Нигаронии аҳли ҷомеа аз ҷинояткорӣ миёни ноболиғон,бештар мегардад. Ҳаводиси даҳаи аввали моҳи июн дар иртибот ба қонуншиканиҳо аз ҷониби бархе аз ноболиғон масъулону мутахассисонро боз сари андеша овардааст ва эшон ба саволҳои зиёде посух меҷӯянд. Қабл аз ҳама мавзуи мавриди таҳлил татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аст. Рух додани бисёр амалҳои ғайриқонунӣ ва ҷиноятҳо миёни ноболиғон риоя ва татбиқи ин санадро зери суол мондаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маҳз бемасъулиятӣ ва надонистани вазифаю уҳдадориҳо аз ҷониби баъзе волидон сабабгори ба ҷиноят даст задани фарзандонашон гаштааст. Ин нукта дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси олии кишвар махсус зикр гардид ва ҷараёни татбиқи қонун ғайриқаноатбахш арзёбӣ шуд. Сарвари давлат хеле ҷиддӣ баён дошт:
«Равандҳои пуртазоди вақтҳои охир тақозо менамоянд, ки масъулияти омӯзгор, падару модар, махсусан хизматчиёну мансабдорони давлатӣ ва соҳибкорон барои рафторҳои ношоиста ва қонунвайронкунӣ аз тарафи фарзандонашон баланд бардошта шавад».
Дар мавриди дигар Сарвари давлат омили асосии ба ҷиноят даст задани ноболиғонро аз вазъи носолими оилаҳо маънидод карда, ҷиддӣ талаб намуд, то ин масъала мавриди таҳлилу тадбир қарор бигирад:
«Имрӯзҳо вазъи қонунвайронкунӣ дар байни ҷавонон, махсусан ноболиғон ташвишовар аст. Яке аз омилҳои асосии ба кирдорҳои номатлуб даст задани ҷавонон сатҳи пасти тарбия дар муҳити оила, мактаб ва ҷомеа ба ҳисоб меравад».
Аз ироаи Паёми Сарвари давлат чанд моҳ сипарӣ шуд ва масъулон аз дастуру супоришҳо дар самти пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ноболиғону ҷавонон чӣ тадбирҳо андешиданд? Дастур ва супориши ҷиддӣ оид ба омӯзиши механизми ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва роҳҳои амалӣ гардондани Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» буд. Ҳамзамон талаб шуда буд, ки давоми ду моҳ ин вазъият омӯхта доир ба ҳалли масоили ҷойдошта пешниҳоди мушаххас омода шавад, аммо мутобиқи иттилои бадастомада то ҳанӯз чунин пешниҳод таҳия нашудааст.
Ҳаводиси чанд рӯзи моҳи июн шаҳодат медиҳад, ки масъулон, аз ҷумла бархе аз волидон, омӯзгорон ва кормандони мақомоти ҳифзи тартибот на танҳо усули кору муносибатро бо гуруҳи наврасону ҷавонони қонуншикан дигар кардаанд, балки мавқеи қаблии худро бо ҳамон вижагиҳояш нигоҳ доштаанду тадбире намеҷӯянд. Маҳз ҳамин бепарвоӣ ва бемасъулиятӣ буд, ки бар асари муноқишаи гуруҳие хонандаи синфи 11 ба ҳалокат расид. Имрӯз масъулон пайи ошкор кардани ин ҷиноят ва ҷазо додани гунаҳгорон ҳастанд, аммо оё метавонистем ин кушторро пешгирӣ намоем? Бале, метавонистанд, агар мақомоти ҳифзи ҳукуқ, тартиботи ҷамъиятӣ ва оила бо мактаб иртиботи пайваста медоштанд. Бисёр коршиносон бо қонун дар зиддият будани бархе аз наврасону ҷавононро дар сатҳи пасти тарбияи хонаводагӣ арзёбӣ мекунанд, яъне падару модар масъулияту уҳдадориҳои худро намешиносанд ва иҷро намекунанд. Дар мавриди дигар, кормандони ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқ бо мактабу оила равобити ҳамешагӣ надоранд. Агар дошта бошанд ҳам, ба таври қолабӣ ва расмӣ аст. Мулоқоту нишастҳои онҳо бо сарварони мактабҳою мактаббачаҳо дар доираи ҳисобот додану таъкидҳои доимӣ барои риояи қонун анҷом меёбад. Вақт ва раванди ҳаводис тақозо дорад, ки шеваи иртибот бо насли наврасу ҷавон, бо мактабу оила дигар шавад. Имрӯз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавононро фароҳам овардаанд. Ҳадафи асосии ин сиёсат таъмини шароити ҳуқуқӣ, иқтисодиву ташкилӣ ва иҷтимоии ҷавонон мебошад. Маҳз дар доираи ана ҳамин талабот ва пайдо намудани усулҳои муосири муносибат ва муколамаи наслҳо метавонем мушкили насли наврасу ҷавонро, ки ба вазъи рӯҳию равонӣ ва майлу рағбаташон печидагӣ дорад, зина ба зина ҳал намоем. Дар акси ҳол, мо наметавонем пеши роҳи бисёр зуҳуроти номатлубро, ки омили асосии рух додани ҷиноятҳо ҳастанд, бигирем. Чӣ хеле мегӯянд, аз адолат то ҷиноят, як қадам роҳ аст…
Р.Камол