Шерхон Салимзода, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суханронии хеш дар назди вакилон иброз дошт, ки баҳри дар амал татбиқ намудан ва дуруст ба роҳ мондани сиёсати кадрӣ дар самти ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти прокуратура пешниҳод ва таъйин намудани кадрҳои ҷавон, лозим меояд, ки қисми 6-уми моддаи 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди таҷдиди назар қарор дода шавад.
Ба гуфтаи Шерхон Салимзода, меъёри мазкур тартиби ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани кадрҳоро танзим намуда, тибқи он шахсони ба вазифа пешниҳодшаванда бояд ба шарту меъёрҳои муқарраргардида ҷавобгӯй бошанд. Аз ҷумла, дар асоси қонунҳои амалкунанда кадрҳои ба вазифаи прокурори ВМКБ, шаҳри Душанбе ва вилоятҳо пешбаришаванда бояд собиқаи кории на кам аз 10 сол дар мақомоти прокуратура ва таҷрибаи 5 солаи кор дар вазифаҳои прокурори ноҳия ва шаҳрро дошта бошанд.
-Ҳолатҳое ҷой доранд, ки кормандони мақомоти прокуратура, ки бо собиқаи зиёди корӣ дар вазифаҳои муовини прокурори генералӣ, сардорони раёсатҳои прокуратураи генералӣ, дар вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти олии қонунгузорӣ ё иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ кор кардаанд. Аммо азбаски дар вазифаҳои прокурори шаҳр ё ноҳия кор накардаанд ё ин ки 4-4,5 сол кор кардаанд, барои ба вазифаҳои прокурори ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе вилоятҳо ё прокурори нақлиёти Тоҷикистон ҳуқуқи пешниҳод шудан ва таъйин шуданро надоранд.
Аз ин рӯ баҳри ба танзим даровардан ва гирифтани монеаҳо мебояд ба қисми 6 моддаи 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон", ба ҷойи калимаи «ки аз он 5 сол дар вазифаи прокурори ноҳия ё шаҳр кор карда бошад» ба калимаҳои «ки аз он 3 сол дар вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти прокуратура ва ё мақомоти олии қонунгузорӣ ва иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ кор карда бошад» иваз карда шавад.
Зимни баррасии Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» муовини раиси Кумитаи МН оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насрулло Маҳмудов гуфт: « Лоиҳаи мазкур аз тарафи ҳамаи кумитаҳои МН омӯхта, бо тағйиру иловаҳо муккамал гардонида шудааст». Мавсуф иброз дошт, ки лоиҳаи Қонуни мазкур ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меъёри санадҳои ҳуқуқӣ мухолифат надошта, қобили дастгирӣ мебошад.
Баъдан, Муҳиддин Кабирӣ, вакили МН аз прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсон шуд, ки чӣ зарурият дорад, ки барои пешбарӣ ба вазифаи прокурори ВМКБ шаҳри Душанбе ва вилоятҳо муҳлати шартии собиқаи корӣ кадрҳо дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ин мақомот аз 5 ба 3 сол кам карда шавад? Ё худ имконият додан барои пешбарии кадрҳо ба вазифаҳои мазкур аз дигар мақомотҳои қонунгузорӣ ва иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ маънии норасоии кадрҳо дар мақомоти прокуратураро дорад?
Дар посух ба суолҳои мазкур Шерхон Салимзода, прокурори генералии Тоҷикистон, гуфт: «Қаблан танҳо кадрҳои дорои собиқаи 10 солаи кор дар мақоми додситонӣ ва аз ин 5 сол дар вазифаи прокурори шаҳр ё ноҳияҳо метавонистанд, прокурори ВМКБ, шаҳри Душанбе ё вилоятҳо шаванд. Аммо кадрҳои баландихтисосе дорем, ки солҳои зиёд ба ҳайси муовини прокурори генералӣ кор карда, аммо тибқи меъёри то кунун амалкунанда ҳуқуқи таъйин шудан ба вазифаи прокурори ВМКБ, шаҳри Душанбе ва вилоятҳоро надоштанд.
Бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» собиқаи кории кормандони прокуратура, ки ба ҳайси вакили парлумон ё дигар вазифаҳои мақомоти олии қонунгузорӣ ва иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ кору фаъолият мекунанд, ба собиқаи кории вазифаи роҳбарикунандаи мақомоти прокуратура баробар дониста мешавад, мегӯяд Шерхон Салимзода.
Ҳамин тавр, баъди овоздиҳии вакилони парлумони кишвар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.
Ҳамчунин дар ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони МО ҶТ масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд.
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»».
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо»».
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»».
Оид ба Шартномаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм.
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ