Дар марҳалаи сарнавиштсози миллат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилал паҳлуҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии ҷомеаи навинро баррасӣ ва дар меҳвари асосӣ таҳия намуд. Аввалин рисолате, ки конститутсия чун вазифаи пурмасъули таърихӣ ба дӯш гирифт, ин шинохти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон чун давлати иҷтимоӣ буд. Ин ҳадаф ва рисолат дар конститутсиҳои қаблӣ ҷой надошт ва афзалияти он дар қиёс бо дигар конститутсияҳо ҳам дар ҳамин буд. Яъне конститутсия барои таъмини шароити зиндагии арзандаи ҳар шаҳрванди кишвар кафолат медиҳад ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар меҳвари асосӣ қарор медиҳад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ эълон гардидааст. Ин нукта маҳаки асосии фаъолияти мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва худидоракунӣ дониста мешавад.
Таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ба миён овард. Имрӯз кишвари мо дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ аз ин сарчашма кор мегирад ва ҷараёни рушди ҷомеаи шаҳрвандиро тақвият мебахшад. Дар кишварҳои мутамаддини олам ин пиринсипи хеле муҳим ба ҳайси таҳкимбахшандаи пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ эътироф шудааст ва барои татбиқи ҳадафҳои асосии он тадбирҳо меҷӯянд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар баррасӣ ва ҳалли масоили иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсӣ нақши марказиро мебозад. Таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон доданд, ки такя ба ин сиёсат метавонад бисёр масоили умдаи ҷомеа ва сохтори ҷамъиятиро ба таври мусбӣ ҳал намояд.Ин раванд дар кишвари мо низ бо татбиқи барномаҳо, қабули санадҳои миллӣ ва тадбирҷӯиҳои вижа ҷараёни тоза мегирад. Қабули чанд қонуни вижаи миллӣ, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ мавриди омӯзишу баррасӣ ва татбиқ қарор гирифанд, мисоли равшани ин гуфтаҳост. Аз ин нигоҳ, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои асосӣ ва рисолати таърихӣ дониста мешавад.
Конститутсия ва ҳуқуқи оилавӣ
Дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоили хонаводагӣ, ҳифзи манфиатҳои модару кӯдак ва таҳкими оилаю оиладорӣ моддаи махсусе ҷудо шудааст. Дар моддаи 33-и Сарқонуни кишвар гуфта шудааст: «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оиларо дорад. Мардон ва заноне, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Бисёрникоҳӣ манъ аст».
Таҳияи чунин модда аз талаботи Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар бармеояд. Ин маънӣ ва талаботу рисолати Сарқонун дар пояи давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон баррасӣ гаштааст. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои модару кӯдак ва дастгирии иҷтимоии оилаҳо вобаста ба сохтори ҷамъиятии ин ё он кишвар татбиқ мешаванд. Тоҷикистон ҳам чун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин меҳвар татбир меҷӯяд ва дар асоси конститутсия манфиатҳои оилаҳо, ҳуқуқу озодиҳои модару кӯдакро таъмин менамояд. Таъмину ҳифзи ҳуқуқи оилавӣ яке аз ҳадафҳои асосии Сарқонуни кишвар аст, зеро бидуни устувории он аз ҷомеаи солим ва гузашта аз ин, муносибатҳои қавии иҷтимоӣ, суботу оромӣ сухан гуфтан имкон надорад. Муҳимтар аз ҳама, татбиқи ҳамаҷонибаи ҳуқуқи оила яке аз рукнҳои асосии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандист ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пояи ҳаёти осоиштаю солим метавонад рушд кунад. Ин яке аз рисолатҳои таърихии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта мешавад. Тӯли 20 соли мавҷудият конститутсия чунин шароиту имконро бо назардошти вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва ҷараёни шадиди ҷаҳонишавӣ зина ба зина барои ҷомеаи кишвар таъмин сохта истодааст. Ин раванд, албатта бо таҳким ёфтани муносибатҳои дигар дар ҷараёни таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ боз густарда хоҳад шуд.
Р.Камол