Дар замони шӯравӣ дар Кодекси оилаи ҶТ оид ба ҳуқуқи кӯдак боби алоҳидае вуҷуд надошт ва ин дар Кодекси оилаи нав ҷой дода шуд. Ин боб иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар таъмини ҳуқуқи кӯдак ташкил медиҳад. Қонунгузории оилавӣ ҳуқуқи кӯдакро ба тарбия дар хонавода ба танзим дароварда бошад ҳам, мафҳуми тарбияро пешбинӣ накарда буд. Аз ин лиҳоз, ҳангоми муайян кардани мафҳуми тарбия бояд ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» муроҷиат намуд, ки дар доираи он ҳадафи ин талабот муайян шудааст, яъне раванди мақсадноки тарбия аз ҷониби волидон , муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа дар ин санад возеҳ шарҳ дода шудааст. Ҳамин тавр, падару модар уҳдадоранд барои фарзандони худ шароити арзандаро фароҳам оранд, таълиму тарбияи онҳоро бо талаботи ҷаҳони муосир ва урфу анъаноти миллӣ таъмин намоянд.
Ҳуқуқи молумулкии кӯдак тибқи меъёрҳои дахлдори қонунгузории гражданӣ муайян карда мешавад. Дар мавриди истифодаи меҳнати кӯдакон низ қонунгузорӣ талаботу меъёрҳои заруриро таҳия кардааст ва мегӯяд, ки истифодаи меҳнати кӯдакон манъ аст, ба истиснои корҳои хонаводагӣ ва сабуке, ки дар синну соли муайян барояшон мувофиқанд. Кӯдак ба истироҳату фароғат ҳуқуқ дорад. Дар ин маврид таъмини фароҳамсозии ин ҳуқуқ боз ҳам ба зимаи волидон ва масъулони муассисаҳои таълимӣ вогузор мешавад.
Истироҳат дар фароғатгоҳҳои тобистона, машғулиятҳои варзишӣ, сайру сайёҳат ба мавзеъҳои таърихию табиӣ ва ғайра, ки ба фароғату истирҳат ва камолоти ҷисмонию зеҳнии кӯдакон мусоидат мекунанд, аз шумори чорабиниҳои ин ҳуқуқ мебошанд.
Дар мавриди ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак ба он таваҷҷуҳ бояд дод, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак хусусиятҳои вижа дошта аз ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони ба балоғатрасида тафовут доранд. Дар самти ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак мавқеи меҳвариро ҳимояи судӣ ишғол мекунад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки поймол намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак бештар дар шакли сӯистифода аз ҳуқуқи падару модар зоҳир мегардад, ки он шаклҳои гуногун дошта ба ҳуқуқи кӯдак хатар эҷод мекунад.
Қонунгузории оилавӣ бо назардошти ин ҳолатҳо ба шахсони гунаҳкор ҷавобгарии ҳуқуқии оилавиро муқаррар намудааст, ки он дар шакли маҳрум намудан аз ҳуқуқи падару модарӣ, бекор намудани фарзандхонӣ, аз вазифа озод намудани васӣ ва парастор зоҳир мегардад. Дар ин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зӯровардар оила»-ро ҳам ба тасвиб расонд, ки дар он хушунат нисбат ба кӯдак ҷиноят дониста мешавад ва тариқи қонун ҷазо таъйин мегардад.
Ҳимояи ҳуқуқи кӯдак на танҳо аз ҷониби падару модар, васӣ ва парастор, суд, мақомоти прокуратура, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ, ҳамчунин аз тарафи мақомоти сабти ҳолати асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба амл бароварда мешавад.
Ҳамин тавр, ҳимояи ҳуқуқу кӯдак ин силсилаи тадбирҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки аз ҷониби шахсони алоҳида ва мақомоти салоҳиятдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунанда ба мал бароварда мешаванд. Ин раванд баҳри ҳимояи пайвастаи ҳуқуқҳои кӯдак ва инкишофи минбаъдаи ӯ мусоидат хоҳад кард. Дар мавриди дигар, барои таҳкими пояҳои ҳуқуқии фарҳанги хонаводагӣ ва маърифати ҳуқуқии волидону дигар аъзоёни хонавода нақш хоҳад гузошт.
Р.Камол