, тартиби иҷозат барои фаъолияти хизматрасонии иҷтимоӣ, низоми ягонаи давлатии ҳисоби оморӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоиро муқаррар намояд.
Аз ин нигоҳ, доштани маълумоти зарурӣ дар самти хизматрасониҳои иҷтимоӣ имкон фароҳам меорад, ки шаҳрвандони ниёзманд аз ҳуқуқҳои худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақт истифода баранд ва риояю иҷрои онро аз мақомоти ваколатдори ҳокимияти давлатӣ талаб намоянд. Қонун кафолат медиҳад, ки дар ҷомеа ҳуқуқу манфиатҳои ашхоси ниёзманд ҳимоя ва адолати иҷтимоӣ таъмин гардад.
Р.Камол