Ситора исми сохтаи як зани 26- сола аст, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ 3 маротиба барои машғул шудан ба амалҳои фоҳишагӣ боздошт шудааст. Аслан вай аз як ноҳияи вилояти Хатлон ба Душанбе корҷӯйӣ омадааст. Ситора мегӯяд, рӯзҳои нахуст дар суроғи шуғле мисли пазандагӣ, пешхидматӣ ва амсоли инҳо мегашт. Аммо дӯстоне, ки дар пойтахт пайдо кард, ба ӯ пешниҳод намуданд, ки „ба шуғли сабуктар ва сердаромадтар“ машғул шавад.
– Зиндагӣ маҷбур кард, ки таъмини рӯзгорро худам ба уҳда гирам. Нияти ман ин „касб“ набуд, аз сабабе, ки даромади зиёд дорад, дигар ба ҳамин кор рафтам, чӣ илоҷ, – далел меорад Ситора.
Вале масъулин мегӯянд, ки чунин нест. Чандин нафар аз занҳое, ки ба фоҳишагӣ машғуланд, аслан намехоҳанд ба кори дигар пардозанд. Ин корро барои худ ҳамчун касб интихоб кардаанд.
Сумангул Тағоева, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, мегӯяд, ки дар ҷумҳурӣ то моҳи июни соли ҷорӣ 1597 „фоҳиша“ ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондод 248 нафар зиёдтар аз ҳамин давраи соли гузашта аст.
– Бештари ин занҳо аз навоҳӣ ба шаҳрҳо меоянд. Аз ҷумла, ба Душанбе аз навоҳии гирду атроф ва аз бархе ноҳияҳои вилояти Хатлон меоянд ва ба ин кор даст мезананд. Вақте бо ин гуна занҳо суҳбат мекунем ва сабаби ба ин кор даст заданашонро мепурсем, мегӯянд, ки аз ночорӣ ба ин бадахлоқӣ даст мезанем. Вале ба чанд нафараш ҷойи кор пешниҳод намудем, қабул накарданд. Мутаассифона, роҳи бадахлоқиро пеша кардаанд. Аз оқибати кори худ намеандешанд, роҳеро интихоб кардаанд, ки оянда ҳам ба саломатии худ ва ҷомеа зарари калон дорад,– илова мекунад Сумангул Тағоева.
Бино ба иттилои раиси кумитаи мазкур аз 1597 нафар ҳудуди 50 нафарашон духтарони ноболиғ ҳастанд. - Дар рафти суҳбатҳо,– мегӯяд С. Тағоева, – бархе аз ин занҳо ба ҳарфи мо гӯш дода, бадахлоқиро партофта, ба манзили падару модари худ бармегарданд ва ё ба корҳои дигар мепардозанд.
Иддаои Сумангул Тағоеваро, ки мегӯяд, бисёре аз занҳои сабукпо аз навоҳӣ ба шаҳрҳо меоянд ва ҷойи иқомати доимӣ надоранд, Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе таъйид мекунад. Бино бар иттилои С. Мирзохӯҷаев, муовини сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, то моҳи июл дар Душанбе 284 нафар „фоҳиша“ ба қайд гирифта шудааст.
–Ҳар моҳ аз 4 то 6 маротиба амалиёт мегузаронем. Аз кӯчаҳои Душанбе ин гуна занҳоро боздошт мекунем. Дар бархе аз тарабхонаҳову дискоклубҳо ҳам барои худ „муштарӣ“ меҷӯянд. Аксарияти ин занҳо аз навоҳӣ ба пойтахт омада, ба ин амалҳо даст мезананд. Мо онҳоеро, ки шахсияташон маълум нест, ба қабулгоҳи махсуси раёсат бурда, то муайян кардани шахсияташон нигаҳ медорем, – мегӯяд ӯ.
Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои машғул шудан ба амалҳои фоҳишагӣ ҷарима таъйин шудааст. Дар моддаи 130 Кодекси маъмурии ҶТ омадааст:
„Барои машғул шудан ба фоҳишагӣ ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад“.
Мақомоти қудратӣ ҳам ба ҷуз аз ҷарима кардан нисбати онҳое, ки ба фоҳишагӣ машғул мешаванд, чораи дигаре наметавонанд биандешанд. Чун қонунгузорӣ пешбинӣ накардаст. Ин далел аст, ки фоҳишаҳо бидуни тарс аз қонун амали бадахлоқонаи худро идома медиҳанд.
Манбаи мо аз Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе мегӯяд, бархе аз ин занҳоро то 5 – 6 маротиба ҳам бо ҳамон як ҷурм – машғул шудан ба фоҳишагӣ дастгир мекунанд ва ба шуъбаҳои корҳои дохилии пойтахт интиқол медиҳанд. Аммо бо ҷарима бастан, эшон аз чанги мақомот раҳо мешаванду фардо шаб аз сари нав „муштарӣ“ меҷӯянд.
Ин масъул меафзояд, ки барои бе қайди ҷойи зист дар шаҳрҳо истиқомат кардани сокинони минтақаҳои дигари кишвар монеаи қонунӣ мавҷуд нест. Бинобар ин, мақомот пешниҳод доранд, ки барои ҷилавгирӣ аз ривоҷ ёфтани фоҳишагӣ ҷазои сангинтар таъйин карда шавад. Онҳо меафзоянд, ки чунин як лоиҳаи санаде дар ҳоли омодашавӣ аст, аммо маълум нест кай қабул хоҳад гардид. Ҳамчунин чи нуктаҳое дар ин лоиҳа ҷой доранд, ҳанӯз рӯшан нашудааст.
Аммо то замоне, ки ҷазои фоҳишагӣ сангин мегардад, Ситора ва „ҳамкасбонаш“ бо пардохтани ҷарима шуғли худро идома медиҳанд. Дар ҳоле, ки раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Сумангул Тағоева аз зарари ҷисмонӣ доштани фоҳишагӣ сухан мекунад, Ситора мегӯяд, ки ҳоло дар фикри ояндааш нест. Ҳамаи талоши вай ин аст, ки имрӯзашро пушти сар кунад.
Ё. Ҳалимов