Коршиносон сабаби кам шудани теъдоди сабти никоҳро ба буҳрони молиявӣ, бозгашти иҷбориву ночори муҳоҷирон аз Россия, лиҳозо заъиф шудани имконияти молиявии шаҳрвандон марбут медонанд.
Ҳамон тавре аз Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии вилояти Суғд иттило доданд, тайи се моҳи соли равон дар қаламрави вилояти Суғд 22 ҳодисаи худкушии духтарону занон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли 2014 9 ҳодиса кам мебошад.
Дар семоҳаи аввали соли 2015 дар қаламвари вилояти Суғд аз тарафи занон 22 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 адад кам аст.
Тилав Р.