Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, раиси комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати дастур ва ташкили кор, иброз медорад, ки ин Лоиҳа бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни конститутсионии мазкур бо муқарррароти Конститутсия (Сарқонун) ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.
Ба гуфти А. Холмуҳаммадзода дар таҳрири нави қонун омадааст, ки мақомоти прокуратураи Тоҷикистон дар баробари ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва дигар арзишҳое, ки Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат муқаррар мекунанд, инчунин ҳуқуқу озодиҳои сокинони мақоми шаҳрвандии хориҷидошта ва бешаҳрвандро низ ҳимоя мекунад.
Аз иловаҳои пешниҳодшуда ба қисми 2-и моддаи 16, тарҳи нави қонун бармеояд, ки агар аз тарафи прокурор тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои мубориза бо фасод ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳо риоя нашавад, муҷрим аз фаъолият дар мақомоти мазкур озод карда мешаванд. Яъне агар тӯю маъракаҳои гузаронидаи прокурор ба талаботи қонун мухолифат кунад, аз вазифа сабукдӯш мешавад.
Инчунин, тибқи қонуни нав аз ин пас, барои гузаронидани амалиёти тафтишотӣ дар баробари иҷозаи прокурор ризоияти суд ҳам зарур аст.
Тибқи тағйироти ба қисми 2-и моддаи 23 Қонуни мазкур воридшуда бошад, дахолати прокурор ба фаъолияти хоҷагӣ ва ё аз ҷониби он иваз намудани вазифаи мақомоти тобеи идора ва мақомоти назорат манъ аст. Сархатҳои чорум ва панҷуми қисми 3-и моддаи 24 дар таҳрири пешниҳодшуда муқаррар мекунанд, ки прокурор дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати шаҳрванд, давлат, корхона, муассиса, ташкилот, новобаста аз шакли моликияташон, аз ҷумла, ҷиҳати барқарор кардани зарари расонидашуда ба суд муроҷиат кунад, мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун парвандаи ҷиноятӣ, истеҳсолотӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро оғоз намояд, дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ ё моддӣ кашидан истеҳсолот оғоз кунад, маводро барои баррасӣ ба мақомоти дахлдор фиристонад.
Дар асоси қонуни нав аз ин пас прокурор дар судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муайянкардаи қонунгузории мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд. Ҳамчунон, иштироки прокурор дар мурофиаи судӣ ҳангоми баррасии даъвои прокурор ҳатмӣ мебошад.
Дар асоси тағйироти нав ба қонуни мазкур Прокуратураи генералӣ ва Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон, прокуратураҳои ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, прокуратураи шаҳрҳо, ноҳияҳо ва дигар прокуратураҳои ба онҳо баробар, Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи прокуратура бо забони давлатӣ мебошанд.
Зимни муҳокимаи парлумонӣ зикр гардид, ки тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади самаранокии фаъолияти мақомоти прокуратура нигаронида шуда, масъулияти онҳоро дар фаъолияти минбаъдаашон зиёд менамояд.
Ҷамолиддин Сайфиддинов