02

Сентябр, 2025
Сешанбе

02

Сентябр, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ИСЛОҲОТИ СУДӢ

Чаро зарурати қабули боз чунин барнома ба миён омад? Аввалан, имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ пеш меравад ва меъёрҳои судию ҳуқуқӣ бо назардошти вазъу ҳолати сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тағйир мехӯранд. Аз ин нигоҳ, ворид кардани баъзе тағйиротҳо ба низоми судӣ-ҳуқуқӣ ба миён меояд, то ҷомеа адолати судиро  бо назардошти талаботи ҷомеаи муосир дар мизони муайяне нигоҳ дошта тавонад. Аз ҷониби дигар, дар бисёр кишварҳои олам таҷрибаи пешқадами ба роҳ мондани фаъолияти судҳо ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот густариш меёбанд ва самараи хуб ҳам дода истодаанд. Маҳз ҳаводиси солҳои охир нишон доданд, ки қонунгузории мурофиавӣ ба ислоҳот ниёз дорад. Баррасии бисёр парвандаҳои ҷиноятӣ дар судҳо номукаммал будани сохтори судӣ ва мурофиавиро исбот карданд, зеро имрӯз ҷинояткорию дигар қонуншиканиҳо ба вижа, шаклҳои тоза гирифтаанд ва таҳлилу ҳукм баровардан баъзан тибқи қонунгузории мавҷуда ба манфиат нест. Ин омил боис гардид, ки дар кишвари мо ҳам таҳияи чунин барномаи ислоҳталаб ба роҳ монда шавад ва паҳлуҳои нозуки низоми фаъолияти судҳо ва таъмини адолати судӣ тибқи як барномаи мукаммал тадбирҷӯиӣ гардад. Барномаи  наве, ки қабул шудааст, масоили муҳими соҳаи судӣ-ҳуқуқиро фарогир аст. Дар он  рушди минбаъдаи қонунгузории мурофиавӣ, такмили сохтор ва фаъолияти Суди олӣ, Суди олии иқтисодӣ, судҳои шаҳру вилоятҳои кишвар  ба назар гирифта шудааст.

          Паҳлӯи дигари ислоҳот дар барнома матраҳ намудани таъмини низоми адолати судӣ нисбат ба ноболиғон аст. Воқеан, солҳои охир парвандаҳои зиёде буданд, ки қонуншиканиҳои баъзе ноболиғонро бояду шояд баррасӣ намуда, ҳукми беадолатона ҳам бароварда буданд. Аз ҷониби дигар, дар қонунгузории байналмилалӣ ноболиғон ба вижа имтиёз ҳам доранд. Аксари онҳое, ки (ноболиғон  дар назар аст) ба ҷиноят даст мезананд, на паси панҷара маҳкум мешаванд, балки ба мактабҳои махсуси ислоҳӣ равона мешаванд ва онҳоро зери таълиму тарбия фаро мегиранд. Ин имкон медиҳад, ки ноболиғони  ҷинояткарда  муддати зарурӣ ислоҳ шаванд ва ба ҳаёти солим баргарданд. Аммо чунин низоми судӣ ва ё маҳкумият дар кишвари мо ҳанӯз комил нест ва  ин барнома ислоҳи ҳамин паҳлӯи масъаларо тақозо мекунад.

Масъалаи дигаре, ки ин барнома  мавриди ислоҳот қарор медиҳад, ин ёрии густардаи ҳуқуқӣ ба аҳолӣ аст. Ин масъала то имрӯз ҳатталимкон мавриди таҳлилу омӯзиш қарор надошт ва акнун тибқи ин барнома ислоҳ хоҳад гашт. Як омили кам шудани ҷинояткориҳо дар ҷомеа баланд будани маърифати ҳуқуқии мардум аст. Агар, воқеан, шаҳрванд аз талаботи қонунҳои амалкунанда огаҳ бошад, подоши ҳар амалу кирдори ғайриқонунии худро донад, метавонад ҳуқуқу манфиатҳои худро дар раванди зиндагӣ ҳимоя кунад ва ҳеҷ вақт алайҳи қонунҳо кирдоре содир накунад. Дар бисёр мавридҳо ҷиноятҳо аз надонистани қонун ва паст будани маърифати ҳуқуқӣ ба амал меоянд. Пас, татбиқи ин барнома қадами устуворе хоҳад буд дар таҳкими қонуният ва баланд бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ.

         Дар мавриди сифати ташхисҳои судӣ-ҳуқуқӣ низ борҳо нофаҳмиҳо ва беадолатиҳо ба миён омадаанд, ки бовари мардумро ба волоияти қонун ва адолати судӣ коста мегардонад. Ин масъала низ тибқи барномаи мазкур минбаъд мавриди ислоҳ қарор мегирад ва сифати ташхисҳои судӣ-ҳуқуқӣ беҳтар хоҳанд шуд. Масъалаҳои дигаре, ки тибқи ин барнома бо назардошти талаботи меъёрҳои судӣ-ҳуқуқӣ  ислоҳ металабад, ин иҷрои санадҳои судӣ, такмили сохтор ва фаъолияти иҷрочиёни суд аст. Дар ин маврид ҳам барнома тадбирҳои мушаххасеро баррасӣ мекунад, ки татбиқи онҳо зина ба зина амалӣ хоҳанд гашт.     Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон     яке аз масъалаҳои меҳварии барнома аст, ки дар ҳошияи он паҳлӯҳои гуногуни татбиқаш матраҳ гаштаанд. Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2015-2017 ҳимояи давлат ва ташкилотҳо, пешгирии ҷиноткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятиро ҳам хеле ҷиддӣ ба миён гузоштааст. Дар татбиқи ин барнома тамоми сохторҳои судӣ-ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва мутахассиони варзидаи соҳоти гуногун муваззаф шудаанд. Чунин ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қадами устуворест дар таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва шаҳрвандии Тоҷикистон.

                                                                                                              

  Р.Камол     
:.  Ҳуқуқ 26.01.2015 11:10 2831

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz