Мутобиқи таҳлилу омӯзиши коршиносон ба гурӯҳи асосии осебпазири чунин ҳолатҳо занону духтарони 16-24 сола дохил мешаванд, ки маълумоти олӣ надоранд ва бекор ҳастанд. Аз чунин вазъияти ногувори иҷтимоию равонии занону духтарон истифода бурда гуруҳҳои ҷиноятпеша даст ба хариду фурӯши онҳо мезананд. Аксари духтарону занонро бо роҳи фиреб ба хориҷи кишвар мебаранд ва чун мол хариду фурӯш мекунанд. Баъзеи онҳо солҳо дар асорати ҷинояткорон бадбахту нокому номурод мемонанд. Мақомоти қудратии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ба ҳаёти солиму осоишта баргардондани чунин духтарону занони ба доми фиреби ҷмнояткорон афтода талош меварзанд, аммо на ҳама вақт муваффақ мешаванд. Соли гузушта мақомоти қудратии кишвар аз Аморати муттаҳидаи Араб 8 нафар занро баргардонданд, ки дар он давлат аз ҷониби одамрабоён ба танфурӯшӣ машғул буданд. Дар 4 моҳи соли равон боз 4 нафар чунин духтарон бо роҳу воситаҳои гуногун ба ватан баргардонда шуданд.
Омили асосии гирифторӣ ба ин мушкил ва фиреб хӯрдани чунин занону духтаронро коршиносон дар муҳоҷирати меҳнатӣ медонанд. Мутобиқи таҳлилу пурсишҳо ва хулосаҳои коршиносон вавзъи ногувори иҷтимоӣ ва равонии чунин занону духтарон имкон фароҳам меорад, то одамрабоёну миёнаравони ин ҷиноят дар ҷараёни муҳоҷират бо чунин занону духтарон иртибот пайдо карда бо ваъдаҳои дурӯғ онҳоро ба доми фиреб андохта барои хариду фурӯш омода созанд. Дар асл занону духтарон ба чӣ кор машғул шудани худро намедонанд ва гумон мекунанд, ки мутобиқи завқӯ ҳунарашон кор меёбанд ва ризқу рӯзӣ пайдо менамоянд, аммо чун ба ҳолати ногувор ва таҳқиру таҳдид рӯ ба рӯ мешаванд, роҳи бозгаштро пӯшида мебинанд.
Дар пайи таҳлили дигаре, ки мақомоти дахлдор миёни занони муҳоҷиршуда анҷом додааст, омори нигаронкунандаи дигаре рӯйи кор омадааст. Маълум шудааст, ки аксари занони ба муҳоҷирати корӣ рафта фарзандони худро ба интернатҳо месупоранд. Мутобиқи омори расмӣ солҳои 2014-2015 дар интернатҳо 2548 кӯдак фарогири таълиму тарбия буданд, ки аз онҳо 3,6 дарсадашон ятими кул, 33 дар сади онҳо бепадар буданд, 5,9 дар сад бемодар ва 50, 6 дар сад ба ҷурми камбағалӣ ба интернатҳо оварда шудаанд. Ва ҳамин қисмати афзали қӯдакон фарзандони оилаҳое мебошанд, ки бо сабаби камбизоатӣ аз ӯҳдаи таълиму тарбия ва таъмини хӯрду хӯроку либос набаромада онҳоро ба интернатҳо супоридаанд. Модаронашон бошанд, роҳ сӯйи муҳоҷирати корӣ ва таваккал ба дарёфти пулу молу зиндагии осудае мекунанд, аммо бисёриҳо ба доми фиреби анан ҳамин гуна одамрабоёну фиребгарон афтода, солҳо аз озодию орзую омоли хеш маҳрум мегарданд.
Ин масъала имрӯз дар мадди назари коршиносону масъулони бисёр вазорату хадамотҳои дахлдори дохилу хориҷи кишвар қарор дорад. Дар пайи ҷустуҷӯ ва ҳамкориҳои чандҷониба бисёр занону духтарони рабудашуда ба ватан баргардонда шуданд ва ҷинояткорон низ ошкору дастгир ва маҳкум ҳам шуданд. Аммо ҳанӯз амалиёти муташаккилонаи ин гуруҳҳо дар миқёси кишвар ва давлатҳои хориҷи наздику дур идома дорад. Мақомоти қудратии кишвар бо назардошти ҳама паҳлӯҳои хеле нозуки ин масъала роҳу усулҳои вижаи ошкору дастгир намудани чунин гуруҳҳоро мавриди истифода қарор медиҳад. Дар ин самт қадамҳои устувор гузошта шудаанд, аммо омили асосии пешгириии ин зуҳуроти номатлубро коршиносон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон, ба хусус занону духтарони осебпазир медонанд. Аз ҷониби дигар, зарурати санҷиши ҳуҷҷатҳои нафарони ба муҳоҷиратмерафта дар фурудгоҳҳо ва дигар мавзеъҳои сарҳадию гумрукӣ бояд хеле боло ва ҷиддӣ шавад. Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, сарварони маҳаллаҳо, намояндагони кумиатаи кор бо занон, оила, ҷавонон, суду прократура ва дигар мақомоти қудратию ҳуқуқӣ бояд бо аҳолӣ хамеша кор баранд, аз вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва рапвонии оилаҳои осебпазиру камбизоат бохабар шаванд ва дар мавриди зарурӣ дасти ёрӣ дароз кунанд. Ҳамзамон ҳамкорӣ бо ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, мақомоти қудратӣ ва ғайра метавонад дар ҳаллу фасли масоили хонаводагӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ мусоидат намояд. Дар акси ҳол, чунин вазъият ва оморе, ки дар даст дорем, моро хушбин нахоҳанд сохт.