Як масъалаи хеле ҷиддие, ки дар ҳошияи ин мушкил гиреҳхӯрда аст, алимент ва пардохти он аст. Ҳарчанд самтҳои танзимкунандаи ин масъала дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда хеле возеҳ муайян шудаанд, аммо надонистану нашинохтани уҳдадориҳо ва тартиби пардохту ситондани алимент аз ҷониби шаҳрвандон мутобиқи матлаб нест. Перомуни ин масъала занони гирифтори мушкилот ба саволу дархостҳои худ посух меҷӯянд. Мо зарур мешуморем, ки бахшҳои заруриро оид ба ин масъала аз Кодекси оилаи ҶТ манзур кунем, то занон ҳаққу ҳуқуқи худу фарзандонашонро дар доираи талаботи қонун донанд ва ҳимоя кунанд.
Дар фасли 5-и Кодекси оилаи ҶТ чанд бобу моддаҳо ин масъаларо баррасӣ ва аз нигоҳи талаботи ҷомеаи муосир, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, моддию маънавӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ба он ҳукми қонунӣ додааст. Пас, донистани онҳо муҳиманд…
Ф А С Л И V УҲДАДОРИҲОИ АЛИМЕНТДИҲИИ АЪЗОИ ОИЛА
БОБИ 13. УҲДАДОРИИ АЛИМЕНТДИҲИИ ПАДАРУ МОДАР ВА ФАРЗАНДОН
Моддаи 80. Уҳдадориҳои алиментдиҳии падару модар барои таъминоти фарзандони ноболиғ 1. Падару модар вазифадоранд, ки фарзандони ноболиғи худро таъмин намоянд. Тартибу шаклҳои таъминоти фарзандонро падару модар мустақилона муайян менамоянд. 2. Падару модар ҳуқуқ доранд дар мавриди таъминоти фарзандони ноболиғи худ созишнома (созишнома дар хусуси пардохти алимент) мувофиқи боби 16 ҳамин Кодекс) банданд. 3. Агар падару модар фарзандони худро таъмин накунанд, маблағ барои таъминоти онҳо (алимент) аз падару модар тибқи тартиби муқаррарнамудаи судӣ ситонида мешавад. 4. Ҳангоми набудани созишномаи падару модар дар мавриди пардохти алимент, ҳангоми таъмин накардани фарзандони ноболиғ ва ҳангоми ба суд пешниҳод накардани даъво мақоми васоят ва парасторӣ ҳақ дорад нисбат ба падару модар ( яке аз онҳо) дар хусуси ситонидани алимент барои фарзандони ноболиғ даъво пешниҳод кунад. Моддаи 81. Андозаи алименте, ки барои кӯдакони ноболиғ тибқи тартиби судӣ ситонида мешавад 1. Ҳангоми мавҷуд набудани созишнома дар хусуси пардохти алимент барои фарзандони ноболиғ суд аз падару модари онҳо ҳар моҳ ба андозаи зерин алимент мерӯёнанд: барои як фарзанд чорьяк, барои ду фарзанд сеяк, барои се фарзанд ва зиёда аз он - нисфи музди меҳнат ва даромади дигари падару модар. 2. Ҳаҷми ин саҳм бо назардошти вазъи моддӣ ва оилавии тарафҳо ва дигар ҳолатҳои қобили таваҷҷуҳ аз ҷониби суд кам ё зиёд карда шуданаш мумкин аст. 3. Агар кӯдакон таҳти таъминоти пурраи давлат ё ташкилоти ҷамъиятӣ қарор гирифта бошанд, суд ҳуқуқ дорад андозаи алиментро кам кунад ё аз пардохти он озод намояд. Маблағҳое, ки аз падару модар барои таъминоти кӯдакони дар муассисаҳои кӯдаконаи давлатӣ ҷойгиркардашуда пардохта мешаванд, дар ҳаҷми муқаррарнамудаи қисми якуми ҳамин модда ба ҳисобномаҳои шахсии тарбиятгирандагон дар бонкҳои амонатӣ гузаронида мешавад… Моддаи 84. Ситонидан ва истифодаи алимент барои кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд 1. Барои кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, алимент мутобиқи моддаҳои 81–83 ҳамин Кодекс ситонида шуда, ба васии (парастори) кӯдак пардохта мешавад. 2. Алименте, ки аз падару модар барои кӯдакони бе парастории падару модар монда ва дар муассисаҳои дахлдори тарбиявӣ, табобатӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои дигари ба ин монанд қарордошта ситонида мешавад, ба ҳисобномаҳои ин муассисаҳо гузаронида шуда, дар онҳо вобаста ба ҳар кӯдак алоҳида ба ҳисоб гирифта мешавад. Муассисаҳои мазкур метавонанд ин маблағро ба бонкҳо ва муассисаҳои дигари кредитӣ гузаронанд. Панҷоҳ фоизи даромаде, ки аз муомилоти маблағи воридгардидаи алимент ба даст меояд, барои таъминоти кӯдакон дар ин муассисаҳо истифода мешавад. Ҳангоми муассисаи мазкурро тарк кардани кӯдак, маблағи алименти барои ӯ гирифташуда ва панҷоҳ фоизи даромад аз муомилоти он дар шӯъбаи бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суратҳисоби шахсии кӯдак гузаронида мешавад. Моддаи 85. Ҳуқуқи фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнат ба алимент 1. Падару модар вазифадоранд, ки фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнати ба кумак эҳтиёҷманди худро таъмин намоянд. 2. Дар сурати мавҷуд набудани созишномаи пардохти алимент суд ҳаҷми алиментро, ки барои кӯдакони болиғи ғайри қобили меҳнат ҳар моҳ бо пули устувор ситонида мешаванд, бо назардошти вазъи моддию оилавӣ ва дигар манфиатҳои қобили таваҷҷуҳи тарафҳо муайян менамояд. Моддаи 86. Ҳуқуқи фарзандони болиғи таҳсилкунанда ба алимент 1. Суд метавонад барои фарзандони ба синни балоғат расида, ки донишҷӯёни таҳсили рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мебошанд, мутаносибан то ба синни бистсолагӣ ва бистучорсолагӣ расиданашон аз падару модар алимент ситонад. (ҚҶТ аз 26.12.11с. №791) 2. Андозаи алименти ҳар моҳ бо пули устувор ситонидашаванда аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилавӣ ва манфиатҳои қобили таваҷҷуҳи тарафҳо муайян карда мешавад…
БОБИ 16.СОЗИШНОМАИ ПАРДОХТИ АЛИМЕНТ
Моддаи 100. Бастани созишномаи пардохти алимент Созишномаи пардохти алимент (андоза, шарт ва тартиби пардохти алимент) дар байни шахсе, ки алимент месупорад ва шахсе, ки онро мегирад ва дар сурати ғайриқобили амал будани шахсе, ки вазифадор аст алимент супорад ва (ё) гирандаи алимент - дар байни намояндагони қонунии онҳо, баста мешавад. Шахсони қобилияти амалашон маҳдуд созишномаи пардохти алиментро бо розигии намояндагони қонуниашон имзо мекунанд. Моддаи 101. Шакли созишномаи пардохти алимент 1. Созишномаи пардохти алимент дар шакли хаттӣ баста шуда, аз тарафи идораи наториалии давлатӣ тасдиқ карда мешавад. Риоя накардани шакли созишномаи пардохти алимент, ки қонун муқаррар кардааст, боиси оқибатҳое мегардад, ки меъёрҳои қонунгузории гражданӣ пешбинӣ намудааст. 2. Созишномаи пардохти алимент, ки дар идораи нотариалии давлатӣ тасдиқ шудааст, дорои эътибори варақаи иҷро мебошад.
БОБИ 17.ТАРТИБИ ПАРДОХТ ВА СИТОНИДАНИ АЛИМЕНТ
Моддаи 107. Бо ҳалномаи суд ситонидани алимент Дар сурати набудани созишномаи пардохти алимент аъзои оилаи дар ҳамин фасли Кодекс зикргардида ҳуқуқ доранд, ки бо талаби ситонидани алимент ба суд муроҷиат намоянд. Моддаи 108. Муҳлати муроҷиат барои гирифтани алимент 1. Шахсе, ки барои гирифтани алимент ҳуқуқ дорад, сарфи назар аз муҳлате, ки аз лаҳзаи пайдо кардани ҳуқуқи алиментгирӣ гузаштааст, метавонад дар хусуси ситонидани алимент ба суд бо ариза муроҷиат кунад. 2. Алимент барои давраи баъди муроҷиат намудан ба суд муқаррар карда мешавад. Алимент барои давраи гузашта метавонад дар ҳудуди муҳлати сесола аз лаҳзаи муроҷиат кардан ба суд ситонида шавад, агар суд муқаррар кунад, ки то муроҷиат кардан ба суд барои гирифтани таъминот саъю кӯшиш карда шудааст, вале бинобар сабаби саркашии шахси алиментдиҳанда аз пардохти он, алимент гирифта нашудааст. Моддаи 109. Муваққатан ситонидани алимент 1. Аз рӯи парвандаҳо дар бораи ситонидани алимент суд ҳуқуқ дорад, ки то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи ситонидани алимент ва дар сурати барои кӯдакони ноболиғ ситонидани алимент - то қабул гардидани ҳалнома дар бораи ситонидани алимент оиди муваққатан ситонидани алимент қарор барорад. 2. Андозаи алименти муваққатан ситонидашавандаро суд бо назардошти вазъи моддӣ ё оилавии тарафҳо муайян менамояд. Андозаи алименти муваққатан барои таъминоти кӯдакони ноболиғ ситонидашаванда мутобиқи моддаи 81 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад… |
Эзоҳ: дар баррасии матлаби мазкур аз Кодекси оилаи ҶТ бобҳо ва моддаҳои дахлдор интихоб ва манзур гаштанд. Маълумоти боз ҳам муфассалро метавонед аз кодекс дастрас намоед.
„Бонувони Тоҷикистон“