Ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои иҷтимоӣ» мебошад, ки масълахои соҳаро аз нигоҳи талаботи давру замон ва Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолиятро дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ муқаррар менамояд ва муносибатҳоеро, ки ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, ба танзим медарорад.
Дар моддаи 2-и боби аввали қонун перомуни хизматрасонии иҷтимоӣ ва мафҳумҳои асосии он маълумот дода шудааст. Донистани ин нишондодҳо барои шаҳрвандон хеле муҳим аст:
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
хизматрасонии иҷтимоӣ – маҷмӯи хизматҳои иҷтимоии марбут ба фаъолияти хадамоти иҷтимоӣ дар бобати дастгирии иҷтимоӣ, расонидани хизматҳои иҷтимоӣ - маишӣ, иҷтимоӣ - тиббӣ, равонишиносию педагогӣ, иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ, хизматҳои дигар ва кӯмаки моддӣ, мутобиқшавӣ ва офияти иҷтимоии шаҳрвандон, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд;
хадамоти иҷтимоӣ –ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, соҳибкорони инфиродӣ, ки хизматҳои иҷтимоӣ мерасонанд;
хизматҳои иҷтимоӣ – намудҳои кору фаъолияте, ки ба қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон ва ба манфиати онҳо бо мақсади расонидани кӯмак дар ҳолати душвори зиндагӣ ва пешгирии онҳо равона гардидаанд;
корманди хадамоти иҷтимоӣ - шаҳрванде, ки бо мақомоти идораи хизматрасонии иҷтимоӣ ва ё ташкилоти иҷтимоии ба аҳолӣ хизматрасонанда муносибати меҳнатӣ дорад ва ӯҳдадории асосии меҳнатиаш хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ мебошад;
Дар ҳамин модда қонун муайян кардааст, ки ба кадом табақаи аҳолӣ хизматҳои иҷтимоӣ расонда мешавад. Дар мавриди дигар ҳолатҳое, ки ин равандро ба миён меоранд, зикр шудаанд:
истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ - шаҳрванд ва ё гурӯҳи шаҳрвандоне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд ва бинобар ҳамин ба онҳо хизматҳои иҷтимоӣ расонида мешаванд;
ҳолати душвори зиндагӣ – ҳолате, ки фаъолияти мӯътадили зиндагии шаҳрвандро ба таври воқеӣ вайрон мекунад ва ё ҳолате, ки ӯ мустақилона аз он баромада наметавонад, аз ҷумла:
- маъюбӣ;
- пиронсолӣ;
- беморӣ;
- оқибати садамаи истеҳсолӣ ва бемории касбӣ;
- аз даст додани саробон, танҳоӣ, ятимӣ, беназоратӣ;
- набудани ҷойи муайяни истиқомат;
- вобастагии бардавоми рӯҳӣ, оқибати зӯроварӣ ва ё ҳолатҳое, ки ҳаётро зери хатар мегузоранд;
- ҳолати дигари душвори зиндагӣ.
Дар моддаи 13-и боби 3-и қонун намудҳои хизматрасонии иҷтимоӣ муайян шудаанд, ки донистани онҳо барои шаҳрвандон зарур аст:
Моддаи 13. Намудҳои хизматрасонии иҷтимоӣ
1. Хизматрасонии иҷтимоӣ аз тарафи хадамоти иҷтимоӣ дар намудҳои зерин амалӣ гардонида мешавад:
- хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона;
- хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши доимӣ;
- хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ;
2. Тартиби хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ, муассисаҳои будубоши доимии хадамоти иҷтимоӣ, талабот нисбати кормандони муассисаҳои мазкур, номгӯи хизматҳои пешниҳодшаванда ва қоидаҳои дигари фаъолияти онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Р.Камол