Абдуманон Холиқов, муовини аввали вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни муаррифии ин лоиҳа назди вакилони парлумон иброз дошт, ки лоиҳаи қонуни мазкур дар таҳрири нав бо мақсади иҷрои банди 18-и «Барномаи маҷмӯии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон барои солҳои 2011-2013» ва таъмини иҷрои зербанди «а»-и банди 1-и «Барномаи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза ба савдои одамон барои солҳои 2014-2018» таҳия гардидааст. Ҳадаф аз қабули ин қонун таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб дар кишвар мебошад.
Бинобар гуфтаи муовини аввали вазири адлияи кишвар раванди ҷаҳонишавӣ назди инсоният мушкилоти гуногунро ба миён овардааст, ки яке аз он поймолшавии ҳуқуқи инсон, яъне ба инсон ҳамчун ба ашё муносибат кардан аст. Дар даҳсолаи охир афзоиши суръатзои ҳодисаҳои фурӯши одамон ҷомеаи ҷаҳониро водор намуд, ки бо мақсади пешгирӣ аз он Конвенцияи Созмони Милали Муттаҳид зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ ба протокол «Оид ба пешгирӣ ва рафти хариду фурӯши одамон»-ро қабул намояд.
Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии Конвенцияи СММ ва мутобиқ намудани қонунҳои кишвар ба он мебошад, - мегӯяд Абдуманон Ҳолиқов.
- Аз рӯи даромад, ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм истода, маблағи солона аз савдои одамон ба 30 миллиард доллар мерасад. Тибқи ҳисоботи Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шумораи ҷаҳонии гунаҳгорони вобаста ба савдои одамон дар соли 2013 нисбат ба соли 2012 беш аз 20 дарсад афзоиш ёфтааст.
Дар ҷаласаи парлумонӣ зикр гардид, ки тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар дар соли 2010-ум дар кишвар 531 ҷинояти марбут ба савдои одамон ба қайд гирифта шуда бошад, пас ин рақам дар соли 2013-ум 680 ҳолатро ташкил медиҳад. Ин омор шаҳодат медиҳад, ки сатҳи ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон сол ба сол боло рафта, амнияти давлат ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро халалдор менамояд. Мавриди зикр аст, ки солҳои охир дар якчанд шаҳру ноҳияҳои кишвар барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои савдои одамон Марказҳои дастгирии қурбониёни савдои одамон ва Созмонҳои марбут ба дастгирии занону духтарон таъсис ёфтаанд.
Бояд гуфт, ки лоиҳаи Қонун «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» аз 9 боб ва 48 модда иборат буда, сиёсати давлат дар самти муқовимат ба савдои одамон, асосҳои ташкилии муқовимат ба савдои одамон, расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти субъектҳои давлатиро дар самти бевоситаи муқовимат ба савдои одамон, ҳамкории байналмилалӣ ва дигар масоили марбут ба онро ба танзим медарорад.
Зимни баррасии лоиҳаи қонуни мазкур Маҳмудов Насрулло, муовини раиси кумитаи МН оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, иброз дошт, ки вакилони парлумон соли 2004 Қонун «Дар бораи мубориза ба хариду фурӯши одамон»-ро қабул намуда буданд. Ҳамчунин, тӯли 10 соли охир Ҷумҳурии Тоҷикистон санаду қонунҳои дигарро низ дар ин самт ба тасвиб расонидааст. Аммо сол аз сол намуд ва муносибатҳои ғайриқонунии нисбат ба тақдири инсонҳо натанҳо дар шакли хариду фурӯш, балки дар дигар шаклҳо ба вуҷуд омада, баъзан муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар ин самт берун аз танзими қонунҳои мавҷуда қарор мегиранд. Аз ин рӯ, пешниҳоди лоиҳаи Қонун «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» айни замон буда, он дар пешгирӣ аз савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни ин амали номатлуб нақши муҳим дорад.
Шодӣ Шабдолов, вакили Маҷлиси намояндагон, бо ёдоварӣ аз зарурияти ба тасвиб расидани ин қонун, иброз дошт, ки мавзеи асосии савдои одамон ба хусус, кӯдакон баъзе манотиқи сарҳадии кишвар аст. – Яъне баъзе ҷинояткорони одамфурӯш худ сокинони мавзеҳои наздисарҳадии кишвари мо буда, дар қочоқи маводи мухаддир фарзандон, набераву дигар пайвандони хешро ба гарав мегузоранд. Барои пешгирӣ аз ин гуна амалҳои хилофи инсонӣ, воқифгардонӣ ва пешгирии шаҳрвандон аз содир намудани чунин ҷиноятҳо, мебояд, ки мавзӯи одамрабоӣ тавассути шабакаҳои телевизионии сартосарӣ матраҳ шавад, - мегӯяд ӯ.
Мавсуф илова намуд, ки ҳолатҳои дигари савдои одамон ва қочоқи инсон аз тарафи сокинони дигар кишварҳо мебошад, ки шабона вориди қаламрави мо шуда, одамонро ба гарав мебаранд. Омили дигари сар задани ин гуна ҷиноятҳо тавассути сайёҳӣ рух медиҳад, ки шаҳрвандони моро бо баҳонаи тамошо ба дигар кишварҳо бурда, ба савдо мегузоранд. Инчунин, равандҳои номатлуб дар тамоми кишварҳои олам вуҷуд дошта, бештар шаҳрвандоне қурбони одамфурӯшон мешаванд, ки аз лиҳози иқтисодӣ мушкилӣ доранд.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки вақте лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» қабул мегардад, дар иҷроиши он натанҳо ниҳодҳои давлатӣ, балки ҳамаи шаҳрвандон эҳсоси масъулият дошта, дар мубориза ба муқобили савдои одамон саҳми худро гузоранд.
Ҳамин тавр, вакилон тамоми бандҳои моддаҳои лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон»-ро баррасӣ намуда онро қабул намуданд. Дар ин ҷаласа вакилони парлумони кишвар инчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқкунандаи шахсият»- ро низ баррасӣ намуда, қабул намуданд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ