Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, ки Қонуни мазкур аз тарафи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар пешниҳод шудааст.
Шерхон Салимзода, Додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни муаррифии Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» иброз дошт, ки дар таърихи 23 соли соҳибистиқлолии кишвар ин шонздаҳумин авфи маҳбусон мебошад ва ин шаҳодати хислатҳои накӯкорона ва сиёсати инсонпарварони Сарвари давлат мебошад.
Бо зикри моҳияти бузурги авфи мазкур Додситони кулл илова намуд, ки дар арафаи 20 солагии Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо шарофати он Тоҷикистон чун кишвари комилҳуқуқ назди ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд, авфи маҳкумшудагон ба оила, ҷомеа ва давлат таъсири мусбӣ мерасонад. Авф ба нафароне, ки пеш аз муҳлати адои ҷазо озод мешаванд ё муҳлати адои ҷазояшон кам карда мешавад, хусусияти тарбиявӣ дошта, ба маҳкумшудагон имкон медиҳад, то ислоҳ шаванду ба зиндагии осоишта баргарданд.
Тибқи гуфтаи Шерхон Салимзода Қонун дар бораи авф барои маҳбусоне, ки аз 4 се ҳиссаи муҳлати ҷазоро адо кардаанд, маҳбусони аз синни 55 боло, гирифторони баъзе бемориҳо, занону ноболиғон, маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Ҷангҳои башардӯстона ва муқовиматҳои дохилӣ, иштирокчиёни садамаи Чернобыл ва ғайраҳо пешбинӣ шудааст. Аз 24 номгӯи моддаҳои гуногуни қонуни мазкур бармеояд, ки доираи озодшудагон аз адои ҷазо хело васеъ аст.
Зикр гардид, ки ба истиснои заноне, ки ҷиноятҳои махсусан вазнин содир кардаанд, дигар маҳбусони ҷинси зан аз адои ҷазои таъйиншуда озод карда мешаванд. Дар мавриди занони бинобар муноқишаҳои илавӣ бо шавҳар куштор содиркарда, агар аз се ду ҳиссаи муҳлати ҷазоро адо карда бошанд, низ озод мешаванд.
Дар маҷлиси вакилони МН вакил Маҳмадалӣ Ватанов ба сухан баромада иброз дошт, ки бахшидани гуноҳи инсон худ як амали некхоҳонаи давлат барои роҳнамоии шаҳрвандон ба ҳаёти солиму таъмини шароиту имконият ба зиндагии осоишта мебошад.
Татбиқи Лоиҳаи пешбинишудаи санади авф дар навбати аввал нисбат ба он шахсоне татбиқ карда мешавад, ки ба гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа шомиланд. Ин гурӯх аз ҳисоби синну сол, солимӣ ва дигар ниёзмандии иҷтимоӣ мебошанд.
Зимни баррасии Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» вакилон Убайдулло Давлатов, Саодат Амиршоева, Шодӣ Шабдолов, Муҳиддин Кабирӣ оид ба аҳамияти иҷтимоии авфи беш аз 10 ҳазор маҳкумшудагон, фарҳанги бахшиши гуноҳ дар таърихи давлатдории тоҷикон ва ҷанбаҳои муҳими ин амали хайрхоҳонаи Сарвари давлат изҳори ақида намуданд.
Аз ҷумла, вакили мардумӣ Саодат Амиршоева қайд намуд, ки бахшиши гуноҳи маҳбусон бозгӯйи он аст, ки инсон дар назди қонун, давлат ва ҷомеае арзиши волоро соҳиб аст. Қонуни авф ба шумори зиёди занону ноболиғон ва ҷавононе, ки иштибоҳан ҷиноят содир кардаанд, имкон фароҳам меорад, то ба ҳаёти солим баргарданд. Дар баробари қабули қонуни мазкур ва мавриди амал қарор гирифтани он аз тамоми сохторҳои марбута хоҳиш карда шуд, ки барои таъмини шаҳрвандони аз адои ҷазо озодшуда бо ҷойи кор, мададҳои гуногуни иҷтимоӣ ва дигар дастгириҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳанд.
Шодӣ Шабдолов, вакили Маҷлиси намояндагони МО ҶТ, оид ба пешгирӣ аз тақаллубкорӣ ҳангоми амалӣ намудани авфи навбатӣ, изҳори андеша дошт. – Хуб мешуд, дар назди мақомотҳои масъули озод намудани гурӯҳи маҳбусони авфшуда қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ фаъолият намоянд. Зеро аз рӯзе, ки мавзуи авфи навбатӣ дар ҷомеа матраҳ шудааст, пурсишҳои зиёд аз тарафи мардум садо медиҳанд, ки бояд посухи худро пайдо кунанд.
Вакилон иброз доштанд, ки хуб мешуд бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда Қонуни мазкур тариқи ВАО банд-банд шарҳ дода шавад, то шаҳрвандон оид ба масъалаи авф ба ҳама суолҳои хеш ҷавоб пайдо кунанд. – Мардум бояд донанд, ки ба ҷуз мақомоти олии қонунбарор ва Президенти кишвар, дигар ягон ниҳоди ҳуқуқӣ тағйир додани меъёрҳои қонунро дар мавриди авф надорад.
Авф як ҷузъи фарҳанги тоҷикон буда, бахшиши гуноҳ дар адабиёти тоҷик ҳам хуб тараннум шудааст. Аз ин рӯ, хуб мешуд бо истифода аз ҷашну маросимҳои миллӣ ва давлатӣ ҳар сол теъдоде аз маҳбусон мавриди авф қарор бигиранд.
Ҳамчунин, аз тарафи вакилон пешниҳод шуд, ки тариқи воситаҳои муосири техникӣ дар марказҳои вилоятҳо ва муассисаҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» -ро амалӣ мекунанд, рӯйхати авфмешудаҳо дар компютерҳо ҷой дода шаванд. Яъне номгӯйи шаҳрванди мавриди авф қароргирифта бо зикри банди моддаи қонуне, ки тибқи он аз адои ҷазо озод мешавад, мушаххас карда шавад.
Ҳамин тавр, баъди мулоҳизарониҳо Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони МО ҶТ қабул гардид. Баъдан, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони МО ҶТ, барои қабули қонуни мазкур ба вакилони парлумон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки худи ҳамин рӯз ин санади муҳим ба унвонии Президенти кишвар равон карда мешавад.
Аз рӯи маълумотҳои ба дастомада дар доираи татбиқи қонуни мазкур беш аз 10 ҳазор шаҳрвандон авф карда мешаванд.
Ҷамолиддин Сайфиддинов