Дар бисёр маврид миёни зану шавҳари талоқшуда оид ба тақсими меросу пардохти алимент нофаҳмиҳо ва моҷароҳо сурат мегиранд. Шахсони огаҳ ҳуқуқу манфиатҳои худро тариқи мақомоти судӣ ҳаллу фасл мекунанд, аммо чунин ҳам мешавад, ки ин раванд солҳо тӯл мекашаду гоҳе ҳалли худро намеёбад. Мо дар ин шумора масъалаи бо роҳи қонунӣ баррасӣ намудани алиментро матраҳ мекунем, ки дар Кодекси оилаи ҶТ возеҳ зикр шудааст. Огоҳӣ ва истифода аз талаботи Кодекси оила танҳо ба манфиати шаҳрвандон хоҳад буд.
Ин масъала дар фасли 5-и Кодекси оилаи ҶТ хеле муфассал баррасӣ шудааст.
Ф А С Л И V
ӮҲДАДОРИҲОИ АЛИМЕНТДИҲИИ АЪЗОИ ОИЛА
БОБИ 13. ӮҲДАДОРИИ АЛИМЕНТДИҲИИ ПАДАРУ
МОДАР ВА ФАРЗАНДОН
Моддаи 80. Ӯҳдадориҳои алиментдиҳии падару модар барои таъминоти фарзандони ноболиғ
1.Падару модар вазифадоранд, ки фарзандони ноболиғи худро таъмин намоянд. Тартибу шаклҳои таъминоти фарзандонро падару модар мустақилона муайян менамоянд.
2.Падару модар ҳуқуқ доранд дар мавриди таъминоти фарзандони ноболиғи худ созишнома (созишнома дар хусуси пардохти алимент) мувофиқи боби 16 ҳамин Кодекс) банданд.
3.Агар падару модар фарзандони худро таъмин накунанд, маблағ барои таъминоти онҳо (алимент) аз падару модар тибқи тартиби муқаррарнамудаи судӣ ситонида мешавад.
Дар Моддаҳои 81-84-и кодекси мазкур андозаи алимент барои кӯдакони ноболиғ ва кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанду тибқи тартиби судӣ ситонида мешавад, муайян шудааст. Баъзе волидон фикр мекунанд, ки пардохти алимент танҳо барои тифлакону кӯдакон муайян шудаасту фарзандони болиғ ба он ҳуқуқ надоранд. Чунин бовар борҳо боиси моҷаро ва баррасии парвандаҳои судӣ гаштааст. Ин масъаларо Кодекси оилаи ҶТ чунин матраҳ кардааст:
Моддаи 85. Ҳуқуқи фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнат ба алимент
1.Падару модар вазифадоранд, ки фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнати ба кӯмак эҳтиёҷманди худро таъмин намоянд.
2.Дар сурати мавҷуд набудани созишномаи пардохти алимент суд ҳаҷми алиментро барои кӯдакони болиғи ғайри қобили меҳнат ҳар моҳ бо пули устувор ситонида мешаванд, бо назардошти вазъи моддию оилавӣ ва дигар манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо муайян менамояд.
Моддаи 86. Ҳуқуқи фарзандони болиғи таҳсилкунанда ба алимент
1.Суд метавонад барои фарзандони ба синни балоғат расида, ки донишҷӯёни таҳсили рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мебошанд, мутаносибан то ба синни бистсолагӣ ва бистучорсолагӣ расиданашон аз падару модар алимент ситонад. (ҚҶТ аз 26.12.11с. №791)
Дар боби 14-и Кодеки оилаи ҶТ уҳдадориҳои алиментдиҳии зану шавҳар ва зану шавҳари собиқ нишон дода шудаанд, аммо дар таҷриба ва мушоҳидаҳо на ҳамеша талаботи мазкур риоя мешавад:
Моддаи 91. Ҳуқуқи зан ё шавҳари собиқ барои гирифтани алимент пас аз бекор кардани ақди никоҳ
1.Шахсони зерин ҳуқуқ доранд ба тартиби судӣ аз зан ё шавҳари собиқи худ, ки маблағи заруриро доранд, алимент талаб кунанд:
-зани собиқ дар давраи ҳомиладорӣ ва дар давоми се соли пас аз таваллуди фарзанди умумӣ;
-зан ё шавҳари собиқи мӯҳтоҷе, ки фарзанди умумии маъюби то ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидан ва фарзанди умумии маъюби модарзоди гурӯҳи якумро нигоҳубин мекунад;
-зан ё шавҳари собиқи ғайри қобили меҳнати мӯҳтоҷе, ки қобилияти меҳнатро то бекор кардани ақди никоҳ ё дар давоми як соли пас аз бекор кардани ақди никоҳ аз даст додааст;
-зан ё шавҳари мӯҳтоҷе, ки на дертар аз панҷ соли пас аз лаҳзаи бекор кардани ақди никоҳ ба синни нафақа расидааст, агар зану шавҳар дар муддати панҷ сол дар ақди никоҳ буда бошанд.
Дар мавриди дигар қонунгузор ҳолатҳои қатъ кардани таъминоти ҳамдигариро миёни зану шавҳари собиқ муайян кардааст, ки донистани онҳо низ хеле муҳиманд:
Моддаи 94. Қатъ гардидани ҳуқуқи таъминоти ҳамдигарии зан ё шавҳар
Ҳуқуқи зан ё шавҳар барои гирифтани таъминот (алимент) аз ҳамсари худ дар мавридҳои зерин қатъ мегардад:
- агар зан ё шавҳари мӯҳтоҷи корношоям вафот кунад;
- агар шартҳое, ки мутобиқи моддаҳои 90 ва 91 ҳамин Кодекс барои гирифтани алимент асос буданд, аз миён бардошта шаванд;
- агар зан ё шавҳари мӯҳтоҷи корношоям аз нав хонадор шуда бошад.
Дар боби 15-и Кодекси оилаи ҶТ уҳдадориҳои алиментдиҳии аъзои дигари оила нишон дода шудаанд. Дар мавриди Созишномаи пардохти алимент ва бастани он боби 16-и Кодекси оилаи ҶТ маълумоти муфассал медиҳад:
БОБИ 16. Созишномаи пардохти алимент
Моддаи 101. Шакли созишномаи пардохти алимент
1. Созишномаи пардохти алимент дар шакли хаттӣ баста шуда, аз тарафи идораи наториалии давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
Риоя накардани шакли созишномаи пардохти алимент, ки қонун муқаррар кардааст, боиси оқибатҳое мегардад, ки меъёрҳои қонунгузории гражданӣ пешбинӣ намудааст.
Моддаи 102. Тартиби бастан, иҷро намудан, тағйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент
1. Бастан, иҷро намудан, тағйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент аз рӯи меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Масъалаи асосие, ки дар ин уҳдадорӣ меҳварист, тартиби пардохт ва ситондани алимент маҳсуб меёбад. Ин талабот дар Кодекси оилаи ҶТ ба таври зайл баррасӣ шудааст:
БОБИ 17.ТАРТИБИ ПАРДОХТ ВА СИТОНИДАНИ АЛИМЕНТ
Моддаи 107. Бо ҳалномаи суд ситонидани алимент
Дар сурати набудани созишномаи пардохти алимент аъзои оилаи дар ҳамин фасли Кодекс зикргардида ҳуқуқ доранд, ки бо талаби ситонидани алимент ба суд муроҷиат намоянд.
Моддаи 108. Мӯҳлати муроҷиат барои гирифтани алимент
1. Шахсе, ки барои гирифтани алимент ҳуқуқ дорад, сарфи назар аз мӯҳлате, ки аз лаҳзаи пайдо кардани ҳуқуқи алиментгирӣ гузаштааст, метавонад дар хусуси ситонидани алимент ба суд бо ариза муроҷиат кунад.
Моддаи 109. Мувақаттан ситонидани алимент
1.Аз рӯи парвандаҳо дар бораи ситонидани алимент суд ҳуқуқ дорад, ки то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи ситонидани алимент ва дар сурати барои кӯдакони ноболиғ ситонидани алимент - то қабул гардидани ҳалнома дар бораи ситонидани алимент оиди мувақаттан ситонидани алимент қарор барорад.
Ҳолатҳои зиёде буданд ва ҳастанд, ки алиментдиҳанда аз пардохти маблағи алимент саркашӣ мекунад ва алиментгиранда баъзан солҳо дар интизори пардохт ноумед мешаваду аз баҳри алимент ҳам мебарояд. Ба касе ва ҷое шикоят намебарад. Ба маънии дигар, даъво намекунад. Аммо ин қазия ҳалшаванда аст. Қонунгузор ин масъаларо хеле ҷиддӣ баррасӣ кардааст.
Моддаи 114. Муайян намудани қарзи вобаста ба алимент
1. Алимент дар асоси созишномаи пардохти алимент ё дар асоси варақаи иҷро барои мӯҳлати гузашта то давраи сесола ситонида мешавад.
2. Дар ҳолатҳое, ки алимент дар асоси варақаи иҷро ё созишномаи аз ҷониби нотариус тасдиқгардидаи тарафҳо оид ба ситонидани алимент бо айби шахсе, ки ӯҳдадор аст алимент супорад, пардохта нашуда бошад, алимент сарфи назар аз мӯҳлати сесолаи дар қисми 2 моддаи 108 ҳамин Кодекс муқарраргардида барои тамоми давра ситонида мешавад.
3. Андозаи қарзро иҷрочии суд дар асоси андозаи алименти бо ҳалномаи суд ё созишномаи пардохти алимент таъиншуда муайян менамояд.
4. Андозаи қарзи алименти мутобиқи моддаи 81 ҳамин Кодекс барои кӯдаки ноболиғ додашаванда дар давоми даврае, ки алимент ситонида нашудааст, муайян карда мешавад.
Аммо боз паҳлуи дигар масъаларо ҳам Кодекси оилаи ҶТ баррасӣ кардааст, яъне алиментдиҳанда метавонад аз додани қарз озод шавад. Дар кадом ҳолат?
Суд ҳуқуқ дорад бо даъвои алиментдиҳанда ӯро пурра ё қисман аз пардохти қарзи алимент озод намояд, агар муқаррар кунад, ки қарз бо сабаби бемории ин шахс ё бо дигар сабабҳои узрнок пардохта нашудааст ва вазъи моддию оилавии ӯ имконият намедиҳад, ки қарзашро пӯшонад.
Дар мавриди дигар алиментгиранда мутобиқи қонун имтиёзҳои махсусе дорад, ки барои сари вақт пардохт накардани алимент метавонад аз онҳо истифода барад. Ситондани ҷарима барои напардохтани алимент яке аз тадбирҳои ҳуқуқиест, ки тариқи талаботи қонунҳои амалкунанда татбиқ мегардад, аммо ин паҳлӯи масъаларо низ на ҳама медонанду истифода мебаранд.
Дар моддаи 117-и Кодекси оилаи ҶТ омадааст, ки агар бо роҳҳои ғайриқонунӣ, яъне пешниҳод кардани асноди қалбакӣ, бо роҳи фиребу таҳдид ба имзо расондани созишномаи пардохти алимент ё сохтакории созишнома пардохтҳои алиментӣ сурат гирифта бошад, он беэътибор дониста мешавад. Агар шахси алиментдиҳанда бо тақозои зиндагӣ ба давлати дигар раваду он ҷо сукунат гирад, вазифадор аст бо аъзои оилааш дар хусуси пардохти алимент созишномаи хаттӣ ба имзо расонад ва он тариқи нотариус тасдиқ шавад. Агар шахси манфиатдор (алиментгиранда) алимент нагирад, метавонад ба суд муроҷиат кунад ва ин мушкилро ҳал намояд. Масъалаи дигаре, ки қонунгузор онро баррасӣ кардааст, ин қатъ намудани уҳдадориҳои пардохти алимент аст. Дар кадом ҳолатҳо алиментдиҳанда аз пардохти алимент озод мегардад?
Пардохти алименти тибқи тартиби судӣ ситонидашаванда дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
-дар сурати ба балоғат расидани кӯдак ё дар ҳолати то ба балоғат расиданашон қобили амал ҳисоб шудани кӯдакони ноболиғ;
-баъди фарзандхондӣ шудани кӯдаке, ки барои таъминоти ӯ алимент ситонида мешуд;
-пас аз таҳсилро дар муассисаҳои таълимии маълумоти миёна ё олӣ хатм кардани кӯдакони ба балоғатрасида;
-ҳангоми аз ҷониби суд эътироф гардидани барқарор шудани қобилияти меҳнатӣ ё қатъи мӯҳтоҷии алиментгиранда;
-дар сурати аз нав никоҳ кардани зан ё шавҳари собиқи мӯҳтоҷи корношоями алиментгиранда (моддаи 94 ҳамин Кодекс);
-вафот кардани шахси алиментгиранда ё шахсе, ки ба додани алимент ӯҳдадор аст.
Пардохти алимент уҳдадории падару модар аст ва иҷрои онро қонунҳои амалкунанда талаб менамоянд, аммо ба ҷурми надонистан, ноогоҳӣ ва бемасъулиятӣ баъзе волидон дар анҷом додани ин рисолат канораҷӯӣ мекунанд. Пас, муҳим аст, ки шумо, бонувони азиз, аз ҳуқуқу манфиатҳои худу фарзандон огаҳ бошеду аз онҳо кор бигиред ва адои масъулияту рисолатро дар пардохти алимент тибқи қонун талаб намоед!
«Бонувони Тоҷикистон»