Сабоҳат Салимова дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст. Солҳои 1992-1997 бо ҳидояту роҳнамоии падараш мактаби милитсия ва баъдан, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм карда, айни ҳол дар ШВКД-и шаҳри Ваҳдат фаъолият дорад. Тӯли 16 соли кор дар ин ҷодаи мушкилу масъулиятпеша соҳиби унвони майори милитсия шудааст. Муҷиби интихоби ин касби пурифтихор падараш Нурулло Салимов мебошад, ки аз кормандони ифтихории ШВКД шаҳри Ваҳдат маҳсуб меёфт.
Суҳбати мо бо Сабоҳат Салимова аз мавзӯи сатҳи ҷинояткорӣ дар шаҳри Ваҳдат оғоз гардид.
- Аз оғози соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳр 455 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 430 ҷиноят аз ҷониби кормандони ШВКД-и шаҳри Ваҳдат кушода шуд, мегӯяд ӯ. - Ба Шумо маълум аст, ки ба шаҳри Ваҳдат сокинони дигар шаҳру вилоятҳо рафтуомади бисёр доранд. Аз ин рӯ, на ҳама ҷиноятҳои содиршуда аз ҳисоби сокинони шаҳр аст. Аммо, дар умум нисбати порсола ҷинояткорӣ аз ҳисоби шаҳрвандон кам шудааст.
«Боиси хушнудист, ки сол аз сол иштироки занон дар корҳои самти ҷустуҷӯӣ, боздошту дастгиркунии гумонбарони ҷиноят бештар мешавад. Ба хусус, дар ҳолатҳои содиршавии ҷиноят аз тарафи занон, пеш аз ҳама, мо, бонувони сохтор, бо онҳо ҳамсуҳбат мешавем. Бо истифода аз таҷрибаю малакаи касбӣ ва албатта, бо хушмуомилагӣ занони сохтори умури дохила метавонанд аз вазъи ин ё он ҳодисаҳои марбут ба муноқишаҳои оилавӣ ва дигар қонунвайронкуниҳои сокинон огоҳӣ пайдо кунем.
Ба гуфти Сабоҳат Саломова, дар доираи иҷрои Фармони Президенти кишвар аз 12 арели соли 1996 таҳти рақами 461 «Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазири мубориза алайҳи ҷиноятҳои нашъамандӣ» тамоми кормандони ШВКД шаҳри Ваҳдат масъулияти баланд эҳсос мекунанд. Агар ба омори ҳаминсола назар кунем, то имрӯз дар қаламрави шаҳри Ваҳдат19 ҳолати вобаста ба муомилоти ғайриқонунӣ ошкор гардида, ба миқдори 4 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд.
Аз касбам ифтихор дорам
Мусоҳиби навбатии мо Юлдуз Ибрагимова баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №22 – и шаҳри Ваҳдат ба факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудааст. Якчанд муддат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и шаҳр омӯзгор шуда, баъдан солҳои 2002-2008 дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилро идома медиҳад. Айни замон дар ШВКД шаҳри Ваҳдат фаъолият дорад ва унвони ҳарбиаш капитани милитсияро дорад. Ӯ ифтихор аз он мекунад, ки чанд сол ба таълиму тарбияи насли наврас ҳам машғул буд. Аммо меҳру муҳаббат ба касби дӯстдоштааш ахиран ӯро ба сохтори умури дохила овард. Ҳоло дар бахши шиносномадиҳии ШВКД шаҳри Ваҳдат кору фаъолият дорад.
- Касбамро, ки дӯст медоштам, мушкилоти омӯзиши кор дар сохтори милитсия ба осонӣ паси сар шуданд, мегӯяд ӯ. – Духтарам Шаҳноза хатмкардаи колеҷӣ тиббии шаҳри Ваҳдат буда, оиладору соҳиби фарзанд аст. Писарам Фирӯз бошад, дар бахши дуввуми Донишкадаи молия ва иқтисод таҳсил дорад.
Дар мавриди таваҷҷуҳи шаҳрвандон барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ мегӯяд: «Мувофиқи қарори Ҳукумати Русия аз якуми январи соли 2015 ҳар як шаҳрванде, ки озими Руссия мегардад, бояд ҳатман шиносномаи биометрии хориҷӣ дошта бошад. Барои дастрасии аҳолии шаҳри Ваҳдат оид ба шиносномаҳои хориҷӣ ягон монеагарӣ нест. Ҳар як шаҳрванд метавонад, дар муҳлати муайянгардида соҳиби шиносномаи хориҷӣ гардад».
Ба гуфти Юлдуз Иброҳимова дар мақомоти корҳои дохлии шаҳр аз ҳисоби занон зиёда аз 6 нафар занон фаъолият доранд. Аммо дар мақомоти нозири роҳ ё нозири минтақавӣ фаъолияти занон мушоҳида намешавад. Аммо дар корҳои идории шуъбаи БДА – и шаҳри Ваҳдат бонувон кор мекунанд.
- Дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи дигар кишварҳо бонувони низомиро мебинем, ки дар амалиётҳои дастгир намудани ҷинояткорон иштирок мекунанд. Барои ба ин сатҳ расидани бонувони тоҷик бояд кори таълиму тарбия ва омодагии ҳарбии бонувонро аз синни мактабӣ дигаргуна ба роҳ монд. Зеро кор дар мақомоти милитсия шуҷоату далериро металабад.
Зебо Давлатова