Мегӯянд, ки ободии Ватан аз ободии ҳар хонадон ибтидо ёфта, ободии хонадон бошад аз фаросату маърифати оиладории волидон сарчашма мегирад. Вале агар дар оилае пайваста ҷангу ҷанҷол ва моҷароҳо сурат бигиранду модари муштипару заиф пеши назари фарзандон лату кӯб гардад, чӣ муҳит барои фарзандони ин оила фароҳам меояд? Ин муҳити носолим ва даҳшатангезест барои атфол , ки оқибати чунин муносибат дар аксар маврид шоҳиди даст ба худкушӣ задани модар ва тани сар то по ба оташпечида ва ё сари доре овезони ӯро бо чашм дидану аз нигоҳи равонӣ осеби сахт гирифтани кӯдакон аст. Тавре рӯйдодҳои даст ба худкушӣ задани занон далолат мекунанд ва ҳам аз нақли шоҳидони ин гуна рӯйдодҳо, фазои оилавии ин бонувон ҳамеша пурмоҷаро буда, бо ҷангу ҷанҷолҳои ҳамешагӣ волидон хотири фарзандонро ғамолуд мекунанд. Дар муносибатҳои зану шавҳар зуд-зуд баҳсу мунозираҳои ноҷо ба вуҷуд меоянд. Бо ҳар баҳонаи ночиз ҷангу ҷанҷол оғоз ва таънаю маломат ба сари зан меборад. Дар ҳолатҳои мастии шавҳар ҳатто баҳсҳо ба моҷароҳо ва латукӯби зан анҷом меёбад. Ниҳоят, зан борҳо қаҳр карда ба хонаи волидонаш мераваду бо тавбаю узрпурсиҳои шавҳар ва ба хотири фарзандон боз ба хонааш бармегардад. Гарчанде шавҳар ваъдаи такрор нашудани ҳолатро медиҳад, аммо тӯли зиндагии якҷоя ин амал борҳо такрор мешавад ва задану озор додани зан аз ҷониби шавҳар ба як ҳолати муқаррарӣ табдил меёбад. Ва ниҳоят, рӯзе фаро мерасад, ки пас аз таҳқиру латукӯб зан дигар тоқат накарда худкӯшӣ мекунад.
Суоле ба миён меояд, ки оё мард наметавонист қабл аз рух додани ин фоҷиа оқибати рафтору кирдори худро боре андеша намояд? Бале, агар аз қонунҳои мавҷуда ба қадри кофӣ огоҳӣ дошта бошад. Шояд мард то ба худкушӣ даст задани ҳамасараш андешаи онро надошт, ки дар ҳаёти оилавӣ хилофи қонун рафтор карда, бо муомилаи бераҳмона ё пастзании мунтазами шаъну эътибори ҳамсари хеш ва бо ин восита ба ҳолати худкушӣ расонидани ӯ ҷиноят аст. Мутобиқи моддаи 109-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба худкушӣ расонидани як шахс аз ҷониби шахси дигар ҷиноят ба ҳисоб рафта, қонун барои онҳое, ки касеро то дараҷаи худкушӣ мерсонанд, ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро ба мӯҳлати аз 3 то 5 сол пешбинӣ кардааст.
Мутаассифона, гарчанде имрӯзҳо чунин ҳодисаҳо зиёд ба мушоҳида расанд ҳам, дар аксари ин гуна ҳолатҳо парвандаҳо нисбат ба сабабгорони ин қабил ҷиноят то суд намерасанд, яъне гунаҳкорон ҷазо намегиранд. Агар дақиқтар бигӯем, дар бештари вақт ҳолати сабабҳои ба худкушӣ даст задани шаҳрвандон пӯшида мемонад. Чун ин гуна ҳодисаҳо бештар дар доираи оила ва ҷангу ҷанҷолҳои оилавӣ рух медиҳанд, аҳли оила ва гоҳо худи ҷабрдида ҳам аз карда пушаймон шуда, намехоҳад, ки «сирри оилавӣ» аз хона берун равад. Дар чунин ҳол пайдо намудани ҷавобгарон ва ифшои худи ҷиноят душвор мегардад.
Аксари коршиносон зуҳури ин ҳодиса, яъне худкушиву сӯиқасд ба ҷони худро дар пастравии ахлоқ ва маънавиёти ҷомеа мебинанд. Бархе камбизоативу сатҳи пасти иҷтимоиро дар ин рӯйдодҳо баҳона пеш меоранд. Ҳол он ки сатҳи зиндагӣ дар кишварамон тайи солҳои охир андаке ҳам бошад, рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Вале ба ин нигоҳ накарда, ба мушоҳида мерасад, ки вақтҳои охир аз тарафи яке аз аъзоёни оила нисбат ба дигарон муносибати золимона раво дида шуда, он ба оқибатҳои басо нохуш ва ҳатто худкушии яке аз аъзоёни дигари оила оварда мерасонад. Ҳақиқат он аст, ки бештар ноболиғони даст ба қонуншиканиҳо зада дар оилаҳои носолим тарбия меёбанд. Яъне аз он оилаҳое, ки вазъи мӯътадил надоранд. Зеро муҳити носолими оила ҳатман ба ҳолати рӯҳии фарзандони ин гуна оилаҳо таъсири манфии худро мегузорад. Дар ҳар гуна ҳолате, ки ба вайроншавӣ ва пошхӯрии оилаҳо оварда мерасонад, пеш аз ҳама фарзандон ҷабр дида, дур аз назорати зодмандон дар муҳити носолим тарбия гирифта, оқибат ба қонуншиканӣ ва ҷиноят даст мезананд.
Илова бар ин, солҳои зиёд хушунати падар нисбат ба модар аллакай дар мафкураи фарзандон таъсири худро гузоштааст ва маълум нест, ки он чӣ таъсирест: ҷаҳолат ва ё тараҳҳум? Мутаассифона, дар самти пешгирии чунин ҳолатҳо назорат, чораҷӯӣ ва кор бо чунин оилаҳои носолим аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ ва нозирони минтақавӣ қариб, ки ба назар намерасад, аз сӯи дигар бепарвоиву бетафовутии ҳамсоягон ва хешу ақрабои ин гуна оилаҳо сабабгори сар задани фоҷиаҳо мегарданд ва ин ҳол боиси нигаронист.