Минҷумла, барои волидон, ки ин санад барои эшон ба ҳукми дастури ҳамарӯза таҳия ва пешниҳод гаштааст. Аммо таҷриба ва мушоҳидаҳои чанд моҳи охир нишон медиҳанд, ки бархе аз падару модарон аз муҳтавои ин қонун умуман огаҳӣ надоранд ва ё донанд ҳам барои риояю иҷрояш бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд. Ин ҳолатҳоро бештар ҳангоми мурофиаҳои судӣ мушоҳида мекунем, яъне гоҳе падару модарон гуноҳи беназорат мондани фарзандони худ ва аз ҷониби онҳо даст ба қонуншиканӣ заданашонро дар ноогоҳии худ аз ин санад медонанд, аммо чӣ хеле мегӯянд, надонистани қонун шахсро аз ҷавобгарӣ озод карда наметавонад. Пас, падару модарон бояд чиро донанд ва риоя намоянд. Дар боби 2-и қонуни мазкур ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд возеҳ нишон дода шудааст. Инро бояд ҳама донанд.
БОБИ 2. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ПАДАРУ МОДАР
ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД
Моддаи 6. Баробарии ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар
Падару модар, новобаста ба он ки якҷоя ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои баробар доранд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 7. Ҳуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд
Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқҳои зерин доранд:
- ҳуқуқ ва манфиатҳои фарзандро ҳимоя намоянд;
- шакл, намуд ва усули таълим, муассисаҳои таълимиро, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, интихоб намоянд, агар ин шакл, намуд ва усул ба вазъи саломатӣ ва рушди маънавии фарзанд таъсири манфӣ нарасонад;
- дар раванди таълиму тарбия, аз ҷумла назорати сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии фарзанд дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок ва мусоидат намоянд;
- ба мақомоти дахлдор ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбияи фарзанд дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ бо пешниҳод муроҷиат кунанд;
- дар муносибатҳои ҳуқуқӣ намояндаи қонунии фарзанд бошанд;
- риояи ҳуқуқи фарзандро дар раванди таълим дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот талаб намоянд;
- ба фаъолияти муассисаи таълимие, ки фарзандашон дар он таҳсил мекунад, мусоидат намоянд;
- ба раванди таълиму тарбия, мазмуни таҳсилот, давомот ва сатҳу сифати донишандӯзии фарзанд шинос шаванд;
- дигар ҳуқуқҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ намоянд.
Дар идома қонун мушахассан уҳдадориҳои волидонро ҳам барои тарбия ва ҳам таълим дар алоҳидагӣ муайян кардааст. Волидон дар тарбияи фарзанд чӣ гуна уҳдадориҳоро доранд ва мутобиқӣ онҳо амал намоянд?
Моддаи 8. Уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд
Падару модар дар тарбияи фарзанд уҳдадориҳои зерин доранд:
- ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд;
- пас аз таваллуд фарзандро дар мӯҳлати то се моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд;
- барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё намоянд;
- фарзандро ба зиндагии мустақилона омода намоянд;
- фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд;
- гаштугузори фарзанди то шашсоларо бе ҳамроҳии шахси аз чордаҳсола боло дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат надиҳанд;
- шаъну шарафи фарзандро эҳтиром намоянд ва ба муомилаи бераҳмона нисбат ба ӯ роҳ надиҳанд;
- новобаста ба ҷинс, синну сол, қобилияти зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва рӯҳии фарзанд, нисбат ба ӯ баробар муносибат намоянд;
- дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ рафтани фарзанди то бистсолаашонро манъ намоянд;
- кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромӣ, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, муассисаҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳҳо, манзили зист, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати тахрибкоронаи фарзандро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд;
- ба фарзанди то синни мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таҳсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд;
- ба фарзанд тамошои филмҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористиро манъ намоянд;
- ба фарзанд мутолиа ва паҳн кардани сабтҳои электронӣ (аз ҷумла, тариқи телефонҳои мобилӣ), китобҳо, варақаҳо, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористиро манъ намоянд;
- иштироки фарзандро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои фарзандоне, ки ба таври расмӣ дар муассисаҳои динӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, иҷозат надиҳанд;
- барои фарзанди то бистсола истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла, пиво), воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку (аз ҷумла, нос) ва маводи сахттаъсирро манъ намоянд;
- иштироки фарзандро дар чорабиниҳои барои ӯ тавсиянашуда иҷозат надиҳанд;
- гирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқи ронандагӣ ва рондани автомобилро барои фарзанд иҷозат надиҳанд;
- ба оворагардӣ ва дигар рафторҳои зиддиахлоқӣ машғул шудани фарзанд роҳ надиҳанд;
- ба ҷалб намудани фарзанд ба корҳои хавфнок ва вазнини ба саломатии ӯ зараровар ва ҳамчунин дигар корҳое, ки ба инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва равонии фарзанд халал мерасонанд, иҷозат надиҳанд;
- фарзандро ба фаъолияти соҳибкорӣ ва хариду фурӯш, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додааст, ҷалб насозанд;
- бе ҳамроҳии шахси болиғ гаштугузор кардани фарзанди то шонздаҳсоларо дар ҳудуди биною иншооти техникӣ, таҳхонаҳо ва болохонаҳои биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, ҳудуди нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, саристгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо ва саристгоҳҳои нақлиёти мусофирбар манъ намоянд;
- дар ҷойҳои ҷамъиятӣ навиштан, ифлос намудан ва расонидани зарарро аз ҷониби фарзанд манъ намоянд;
- дастрасии фарзандро ба маводи сӯзандаю тарканда пешгирӣ намоянд;
- истифодаи ҷавоҳирот, зару зевар, дигар ашёҳои қиматбаҳо (ба истиснои як ҷуфт гӯшвора барои духтарон)-ро аз тарафи фарзанд дар муассисаҳои таълимӣ ва холкӯбиро барои фарзанд манъ намоянд;
- ба шикастани панҷараҳо, санги болои қабрҳо, ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ва дигар ороишоте, ки дар оромгоҳҳо ва ҷойҳои таърихию фарҳангӣ мавҷуданд ва тахриб кардани онҳо аз тарафи фарзанд роҳ надиҳанд;
- дигар уҳдадориҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷро намоянд.
Уҳдадориҳои волидон дар таълим ба таври мушаххас зикр шудаанд, яъне дар
моддаи 9-и қонуни мазкур омадааст, ки падару модар дар таълими фарзанд ӯҳдадориҳои зерин доранд:
- ба фарзанди то шашсола барои гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ шароит фароҳам оваранд;
- ба таълим фаро гирифтани фарзандро таъмин намуда, ба таҳсили ӯ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ монеъ нашаванд;
- фарзандро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълими ӯ шароити муносиб муҳайё намоянд;
- риояи пӯшидани либосҳои расмии мактабиро аз ҷониби фарзанд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат намоянд;
- ба фарзанди имконоти маҳдуди ҷисмонӣ ва рӯҳӣ доштаи худ барои таҳсил кардан ва касбу ҳунар омӯхтан шароит муҳайё сохта, иллати ҷисмонӣ ва рӯҳии ӯро пинҳон накарда, дар сурати набудани шароит барои таълими фарзанд ба муассисаҳои дахлдори давлатии соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муроҷиат намоянд;
- аз вазъи фарзанде, ки дар мактаб-интернатҳо ва дигар муассисаҳои махсусгардонидашуда, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таълиму тарбия мегирад, хабардор шуда, бо чунин муассисаҳо ҳамкорӣ намоянд ва раванди таълими фарзандро дар ин муассисаҳо зери назорат гиранд;
Овардани ин боби қонун бори дигар ба хотири огаҳии бештаре доштани волидон аз ин санад аст. Қонуни мазкур нусхабардорӣ шуда дар муассисаҳои миёнаю олии таълимӣ дастраси омӯзгорону волидон гаштааст, аммо истифодаи он аз ҷониби волидону омӯзгорон мутобиқи матлаб нест. Донистани муҳтавои қонун ва татбиқи он аз ҷониби масъулон, омӯзгорон ва падару модарон дар коҳиш ёфтани ҷинояткорӣ миёни ноболиғону ҷавонон мусоидат хоҳад кард. Агар минбаъд ҳам боз баҳонаро ба сари надонистани қонун бор кунем, айб мешавад. Айб назди виҷдону имони худамон, ки дидаю дониста дурӯғ мегӯем ва худу ҷомеаро фиреб медиҳем. Ин роҳи ислоҳ ва омӯрзиш нест. Ин роҳ роҳи гумроҳист, ки соҳибонашро бештар ба тангнои ҷиноятҳо тела хоҳад дод. Бузурге гуфтааст:
«Агар хоҳӣ, ки озод бошӣ, ғуломи қонун шав!»
Р.Камол