Дар моддаи аввали боби нахустини конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ мешавад. Ин маънои онро дорад, ки давлат тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор,оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва дигаронро зери парасторӣ ва ғамхорӣ фаро мегирад. Ҳамчунин инсон ва ҳуқуқу озодиҳояш дар навбати аввал зери ҳимо қарор дорад. Зарурати қабули конститутсияи нав бо ба даст омадани истиқлолияти кишвар ба миён омад.Дар баробари ин дигаргуниҳои хеле ҷиддии олам тақозо мекард, ки санади тозае барои давлати соҳибистиқлол таҳия ва қабул гардад.Талаботи дигар ин вазъи худи замони муосир буд, ки хоҳу нохоҳ ин санади муҳимро тақозо мекард. Зеро дар ҳама давру замонҳо бо зуҳури давлату давлатдорӣ зарурати муаяйн сохтани сохтор, ба низом овардани муносибатҳои мухталифи табақаҳои иҷтимоии ҷомеа, ҳуқуқу манфиатҳои одамон,тарғиби идеология ва пойдории давлату ҷамъият санаде мураттаб мешуд, ки фарогири ҳама ҳадафҳои давлат бошад. Ин санад дар таърих ба унвони Конститутсия эҷод гардид ва то имрӯз ҳамчун санади асосӣ шинохта мешавад. Тоҷикистон маҳз дар замони Истиқлолияти сиёсию давлатӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд. Ҳарчанд ки қаблан мо чунин санад доштем, аммо он пурра ҷавобгӯи ҳадафҳои давлату миллат набуд ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон зарурати ба низом даровардани самтҳои муҳими давлати мухтори тоҷиконро ба миён овард. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои пешина фарқ ва афзалият дошт. Қабл аз ҳама дар боби аввали он сохтор ва шакли давлатдории Тоҷикистон муаяйн шуд.
Дар Конститутсияи нави кишвар бисёр арзишҳои миллию давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон мақому манзалати вижа пайдо карданд ва он аз конститутсияҳои қалбӣ хеле афзалият ҳам дорад. Масалан, бори аввал дар масири таърих баъди садсолаҳо забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ расман эълон гардид ва рамзҳои давлатӣ чун муқаддасоти давлату миллат ба ҳукми қонун шинохта шуданд. Мутобиқи ин талаботи конститутсия коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ,таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ,сабти асноди шаҳрвандӣ ва дигар муносибатҳои меҳнатӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд.
Афзалияти дигари ин санад таҳияи боби алоҳида оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон аст ва бори аввал мафҳуми инсон дар чаҳорчӯбаи қонуни асосии давлат баррасӣ ва эътироф гардид. Мутобиқи конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд ва давлат ба ин кафолат медиҳад.
Дар боби ҲУҚУҚ, ОЗОДӢ, ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД ба таври комил муайян шудаанд, ки ин нуктаҳо дар конститутсияҳои қаблӣ анқариб набуданд.Ва тибқи конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.
Масъалаи дигаре, ки ба он таваҷҷуҳи хос дода шуд, бунёди оила, мақому мартабаи марду зан, падару модарон ва тарбияи фарзандон аст. Давлат оила ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро ҳимоя мекунад. Модару кӯдак ҳамеша зери ҳимояи давлат қарор доранд ва дигар муносибатҳои оилавӣ ҳам тариқи он ба танзим оварда мешаванд. Ин нуктаҳо дар моддаҳои 33 ва 34 зикр гардидаанд.Боз вазифа ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон ҳам ба низоми муайяни ҳуқуқӣ дароварда шуданд.
Аз ҷониби дигар, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро вазифадор менамояд, ки риояи ҳама талаботи ин санад ҳатмӣ аст, яъне шаҳрвандон дар ҳама ҳолатҳо бояд талаботи конститутсияро риоя кунанд. Дар вақти риоя накардани талаботи конститутсия мутобиқи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ муайян мешавад.
Мутобиқи ин санад ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.
Бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парламенти дупалатагӣ-Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис дода шуд ва боби алоҳида оид ба мақому салоҳияти онҳо таҳия гашт. Имрӯз мутобиқи ҳамин талаботи конститутсия парламенти кишвар фаъолият менамояд ва низоми ягонаи ҳуқуқиро таъмин ва таҳияи санадҳои танзимкунандаи фаъолияти самтҳои асосии ҷомеаи моро зери назорат гирифтааст.
Дар боби 4 мақому манзалати Президент ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия муайян гардидааст.
Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арз, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад…
Таҳия ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати тозабунёди тоҷикон рӯйдоди муҳим ва мондагори таърихие буд, ҳаст ва хоҳад монд. Он ҳуқуқу озодиҳои инсонро чун сарчашмаи асосии пешрафти ҷомеа, поягузори суботи кишвар, ваҳдату ягонагии давлату миллат бозгӯ намуд. Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофу эҳтироми арзишҳои миллӣ, расму оинҳо дар раванди пуртаззоди ҷаҳонишавӣ омили воқеии пойдорӣ ва таҳкими истиқлолият арзёбӣ шуд. Воқеан, дар ҷомеаи суннатӣ, ки асрҳо бо анъаноти вижа шакл гирифтааст, таъмини низоми одилона ва устувор дар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ татбиқ мешаванд. Чунин низомро маҳз Конститутсияи (Сарқонуни ) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми як санади асосӣ бо шинохт ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ рисолати воқеии худ қарор додааст. Он ба ҳукми Қонуни асосӣ тамоми самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим намуда, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандонро зери ҳимоя гирифтааст. Муҳимтар аз ҳама, роҳнамоест барои имрӯзу фардои давлату миллат ва чун бахтномаи сарнавиштсоз моро ҳифз мекунад ва мебарад сӯйи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол.
Р.Камол