Масоили ҳуқуқӣ вобаста ба талаботи давру замон ва раванди ислоҳоти соҳоти ҷомеа тағйир мехӯрад. Дар ин росто зарурати қабули санадҳои вижаи танзимкунандаи масоили ҳуқуқӣ ба миён меоянд. Санадҳое, ки ба танзими масъалаҳои ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон равона шудаанд, ҷойгоҳи хос доранд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ“ аз зумраи чунин санадҳост. Мутобиқи омор ва таҳлилҳои мутахассисон имрӯз ҳам фоизи муайяни шаҳрвандон аз бисёр талаботи қонуни мазкур бояду шояд огоҳ нестанд. Вобаста ба паҳлуҳои муҳими санади мазкур маҷалла бо Муслима Миразизова-корманди масъули Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати тахассусиро доир кард.
Савол: Муслима Саъдуллоевна, баъзе падару модарон имрӯз ҳам барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуди фарзандонашон ба мақомоти сабти аснод хеле дер муроҷиат мекунанд. Ин амали онҳо чӣ оқибатҳо дорад?
-Мувофиқи банди 4 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ“ ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдак бояд на дертар аз се моҳ баъд аз таваллуди кӯдак пешниҳод гардад. Гузаронидани муҳлати муқарраршуда барои рад кардани бақайдгирии давлатии таваллуд аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ асос шуда наметавонад. Инчунин, қайди давлатии таваллуди кӯдаки яксола ё аз он калонтар дар асоси аризаи падару модар ( яке аз онҳо) ё шахсони манфиатдор дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷати дар шакли муқарраршуда дар бораи таваллуд, ки аз тарафи муассисаи тиббӣ ё табиби ба фаъолияти хусусӣ машғулбуда дода шудааст, гузаронида мешавад. Ҳангоми бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки яксола ё аз он калонтар бояд маълумотнома оид ба мавҷуд набудани сабти асноди таваллуди кӯдак, ки аз ҷониби бойгонии дахлдори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода шудааст, пешниҳод карда шавад. Қайди давлатии таваллуди кӯдаки яксола ё аз он калонтар, танҳо аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия ва шаҳр гузаронида мешавад.Қайди давлатии кӯдаке, ки ба балоғат расидааст, дар асоси аризаи худи ӯ гузаронида мешавад.
-Масъалаи дигар номгузорӣ ва интихоби насаби фарзандон аст. Баъзеҳо ному насаби фарзандонашонро „тоҷикӣ“ мегузоранд, яъне бе „ов“ ва „ова“, аммо дигарон чун солҳои қабли бо шакли „русӣ“. Кадомаш аз рӯйи талаботи меъёрҳои сабти асноди шаҳрвандӣ аст?
-Мувофиқи талаботи бандҳои 1 ва 2 моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ“ насаби кӯдак дар вақти бақайдгирии давлатии таваллуд бо насаби падару модараш сабт карда мешавад. Дар сурати гуногун будани насаби падару модар насаби кӯдак бо мувофиқаи падару модар бо насаби падар ё бо насаби модар, ё ин ки бо номи падар тибқи қисми 2-и моддаи 2 –и мазкур сабт карда мешавад. Насаби кӯдак, инчунин бо хоҳиши падару модар тибқи анъанаҳои миллӣ аз номи падар, решаи насаби ӯ бо илова намудани суффиксҳои „зода“, „зод“, „ӣ“, „ий“, „иён“, „пур“, „духт“ ва ё унсурҳои „пурӣ“, „духти“ ё бо роҳи пас аз номи кӯдак, ё номи падари ӯ илова кардани решаи насабаш ташаккул меёбад.
-Онҳое,ки ному насаби миллӣ доранд, яъне бе „ов“ ва „ова“, имрӯз талош доранд, то боз бо ҳамон ному насаби маъмулӣ сабти ному насаб кунанд. Сабаб дар чист?
-Тайи солҳои 1989–2009 пас аз қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ сабтгузории кӯдакон бе пурра будани банди насаб, яъне бо тарзи анъанаҳои миллӣ, масалан: Рухшонаи Азиз, Тоҳири Масъуд, Рухшонаи Азизӣ ё Тоҳири Масъудзода хонапурӣ гардиданд, ки дар ин ҳолат пас аз номи кӯдак номи падар навишта гардида, банди насаби шаҳрванд хонапурӣ нагардидааст. Вале бо ҷорӣ гардидани шиносномаи миллӣ пурра будани банди насаби шаҳрванд талаб карда мешавад.Аз ин нигоҳ он шаҳрвандоне, ки ҳангоми хонапурӣ кардани сабт банди насабашон холӣ аст (онҳое, ки соҳиби шиноснома набошанд), метавонанд мувофиқи талаботи моддаҳои 73–77 Қонуни Ҷ Т „Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ“ банди насаби худро аз насаби хонаводагии яке аз волидонашон ( дар ҳолати гуногун будани насаби волидон) ё насаби хонаводагии падар пурра намоянд. Агар шаҳрванди синни болиғ хоҳиш намояд, ки банди насабаш аз номи бобояш, ё ин ки аз номи падар барои аз байн нарафтани номи бобо, ё номи падар дар оянда пурра карда шавад, он гоҳ мувофиқи талаботи моддаҳои 67–72 –и қонуни мазкур ҳуқуқ дорад насабашро иваз намояд.
Иваз кардани шаҳодатномаҳои таваллуд ва ё шиносномаҳо (паспорт) бо тағйири ному насаб дар кадом ҳолатҳо пешбинӣ шудаанд ва чӣ гуна сурат мегиранд?
-Мувофиқи талаботи бандҳои 1 ва 2 моддаи 67 Қонуни Ҷ Т „Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ“ шахси ба синни шонздаҳ расида ҳуқуқ дорад ном, номи падар ва насаби худро иваз кунад. Иваз намудани ном, номи падар ва насаб аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи истиқомати шахсе, ки хоҳиши иваз намудани ном, номи падар ва насабашро дорад, ба ҷо оварда мешавад. Дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва натиҷаи санҷиш мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли истиқомати аризадиҳанда хулосаро дар шакли тасдиқшуда дар бораи иваз намудани ном, номи падар ва насаб дар ду нусха тартиб медиҳанд. Инчунин, дар асоси талаботи моддаи 72-и қонуни мазкур дар асоси сабти аснод оид ба иваз намудани насаб, ном ва номи падар ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандие,ки пештар насаб, ном ва ё номи падар иваз шудааст, тағйирот ворид мешавад ва шаҳодатномаи нав дар бораи бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо назардошти тағйироти ба сабти асноди ҳолати шаҳрванд дохилшуда дода мешавад.
Ташаккур! Эзоҳ: Вобаста ба талаботи дигари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ“ маҷалла шарҳи муфассали кормандони масъули соҳаро дар шумораҳои минбаъда боз идома хоҳад дод,то маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус бонувон дар ин самт баланд гардад.
„Бонувони Тоҷикистон“