Зикр гардид, ки дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳон густариши таҳдиду хатарҳо метавонанд ба амнияти давлат, манфиатҳои миллӣ ва фарҳангу тамаддун монеаҳо эҷод намоянд.Ин раванди бисёр хатарнок то ҷое имрӯз зеҳну тафаккури насли наврасу ҷавонро ҳам олуда сохтааст. Далелҳо ин гаравидани бархе аз ҷавонон ба ҷараёнҳои иртиҷоӣ ва коҳиш наёфтани ҷинояткорӣ миёни ноболиғон аст. Гарчанде дар самти назорати иҷрои қонунҳо вобаста ба ноболиғону ҷавонон тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд, аммо омор нишон медиҳад, ки ҳанӯз ҳам фаъолияти сохторҳои марбута ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Ба хусус, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нигаронкунанда боқӣ мемонад. Мутобиқи омори расмӣ танҳо дар соли 2013 ва панҷ моҳи соли равон вобаста ба татбиқ ҳамин қонун 1640 нафар волидон , шахсони онҳоро ивазкунанда ва омӯзгорон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.Аз ҷониби дигар зиёдшавии ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Агар соли 2010 дар миқёси ҷумҳурӣ аз ҷониби ноболиғон 530 ҷиноят содир шуда бошад, ин рақам дар соли 2013 ба 725 расидааст. Мутобиқи ин рақамҳо болоравии сатҳи ҷиноят 33 дар садро ташкил додааст. Солҳои охир содиршавии ҷиноятҳои одамкушӣ, қасдан расондани зарари ҷисмонӣ, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва воситаҳои нақлиёт, дуздӣ ва ғоратгарӣ миёни ноболиғону ҷавонон зиёд шудааст. Дар ин кор бемасъулиятии волидон эҳсос мешавад ва онҳо талаботи қонунро риоя намекунанд. Аксари ноболиғоне, ки чунин ҷиноятҳоро содир кардаанд мутобиқи қонунҳои амалкунанда ҷазо гирифтаанд. Дар муассисаҳои ислоҳии сиситемаи ҷазои ҷиноятӣ ба ҳолати 1 июли соли 2014 шумораи ҷавонони то 18 сола 65 нафар, то 30 сола беш аз сеюним ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Дар муассисаи табиявӣ бошад, шумораи ноболиғони ба ҷиноят дастзада ҳам сол аз сол дар ҳоли афзоиш аст.
Гулзорамоҳ Тойгуншоева, сардори шуъбаи қайди махсуси Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар он андеша аст, ки аксари ин ноболиғон аз надонистани қонун ва ҳуқуқҳои худ даст ба ҷиноят задаанд. Омили асосӣ ин бемасъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандонашон мебошад, зикр мекунад Тойгуншоева.
Сироҷиддин Нуров, сардори шуъбаи тарбиявӣ дар муассисаи ислоҳӣ вазифаи асосии кормандони соҳаро дар тарбияи ноболиғони ҷинояткарда медонад, зеро аксари онҳо дар ин синну сол аз бепарвоӣ, аз надонистани қонунҳо ва тартиботи ҷамъиятӣ ба роҳи хато мераванд ва нисбат ба тақдири ояндаи онҳо набояд сахтгиру бетараф буд. Имкони ислоҳи онҳо ва ба ҳаёти солим баргардонданашон дар дасти онҳоест, ки дар ин муассиса фаъолият менамоянд. Аз ин нигоҳ корҳои тарбиявӣ ва ислоҳӣ дар муассиса мутобиқи талаботи рӯз ва барномаҳои мушаххас амалӣ мегарданд.
Илҳомҷон Маҳмудов, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарту шароити зери таълиму тарбия ва ислоҳ фаро гирифтани ноболиғони маҳкумшударо хеле хуб ва дар доираи талаботи қонун арзёбӣ намуд. Дар муассиса ноболиғон мутобиқи реҷаи махсус зери назорат қнд. Онҳо аз рӯйи барномаи таҳсилоти миёнаи умумӣ таълим мегиранд ва касбу хунар ҳам меомӯзанд.
Дар мавриди ҳимояи ҳуқуку манфиатҳои ноболиғони маҳкумшуда коршиноси масоили ҳифзи ҳуқуқи кӯдак Тоҷиддин Ҷалолов зикр менамояд, ки ҳанӯз ҳам дар ин самт корҳои тарғиботӣ ва иттилоотиро бояд зиёд намуд, зеро баъзан вақт ҳолатои поймол кардани ҳуқуқи кӯдакон ба назр мерасанд. Бояд дар оила ва мактаб волидону омӯзгорон маърифати ҳуқуқии наврасонро боло бардоранд. Донистану риояи қонунҳоро фаҳмонанд ва барояшон ҳаёти солим, омӯзиши илму маърифат ва касбу ҳунарро ҳамеша талқин намоянд.
Вобаста ба вазъияти ҷойдошта Сарвари давлат ба сохторҳои марбута дастуру супоришҳои ҷиддӣ дод, ки дар ин самт корҳои тарғиботӣ ва тарбиявиро зиёд намоянд. Риояи қонунҳо, масъулияти волидон ва дигар шахсони ба таълиму тарбияи насли наврас вобаста дар татбиқи сиёсати имрӯзаи Ҳукумату давлат баҳри таъмини ҳаёти солиму арзандаи насли наврасу ҷавон ҳатмӣ ва доимӣ бояд бошанд.