Ба гуфтаи мавсуф мӯҳлати иҷроиши ин тарҳ 5 сол буда ин маблағ баҳри беҳдошти вазъи таъмини сокинони кишвар бо нерӯи барқ тавассути харидорӣ ва насби таҷҳизоти муосири каммасрафи барқӣ масраф хоҳад шуд. Яке аз масъалахои муҳиме, ки то ҳол ҳалли худро пурра наёфтааст, ин таъмини пурраи ахолӣ ба неруи барқ дар фасли сармо мебошад. Истеҳсоли неруи барқи обӣ , дар тобистон кофӣ буда, дар фасли зимистон ҳамагӣ 50 дарсадро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, лоиҳаҳои дар ин самт мавриди амал қароргирифта, дар ҳалли мушкилоти мазкур нақши бузург доранд.
Дар доираи тарҳи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз” созмонҳои молии “Имон-Интернейшнл” ва “Арванд” ба соҳибкорони ватанӣ, ба хусус, занҳои манотиқи кӯҳистон ба миқдори аз 500 то 2 ҳазор долари амрикоӣ қарзҳои ботахфиф дар назар дода шудааст. Гуфта мешавад, ки миқдоре аз ин маблағ барои бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ ва энерҷии офтобӣ истифода мешавад, - гуфт муовини Вазири молияи кишвар.
Зикр гардид, ки татбиқи лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз» дар ҳаллу фасли мушкилоти зерин мусоидат менамояд:
Коҳиш додани харроҷот барои сӯзишвории истихроҷшаванда.
Аз байн бурдани харобкунии ҷангалҳо.
Фароҳам овардани шароити таълим барои хонандагон тариқи таъмини мактабу манзилҳои сокинон ба рӯшноии барқӣ ҳангоми танқисии нерӯи барқ.
Дастрасии аҳолии деҳот ба воситаҳои ахбори омма.
Дастрасӣ ба қарзҳои хурди имтиёзноки дарозмуддат.
Ҳавасмандии иқтисодии молиявии рушди бахши хусусӣ барои таъмини ҷойҳои корӣ.
Диверситикацияи сабади қарздиҳии ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ.
Огоҳ намудани аҳолии оид ба фоидаовар будани нерӯи безарари офтобӣ.
Муовини Вазири молияи кишвар иброз медорад, ки ҳангоми вақти иҷрои лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз» натиҷаҳои зеринро интизоранд. Сатҳи хуби дониши аҳолӣ оид ба фоидаи нерӯи алтернативӣ таъмин гардида, васеъ намудани маблағгузории хурди қарздиҳӣ барои хариди таҷҳизоте, ки ба нерӯи алтернативӣ кор мекунад, дар бахши соҳибкории хурд мавриди баррасӣ қарор мегирад. Амалӣ гардидани ин лоиҳа ба афзоиши муштариёни ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ байни занон ва ҳамзамон, баҳри баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокии аҳолӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ мусоидат менамояд.
Дар ҳамин ҳол, Шодӣ Шабдолов, вакил аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, аз истифодаи тарҳҳои кумакҳои билоиваз дар бахши энерҷӣ интиқод намуда, иброз дошт, ки аз 310 нерӯгоҳи барқи обии хурде, ки тавассути кумакҳои билоивази созмонҳои молии байналмилалӣ бунёд ёфтаанд, хамагӣ 10 нерӯгоҳ ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ буда ва бахши дигари онҳо комилан аз фаъолият бозмондаанд.
Ин вакили парлумон пешниҳод кард, ки барои пешгирӣ аз камбудиҳои зикргардида, бояд дар вақти додани қарзҳо стандартҳои байналмилалӣ риоя карда шаванд. Вагарна лоиҳаҳо ва маблағҳои дастрастшуда натиҷаҳои самаранок намедиҳанд ва дар сурати иҷрои бесифати тарҳҳои мазкур дар оянда чунин грантҳоро барои мо ҷудо нахоҳанд кард.
Дар посух ба гуфтаҳои ин вакил, муовини аввали Вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, гуфт «Раванди иҷрои тарҳи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз” аз ҷониби масъулони Вазорати молияи ин кишвар ва намояндагони Бонки Осиёии Рушд таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирифта, барои иҷрои сифатноки лоиҳаҳои қарзӣ дар назди Вазорати молия «Маркази идоракунии лоиҳаҳо» таъсис дода шудааст.
Шодӣ Шабдолов: Додани карзҳо ба стандартхои байналмилалӣ риоя шаванд, вагарна бо ин лоиҳаҳо маблағҳо масраф шуда натиҷаи самаранок намедиҳанд. Дар сурати иҷрои бесифат, ки оянда ин грантҳоро зиёд чудо мекунанд, оянда аз онҳо мемонем.
Ҳамин тариқ, баъди муҳокимаи Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) оид ба Лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд он аз тарафи вакилон дастгирӣ ёфт.
Ҳамчунин, дар рӯзи 21-уми майи соли равон вакилони Маҷлиси намояндагон МО Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зеринро баррасӣ намуданд:
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти рататсионӣ»
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҷамолиддин Сайфиддинов