Соҳибихтиёрӣ аз калимаи франсавии souverainete гирифта шуда маънои ҳокимияти олӣ, волоият ва истиқлоли ҳокимиятро дорад, яъне Тоҷикистон чун давлати мухтор самтҳои асосии сиёстаи дохилӣ ва хориҷии худро муайян намуда чун субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ баромад мекунад. Дар ин радиф илми давлатшиносӣ ду навъи соҳибихтиёриро муайян кардааст. Яке соҳибихтиёрии давлат ва дигаре соҳибихтиёрии миллӣ аст. Соҳибихтиёрии давлат дар волоияти ҳокимиятти давлатӣ ва истиқлоли ӯ дар муносибатҳои беруна ифода меёбад. Соҳибихтиёрии миллӣ бошад, ифодакунандаи ҳокимияти комили миллат, озодии сиёсӣ ва имконияти мусоид барои ҳаёти шаҳрвандон аст.
Демократӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам яке аз шаклҳои реҷаи сиёсӣ аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти хусусиятҳои таҷрибаи таърихии анъанҳои сиёсии давлатдории миллӣ ва дар амал татбиқ намудани принсипи либералӣ-демократии афзалияти ҳуқуқи инсон пояҳои давлати демократии худро устувор мекунад. Ба маънии дигар, пешрафти ҷомеаи мо бо роҳи демократӣ идома дорад, ки дар ин раванд миёни гуруҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ҳамраъйӣ ба вуҷуд меояд ва қувваҳои муттаҳидкунанда афзалият пайдо мекунанд. Ҳаёти ҷамъиятӣ дар кишвари мо дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ягон ҳизб, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намешаванд. Дар маҷмуъ, асли демократия ҳокимияти халқ аст.
Ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд зикр шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам ба қонститутсия тобеъ будани ҳама гуна фаъолияти мақомоти давлатиро дорад, яъне ҳама , ҳам давлат, ҳам мақомоти он ва тамоми шаҳрвандон тобеи ҳуқуқ мебошанд. Волоияти қонун, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҷзияи ҳокимият, масъулияти давлат ва шахсият нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд мебошанд. Мустақиман амал намудани меъёрҳои Конститутсия, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон, мутобиқи принсипи таҷзият ҳокимият амал намудани мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҷузъи таркибии низоми ҳуқуқии ҷӯмҳурӣ эътироф шудани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ аз нишонаҳои муҳими давлати ҳуқуқбунёд дониста мешаванд.
Дунявӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти вижаи сохтори давлатдории кишвари моро муайян сохтааст. Давлати дунявӣ чунин давлатест, ки дар он ҳеҷ як дину мазҳаб ҳатмӣ ва ё афзалиятнок дониста намешавад. Дар Тоҷикистон ягон дин ба ҳайси дини давлатӣ ва расмӣ шинохта нашудааст ва ҳама дину мазҳабҳо ҳуқуқи мавҷудияти баробар доранд. Бо вуҷуди он ки дар кишвари мо аксар пайрави дини ислом ҳастанд, аммо он чун дини расмии давлатӣ эътироф нашудааст. Мутобиқи Конститутсия дин аз давлат ҷудо буда ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги мардумӣ мустақиман амал менамояд. Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро барои эътиқоди динӣ ва фаъолияти динӣ маҳдуд намесозад. Давлат ба озодии виҷдон дахолат намекунад. Дунявӣ будани давлат ин манъи дахолати иттиҳодияҳои динӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, эътироф нашудани санадҳо ва қоидаҳои динӣ чун сарчашмаи ҳуқуқ дар идеологияи сиёсати давлат аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки давлат бо ташкилотҳои динӣ умуман ҳамкорӣ намкунад. Ҳамкорӣ дар самти риояи меъёрҳои Конститутсия ва таъмини амнияти миллӣ, таҳкими фарҳанг ва арзишҳои миллӣ дар пояи талаботи сиёсати давр густарда аст, аммо фаъолияти иттиҳодияҳои нажодпарасту миллатгаро ва иртиҷоиро манъ мекунад.
Давлати ягона (унитарӣ) будани Тоҷикистон ифодагари низоми воҳиди ҳуқуқию судӣ, иҷроия ва мақоми олии намояндагӣ доштан аст. Яъне ҳама фаъолият дар ҷомеа умумӣ аст. Як конститутсия, як низоми қонунгузорӣ ва шаҳрвандии ягона мавҷуд аст. Низоми ягонаи пул, сиёсати ягонаи қарз ва андоз ҷорист. Қисмҳои таркибии давлати ягона (вилояту шаҳру ноҳияҳо) соҳибихтиёр буда наметавонанд. Дигар хусусияти давлати ягона он аст, ки Қувваҳои мусаллаҳи ягона дорад ва он аз ҷониби мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ идора мешавад.
Конститутсия ба сифати қонуни олии кишвар баромад карда, суботу устувории махсусро дорост. Конститутсия қонун оид ба таъсиси давлат, низоми фаъолияти макомоти он ва омили муайянкунандаи иртибот миёни мақомоти давлатӣ мебошад. Конститутсия қонунест, ки ваҳдати сиёсии халқро шаклбандӣ , суботи сиёсӣ ва тартибу низомро дар давлат таъмин мекунад. Конститутсия ин маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқии давлат мебошад ва арзишҳои асосии давлату ҷамъиятро муайян мекунад.
Р. Камол