Дигар чизеро ёд надорад. Шерзод аз ҳуш рафта буд. Замоне ба худ омад, ки рӯйи роҳ мехобад. Бо азобе аз ҷой бархост ва даст ба ҷайбаш бурд. Телефони мобилии тӯҳфакардаи амакаш, ки аз Русия оварда буду хеле арзиши калон дошт, набуд. Пулҳояшро ҳам рабудаанд. Қадаме гузошт, аммо дарди пой азобаш дод. Сару руяш ҳам дард мекарданд. Рӯяшро молид ва дасташ хунолуд шуд. Фаҳмид, ки сару рӯяш маҷрӯҳ, пояш зарб хӯрда сараш кафидааст. Аз нав беҳолиро ҳис кард ва рӯйи сабзаи сари роҳ нишаст. Алмаш омаду гирист.Чӣ номардист, ки ба касе кор надорию аммо туро бе ҳеҷ сабаб мезананд ва чизҳоятро мегиранд. Пеши рӯяш падараш омад,ки дар мардикорист. Модарашро ёд кард, ки барои ӯ шуда чӣ қадар талош кард, то донишҷӯ шавад… Аз нотавонии худ аламаш омад. Мешунид ва мегуфтанд рафиқонаш, ки шабҳо аз дарс дер наояд. Дар кӯчаҳои шаҳр шабона худашро эҳтиёт кунад, аммо ба ин кам эътибор медод, зеро бовар дошт, ки агар ба касе бадие накунӣ ва ба роҳи худ равон бошӣ, каси дигаре ба ту коре нахоҳад дошт. Вале акнун иштибоҳи худро фаҳмид, ки шабгардӣ дар ин шаҳри калон хатарнок будааст. Шерзод банди андешаҳо каме сардии ҳаворо эҳсос карду бо азобе аз ҷой бархост ва рафт ба кулбаи иҷораи донишҷӯӣ…
Дар талоши ҳақ
Рӯзи дигар Шерзод ба донишгоҳ бо сару рӯйи маҷрӯҳ омад ва ҳодисаро ба устодонаш гуфт ва тасмим гирифтанд, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳанд, то авбошонро ошкор кунанд. Шерзод умед дошт, ки дуздон ва авбошони ӯро лату кӯбкардаро меёбанд, аммо рӯзҳою ҳафтаҳо ва ҳатто моҳҳо сипарӣ шуданду касеро пайдо накарданд. Ва умуман, ҳар боре ба назди масъулони ин қазия мерафт, ҷавоби инкор мешунид ва бетарафию бепарвоии онҳоро эҳсос мекард. Вақте як нафар аз кормандони мақомот ба ӯ бо заҳрханд гуфт, ки «додар, дигар аз пайи ин кор нашав, зеро ин ҳодисаҳо бисёранд ва мо имкони кушодани ҳамаи ин ҷиноятҳоро надорем!», ноумед гашту дигар пайи ин талоши ҳақ нашуд… Аз ин ҳодиса як сол сипарӣ гашт. Захмҳои Шерзод шифо ёфтанд, аммо захми дигаре дар зеҳну қалби ӯ боқӣ монд. Ин осори ноумедӣ аз ҳақталошӣ, нобоварӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва беҳуқуқии чандин ҷавононе мисли ӯ буданд, ки баъди воқеаи ба сараш омада онҳо низ дучор шуданд. Нигоҳаш, андешаҳояш ва бовару хостаҳояш ба қадру манзалати инсон, ҳуқуқу озодиҳояш ва дигар арзишҳои зиндагию ҷомеа тағир хӯрданд. На, ӯ мисли он авбошону дуздон ба роҳи шикасти қонун, таҳқиру зӯроварӣ ва дигар кирдори бад нарафт, балки боз бештар сабуру ботаҳаммул шуд. Дигар ҳама вақт бо эҳтиёт ва тадбир амал мекард, аммо ҳамеша як фикр ӯро пайгир аст, ки он авбошону дуздон ҳанӯз ҳам озодона пайи озору таҳқир ва ғорати дигарон ҳастанду касе пеши роҳашонро гирифта наметавонад. Ана инаш аламовар аст!
Охир ба дастӣ , малахак…
Шерзод аз дарс барвақт омада буд ва каме вақти холӣ дошт. Телевизорро гирон кард ва барномае мерафт аз хадамоти матбуоти ВКД. Масъулон дар бораи дастгир шудани як гурӯҳи дуздону ғоратгарон иттилоъ медоданд. Ногаҳ чеҳраи шинос пеши рӯяш намудор шуд. Бале, ӯ яке аз ҷавононеро, ки он шаб ӯро лату кӯб карда буданд, шинохт.Ҷавони дузду авбошу ғоратгар бо дастони баста ва сари хам ба саволҳои корманди ҳифзи ҳуқуқ ларзида ҷавоб медод. Паҳлӯяш чанд ҷавони дигар сархам менишастанд. Сипас, дар бораи амалу рафтори ғоратгаронаи ин гурӯҳ иттилоъ доданд ва ба шаҳрвандон муроҷиат карданд, ки ҳар касе аз амалу кирдори ин ҷинояткорон осеб дида бошад, ба мақомоти ҳифзи ҳуҳуқ муроҷиат намояд. Шерзод сабукиеро дар руҳу равонаш ҳис кард. На аз он хотир , ки шояд акнун пулу телефонашро пайдо мекунад, балки аз дастгир шудани онҳо ва расидани ҳақ ба ҳақдор. Ӯ муроҷиат ҳам нахоҳад кард, зеро дигар ин барояш аҳмият надошт. Мисли ӯ чандин нафарони дигаре ҳастанд, ки аз рафтору амали ғоратгарона ва ҷиноятпешаи ин ҷавонон зарар дидаанд ва ҳамин басанда аст, то онҳо мутобиқи қонун ҷазо бинанд. Дигар эътимод кард, ки ҳар амали баду некро дар зиндагӣ ҳукме ва подоше интизор аст…
Шаби дигар
Шерзод телевизорро хомӯш кард ва ба айвончаи хона баромад. Шаб фаро расида буд болои шаҳр, аммо садои мошину садоҳои дигар оромиро халалдор месохтанд. Борон мерехт ва садои он дигар буд. Шерзод ба кӯча нигарист. Чароғҳои зиёди кӯча, сояи дарахтон, ҳаракати мошинҳо ва равуои одамон дар вуҷудаш эҳсои дигареро тавлид сохтанд. Бале, бо вуҷуди ин ҳама таззодҳо ва ҳаводис шаби ин шаҳр зебост. Ва набояд ҳаросу ташвиш дошт аз ин шабҳо. Зиндагӣ шабу рӯз бо шеваи худ идома дорад ва таровати хосе дорад. Дар қалби Шерзод баъди он воқеа ва як соли андешаҳои мағшуш боз меҳре падид омад. Меҳр ба ин шаҳр, меҳр ба шабҳои пурасрору нотакрораш, ки беҳтарин рӯзҳои ҷавониашро бо худ мебаранд. Қуввае вуҷудашро такон дод, ки паём аз бовару эътиқод ба худу ояндаи некаш буд… Ҳавасаш омад аз ин шаби боронӣ ва болопӯшашро бо худ гирифту ба кӯча баромад. Ба истиқболи ин шаби серуни боронӣ ва пурфасонаи шаҳр…
Р.Камол