Ҳарчанд инсон вобаста ба шароиту имкониятҳои мусоиди ҷамъиятӣ ва муҳити солим ташаккул меёбад ва нақши зан дар тарбияву таълими наврасон дар ҷои аввал меистаду ҳамчун ҳидоятсози ояндаи наврасон дар роҳи маърифати ҷомеа саҳм мегирад, боз бисёр хатарнок аст, ки худ олудаи ҷиноят бошад. Дар адабиёти психологию антропологӣ садҳо мақолаҳо доир ба мавзӯи нақши модар ва саҳми алоҳидаи падар дар роҳи ташаккулу такомули тифл иншо шудаанд. Ҳарчанд тарбияи фарзанд вазифаи танҳо як модар ё падар ва ё мактабу муҳити зист нест, аммо модар соҳибмактабест, ки дар ягон таълимгоҳ фанни ӯро омӯхта наметавон. Тарбия ва таълими инсон маҷмӯи даҳҳо ва садҳо омилҳоест, ки он ҷо, албатта, нақши падару модар мақоми меҳвариро дорад. Иммануил Кант таъкид мекунад, ки «инсонро бояд шахсе тарбия кунад, ки худ тарбияи комил гирифта бошад». Агар нақши аввалиндараҷаи тарбияи фарзандро модарон ба зимма дошта бошанду боз ба чунин ҷиноятҳои нанговар даст зананд, пас, аз кӣ бояд гила кард?
Аз нигоҳи маорифпарварону мутафаккирони гузашта танҳо тарбия асрори такомули табиати инсонро дар худ сабт кардааст. Аммо таълиму тарбияи нафари алоҳида берун аз муносибатҳои ҳаётӣ, дур аз муҳити иҷтимоию фарҳангӣ тасаввурнопазир буда, ҳадафҳои ҳамин таълиму тарбия аз зарурату талаботи ҳаётӣ, аз имконияту шароитҳои ҷамъиятӣ манша мегирад. Вақте ки тарбияи оиларо дар назар дорем, ҳаргиз муҳити маҳали зист ва робитаи наврасро бо атрофиёни ҳамсолаш дар берун аз оила сарфи назар намекунем. Яъне на танхо даст ба ҷиноят задани бонувон ҳаёти худашонро дар зери хатар мегузоранд, балки таъсири манфие ба ҷомеа низ мерасонад.
ОМОР
Дар соли 2013 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 723 (621- соли 2012) парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба занҳо оғоз ва мавриди тафтиш қарор дода шудааст, ки аз ин теъдод бонувон дар 158 ҳолати ғоратгарии молумулк, 156 қаллобӣ, 115 авбошӣ, ба 38 манзили фоҳишагӣ ҷалб намудани чавонон, 6 садамаи нақлиётӣ ва дар 28 ҳолати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир даст доштаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди ҷиноятсодиркунандагон аҳолии шаҳр буда, танҳо соли 2013 дар пойтахт бонувон ба 115 ҷинояти авбошӣ даст задаанд. Тибқи ахбори пешниҳоднамудаи Вазорати корҳои дохилӣ сатҳи ҷинояти бонувон дар вилояти Суғд аз ҳама беш буда, танхо дар шуъбаи тафтишотии РВКД Суғд 149 ҷиноят сабт гардидааст. Дар шуъбаи тафтишотии РВКД Хатлон бошад, 126 ҳолати ҷинояти занон ба қайд гирифта шудааст.
Чаро бонувон даст ба ҷиноят мезананд?
Ба ин савол Асадулло Муллоҷонов устоди Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, гуфт: «Сабаби ба ҷиноят даст задани бонувон, пеш аз ҳама, аз заиф будани тарбияи хонаводагӣ арзёбӣ мегардад. Инчунин бо сабаби бад будани вазъи иқтисодӣ, набудани ҷои кор, надоштани шавҳар, огаҳӣ надоштан аз ҳуқуқҳои худ бонувон ҷиноят содир мекунанд.»
Раъно Ширафова, ба ҷурми дуздӣ зиндонигарида, гуфт: «Ҳеҷ инсон намехоҳад, ки дар назди ёру дӯст сархам бошад. Шавҳарам дар Россия буд, пул роӣ намекард, мушкилоти рӯзгор боис гардид, ки даст ба ҷиноят задам. Дар панҷ соли дар маҳбас буданам, дарк намудам, ки инсон вақте Рӯзидиҳандаи худро фаромӯш мекунад, ба чунин корҳо даст мезанад. Афсӯс, иштибоҳи худро вақте дарк намуда, пушаймон шудам, ки аллакай номам доғдор шуд.»
Муҳайё Салимова, хонашинзане, ки баъди худро оташ задан, бо ёрии духтурон зинда монд, сабаби ба чунин кор даст задани худро чунин шарҳ дод: «Маҳдудиятҳоям дар оила зиёд буданд. Шавҳарам намегузошт, ки худ танҳо ба хонаи зодмандон равам. Вақте зан наметавонад хостаҳояш бароварда шаванд, дар зиндони зиндагӣ асир мегардад. Кори ношоистаи ман шояд барои интиқом буд. Гарчанде баъди худсӯзӣ зинда мондам, аммо дур аз оила зиндагӣ дошта, худамро сабабгори бадбахтиам медонам. Кӯтоҳандешӣ инсонро ба чунин рӯзҳо оварда мерасондааст».
Аз нигоҳи равоншиносӣ
Равоншиносон бар он назаранд, ки баъзе занон дониста даст ба ҷиноят мезананд, гурӯҳе надониста. Аммо он чи ки бештари бонувононро ба ҷиноят водор мекунад, ин талаботи нафсонӣ- эҳсосӣ, муҳаббат, нафрат, рашк, ранҷиш, кина, тарс ва ғайра аст. Бархе аз тақдир мебинанд, ки гӯё сарнавишт онҳоро ба ин роҳ мебарад. Ба гуфтаи равоншинос Мадина Иргашова омилҳои равоние мисли муҳити носолим дар оила, буҳронҳои синнусолӣ, беназоратӣ аз тарафи зодмандон, бо гурӯҳи ҷомеаи бадахлок дӯст шудан ва хоҳиши дар маркази диққати ҳамсолон будан, сабаби ҷинояткорӣ миёни бонувон мегардад.
Барои ба воя расонидани фарзанди солим падару модар бояд ҳар рӯз вақт ҷудо кунанд. Мутаассифона, бисёр зодмандони наврасон дар муҳоҷират ҳастанд ё худ ҷинояткор ё ин ки аз серкорӣ барои тарбияи фарзандон вақт намеёбанд.»
Натиҷа
Файласуфе фармуда: «Ҷиноят аломати носолимии ҷомеа аст.» Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки кадом кишваре, ки дар он сатҳи зист хуб асту шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъминанд, ҷиноят камтар аст. Ҷомеа замоне солим мегардад, ки аз ҷиноят тоза шавад. Дар ҷомеаи мо пеш аз ҳама бояд дониши ҳуқуқии бонувонро баланд бардошта, бо ҷойи кор таъмин шаванд. Занон соҳиби маоши баланд гарданду рисолати модарии худро ба иҷро расонанд.
Абдуҷалили Амон