Дар бисёр кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҳуқуқу манфиатҳо ва озодиҳои кӯдакону наврасон ва занон поймол мешаванд. Ҳарчанд дар қонунгузории ин кишварҳо ҳуқуқу озодиҳои ин табақаи ниёзманди аҳолӣ баррасӣ шуда бошанд ҳам, вале дар бисёр ҳолатҳо ба ҷурми ихтилофҳои мазҳабӣ, қавмӣ ва сиёсӣ кӯдакону занон осеб мебинанд ва аз ҳуқуқҳояшон маҳрум мегарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пас аз истиқлолияти давлатию сиёсӣ чун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуд, дар масири таърихи на чандон тӯлонии даврони мустақилият тавонист бисёр санадҳои байналмилалии ҳуқуқи инсонро эътироф намояд. Ҳамзамон кишвари мо узви бисёр созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалие гаштааст, ки аз ҳуқуқу озодиҳои инсон дифоъ менамояд. Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро қабул ва татбиқ ҳам кардааст. Дар меҳвари асосӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон меистад, ки тамоми паҳлуҳои муҳими ҳуқуқу манфиатҳо ва озодиҳои инсонро дар ҷомеаи муосир баррасӣ намудааст. Боби 2-и ин сандаи асосӣ маҳз ба ин матлаб бахшида шуда моддаҳои зиёдеро фарогир аст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар мадди аввал мегузорад. Агар мо аз ин санад интихобан ва ба таври фишурда иқтибос орем, мебинем, ки ҳама паҳлуҳои ин масъала возеҳ матраҳ шудаанд ва қонунӣ гаштаанд:
Моддаи 17. Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд.
Моддаи 18. Ҳар кас ҳаққи зиндаги дорад.
Моддаи 19. Ҳар кас кафолати ҳифзи суди дорад.
Моддаи 20. Ҳеч кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад.
Моддаи 21. Ҳуқуқи ҷабрдидаро қонун ҳифз мекунад. Давлат ҳифзи суда ва ҷуброни зарарро барои ҷабрдида кафолат медиҳад.
Моддаи 22. Манзили шахс дахлнопазир аст.
Моддаи 23. Маҳрамияти мукотиба, сӯҳбатҳои телефони, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст.
Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст.
Моддаи 24. Шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он ҳақ дорад.
Масъалаи хеле ҳассосе, ки солҳои охир мавриди ихтилофу интиқод ва ҳатто истифода аз он дар манфиатҳои гуруҳӣ ва ё иртиҷоӣ қарор гирифтааст, ин озодии виҷдон аст. Ин нукта дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле хуб баррасӣ шудааст:
Моддаи 26. Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.
Дар мавриди дигар иштироки шаҳрвандон дар пешрафти ҳаёти сиёсии кишвар чун маҳаки асосӣ зикр мешаванд, яъне ба ҳама ҳуқуқи баробар дода мешавад, то дар идораи давлатӣ, интихобот бевоста ширкат намоянд. Ин маънӣ ва ҳадафҳо дар чанд моддаи конститутсия зикр ёфтаанд:
Моддаи 27. Шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.
Моддаи 28. Шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд.
Моддаи 29. Шаҳрванд ҳақ дорад дар маҷлис, гирдиҳамои, намоиш, раҳпаймоии осоишта, ки қонун муқаррар кардааст, ширкат варзад.
Моддаи 31. Шаҳрванд ҳақ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд.
Ва чизи асосие, ки ба ҳаёти кӯдакону занон иртибот дорад, ин ташкили оила, баробарҳуқуқии марду зан ва муносибати давлат ба ин табақаи аҳолӣ мебошад.
Моддаи 33. Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд.
Бисёрникоҳӣ манъ аст.
Моддаи 34. Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд.
Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд.
Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд.
Ҳуқуқҳои дигаре, ки барои шаҳрвандон дар пешрафти зиндагӣ, кору фаъолият ва ҳифзи саломатиашон хеле муҳим арзёбӣ мешаванд, дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудаанд ва риояи онҳо аз ҷониби ҳама мақомоти марбута талаб карда мешавад. Масалан, дар чанд модда ин ҳадафҳо ба ҳукми қонуни дароварда шудаанд:
Моддаи 35. Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳақ дорад.
Моддаи 36. Ҳар кас ба манзил ҳуқуқ дорад.
Моддаи 37. Шаҳрванд ҳуқуқи истироҳат дорад.
Моддаи 38. Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шаклҳои дигари ёрии тиббиро қонун муайян мекунад.
Моддаи 39. Ҳар шахс дар пиронсоли, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад. Моддаи 40. Ҳар шахс ҳақ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷамъият, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад.
Моддаи 41. Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.
Бо назардошти ин санади муҳим метавон гуфт, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ба хусус қӯдакону занон ба талаботи меъёрҳои ҳуқуқи башар ҷавобгӯ буда, заминаҳои воқеии таҳким ёфтани онҳоро дар давраҳои гуногуни рушди ҷомеа таъмин менамоянд. Ҳарчанд, ки имрӯз гоҳе дар кишвари мо ҳам ҳуқуқи инсон нақз мегардад, аммо ислоҳи он дар муддати зарурӣ ба миён меояд. Донистани ҳуқуқу озодиҳои худ ва мутобиқи онҳо кору зинадгӣ намудан ва муҳимтар аз ҳама, онҳоро дифоъ кардан, ба сатҳи донишу маърифати ҳуқуқию сиёсии ҳама қиршҳои ҷомеа бастагӣ дорад. Аз ин рӯ, талош баҳри болоравии маърифати сиёсию ҳуқуқии шаҳрвандон сол аз сол комилтару солимтар мегардад.