Сарвари давлат ба масоили фарҳанги хонаводагӣ, ҳуқуқу манфиатҳои модару кӯдак, ҳифзи саломатии онҳо ва фарогириашон ба ҳама имкониятҳои иҷтимоию ҳуқуқӣ дахл намуда аз боби ворид сохтани тағиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди фарзандхонӣ супориш доданд. Дар боби 19-и Кодекси оилаи ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала аз нигоҳи ҳуқуқӣ матраҳ гаштааст ва ҳуқуқшиносонро зарур аст, к ибо назардошти моҳияти масъала ва нозукиҳои он дар қаламрави кишвар тағйиру иловаҳо ворид созанд, то раванди фарзандхонӣ барои оилаҳо дастрас бошад. Пас, фарзандхонӣ аз нигоҳи қонун чист?
БОБИ 19.ФАРЗАНДХОНДӢ
Моддаи 125. Кӯдаконе, ки онҳоро ба фарзандхондӣ қабул кардан мумкин аст
1. Фарзандхондӣ шакли афзалиятноки ҷобаҷокунии кӯдакони бе парастории падару модармонда мебошанд.
2. Фарзандхондӣ нисбати кӯдакони ноболиғ танҳо манфиатҳои онҳо бо риояи талаботи моддаи 124 Кодекси мазкур, ҳамчунин бо дарназардошти имконияти инкишофи пурраи ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак иҷозат дода мешавад.
3. Фарзандхондии бародарону хоҳарон аз ҷониби шахсони гуногун, ба истиснои ҳолатҳое, ки фарзандхондӣ ба манфиати кӯдак мебошад, иҷозат дода намешавад.
Тартиби фарзандхонӣ дар Кодекси оила ба таври зайл нишон дода шудааст:
Моддаи 126. Тартиби ба фарзандхондӣ қабул кардан
1. Фарзандхондӣ дар асоси аризаи шахсоне (шахсе), ки кӯдакро ба фарзандӣ қабул кардан мехоҳанд, аз тарафи суд расмӣ карда мешавад. Парвандаҳои фарзандхондиро суд ба тартиби мурофиаи махсус баррасӣ менамояд.
Парвандаҳои фарзандхондӣ дар суд бо иштироки мақомоти васояту парасторӣ ва прокуратура баррасӣ мегардад.
2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихоби худ ба суди маҳали истиқомати кӯдаки ба фарзандхондӣ қабулшаванда ё ба суди маҳали истиқомати худ барои ба фарзандхондӣ гирифтани кӯдак ариза медиҳанд.
3. То аризаи фарзандхондиро баррасӣ намудани суд мақомоти васояту парасторӣ вазифадоранд шароити зиндагии шахсеро, ки хоҳиши ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдакро дорад, санҷида, муайян кунанд, ки фарзандхондӣ ба манфиати кӯдак аст ё не, оё барои фарзанд хондан монеае ҳаст, инчунин муносибати кӯдак ба фарзандхондӣ ва фикри ӯро барои ба фарзандхондӣ қабул шуданаш муайян намуда, хулосаҳояшонро дар хусуси имконияти фарзандхондӣ ба суд пешниҳод намоянд.
Мақомоти васоят ва парасторӣ вазифадоранд ба шахсоне(шахсе), ки кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул мекунанд, дар бораи саломатии кӯдак маълумот диҳанд.
4. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои фарзандхонда ва фарзандхондишуда аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондӣ оғоз меёбад.
Фарзандхонд шудани кӯдак бояд мувофиқи тартибе, ки барои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муқаррар гардидааст, дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифта шавад.
Суд вазифадор аст, ки дар давоми се рӯзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома дар бораи фарзандхондӣ ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли қабули ҳалнома иқтибоси ин ҳалномаро фиристад.
Хуб, дар ин ҷо қонунгузор паҳлуҳои муҳими ин амалро баррасӣ кардааст ва тибқи дастури Сарвари давлат ин масъала бори дигар бояд мавриди таҳлилу омӯзиш қарор бигирад ва мутобиқи талаботи ҷомеа ва ниёзҳои мардум шаффофу дастраси ҳамагон гардад. То имрӯз ҷараёни фарзандхонӣ шояд мушкилоти зиёди ҳуҷатнигорӣ, ҳуқуқӣ ва дурударозро талаб мекард ва бо назардошти сабук сохтани раванди фарзандхонӣ он бояд аз нигоҳи ҳуқуқӣ тағйир дода шавад. Имрӯз ятимони кул, кӯдакони бепарастор кам нестанд ва дар муҳити оилае ба таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо кафолати ояндаи некашон хоҳад буд. Аз ҷониби дигар, шояд бо ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба оилаҳое, ки ятимонро ба фарзандӣ қабул мекунанд, имтиёзҳои моддӣ ва иҷтимоӣ дода шаванд. Ин ба масъулияту донишу малака ва пешниҳоди қонунгузорон бастагӣ дорад ва умед аст, тағйиру иловаҳои ба Кодекси оила танҳо ба манфиати кор хоҳанд буд.
Р.Камол