Суҳбати ихтисосии „Бонувони Тоҷикистон“ бо Тоҳир Қодиров, раиси коллегияи судӣ
оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
–Масъалаҳои баҳсангези хонаводагӣ имрӯз зиёд шудаанд ва баъзан онҳоро аз муҳити хона то ба мақомоти судӣ мебаранд. Кадом ихтилофу баҳсҳо бештар дар судҳо баррасӣ мешаванд?
–Моддаи 33-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.
Ҳимояи оила тавассути ҳокимияти судӣ зимни баррасии парвандаҳои оилавӣ байни аъзои оила амалӣ гардида, имрӯз шумораи муроҷиатҳои шаҳрвандон дар ин самт тамоюли зиёдшавӣ доранд
Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки судҳои ҷумҳурӣ соли 2011- 25233 адад, соли 2012–29176 адад ва дар нимсолаи аввали соли 2013–4997 адад парвандаҳои оилавиро баррасӣ намудаанд.
Бештари парвандаҳои оилавӣ роҷеъ ба баҳсҳои рӯёнидани алимент, кам ё зиёд намудани алимент, муқаррар намудани падарӣ ба тариқи судӣ, баҳсҳои манзилӣ:- аз қабили маскун намудан ба хонаи истиқоматӣ, тақсими манзили истиқоматӣ, моликияти якҷояи занушавҳарӣ эътироф намудани манзил, бекор кардани ақди никоҳ, тақсимоти молу мулки якҷояи заношӯӣ, талаб карда гирифтани амволи шахсӣ, баҳсҳои молу мулкии меросӣ байни хешовандони наздик ва ғайра мебошанд.
Таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки бештар нисбати санадҳои суди марҳилаи якум, ки вобаста ба парвандаҳо оид ба аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун кардан ба хонаи истиқоматӣ қабул гардидаанд, ба Суди Олӣ шикоятҳо пешниҳод менамоянд.
Масалан, агар соли 2012 коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олӣ 131 адад парвандаро ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ карда бошад, аз ин 34 ададашро парвандаҳои мазкур ташкил медиҳанд. Дар нимсолаи аввали соли 2013 бошад, аз 69 адад парвандаҳои ба тариқи кассатсионӣ баррасинамудаи коллегия 23 ададаш парвандаҳои зикргардида мебошанд.
– Мутобиқи омори расмӣ баҳсҳои тақсимоти молу амвол ҳангоми пошхӯрии оилаҳо ва поймол кардани ҳуқуқу манфиатҳои занон дар ин масъала зиёданд. Чаро?
–Аз 29176 парвандаҳои оилавии соли 2012 баррасӣ гардида, баҳсҳои молу мулкии байни зану шавҳар 1291 адад, дар нимсолаи аввали соли 2013 аз 14997 адад парвандаҳои баррасишуда, 582 ададашро парвандаҳои номбаршуда ташкил медиҳанд.
Таҷрибаи судӣ собит месозад, ки доир ба баҳсҳои зикршуда асосан занҳо аризаи даъвоӣ пешниҳод менамоянд. Асосҳои ба суд бо даъво муроҷиат намуданашон аз он иборат аст, ки молу мулкашонро шавҳарашон ё хешу табори шавҳар пинҳон намуда, барои баргардонидан ё тақсимоти он розӣ нестанд.
Дар баъзе ҳолатҳо шахсоне ба суд дар хусуси тақсими молу мулки якҷояи занушавҳарӣ аризаи даъво пешниҳод мекунанд, ки ақди никоҳи расмӣ надоранд. Дар ин ҳолат ҳамчун зану шавҳар дар давраи ба тариқи динӣ якҷоя зиндагонӣ карданашон молу мулки ҷамъ намуда, моликияти якҷояи занушавҳарӣ ба ҳисоб намеравад. Чунки мувофиқи талаботи қисми 2-и моддаи 10-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу уҳдадориҳои зану шавҳар аз лаҳзаи дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифтани ақди никоҳ ба миён меояд. Яъне ҷавононе, ки оила барпо менамоянд, тибқи талаботи қонун ҳатман ақди никоҳашонро ба расмият дароранд, то аз ҳуқуқҳои занушавҳарӣ истифода бурда тавонанд. Моддаҳои 40–44-и Кодекси зикргардида байни зану шавҳар бастани аҳдномаи ақди ниқоҳро пешбинӣ кардааст. Аз ин лиҳоз ба мақсад мувофиқ аст, ки ҷавонони оила барпо менамуда чунин аҳднома байни якдигар банданд, ки он созишномаи занушавҳарӣ буда, ҳуқуқи амволӣ, уҳдадориҳои онҳоро дар давраи заношӯӣ ё дар ҳолатҳои бекор кардани ақди никоҳ метавонад ба танзим дарорад ва ин ба ҳифз гардидани ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо дар давраи заношӯӣ ва ё дар ҳолати бекор карда шудани ақди никоҳ мусоидат менамояд.
–Парвандаҳои зӯроварӣ дар оила ҳам баррасӣ мешаванд?
–Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила“, ки 19.03.2013 қабул шудааст, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ба танзим даровардааст. Мувофиқи Қонуни мазкур зӯроварӣ дар оила-кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, руҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад, ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад, фаҳмида мешавад.
Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки соли 2012 судҳои ҷумҳурӣ 30 адад парвандаҳои ҷиноятиро нисбати 31 нафар марбут ба зӯроварии ба муқобили занон содиршуда баррасӣ кардаанд. Дар нимсолаи соли 2013 бошад, 13 парванда нисбати 14 нафар ҳамин гуна парвандаҳо дида баромада шудааст. Парвандаҳои мазкур вобаста ба қасдан расонидани азобу уқубати зарари ҷисмонӣ ва руҳӣ ба саломатӣ, лату кӯб ва ғайра нисбати занон мебошанд.
Бинобар ин, ҳар яки узви оила уҳдадор аст, нисбат ба якдигар зӯроварии ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ, иқтисодӣ ва ғайраро раво надониста, бо якдигар эҳтиром ва меҳру муҳаббати инсонӣ дошта бошанд, ки ин ҳама ба солимии оила оварда мерасонад.
–Аз нигоҳи Шумо кадом омилҳо боиси рух додани баҳсу ихтилофҳо ва моҷароҳои оилавӣ мегарданд?
–Таҳлили таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки омилҳои рух додани баҳсу ихтилофҳо ва моҷароҳои оилавӣ гуногуншакл буда, он пеш аз ҳама ба муносибатҳои ҳуқуқӣ алоқамандӣ дорад. Масалан, яке аз сабаби ба суд дар бораи бекор намудани ақди никоҳ муроҷиат намуданашонро, даъвогарон зикр менамоянд, ки шавҳарашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, муддатҳои тӯлонӣ аз он ҷо барнамегарданд. Дар натиҷа бо дигар аъзои оила дар муноқиша шудаанд ва дар зери таъсири охиринҳо шавҳарҳояшон ба воситаи мактубча ё телефонӣ талоқашонро ба тариқи мусулмонӣ додаанд. Дар дигар ҳолатҳо ба зиндагии навҷавонон дахолат намудани хешу табор ё барои молу мулки ночизе байни онҳо муноқиша ба миён омадааст ва шавҳар тарафи волидайнро гирифтааст, ки ин ҳолат ба вайрон шудани оилаи ҷавон оварда расонидааст.
Баъд аз вайрон шудани оила баҳсҳои дигари оилавӣ аз қабилӣ: рӯёнидани алимент, тақсими молу мулк ва хонаи истиқоматӣ, муайян намудани ҷои зисти кӯдакони ноболиғ, муқаррар кардани муоширати падару модар бо кӯдакони ноболиғ ва ғайраҳо ба миён меоянд.
Вобаста ба баҳсҳои меросӣ бошад, асосан баҳс байни хешовандони наздик ба вуқуъ меояд. Зеро ворисони меросдиҳанда тибқи қонун писару духтар, ҳамсар ва дигар хешу табори наздики ӯ ба шумор мераванд. Аз рӯи таҷрибаи судӣ сабабҳои пайдо гардидани баҳсҳои меросӣ ин сари вақт қабул накардани молу мулки меросӣ аз ҷониби ворисон, пинҳонӣ аз дигар ворисон гирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос, аз оҷизӣ ва ё пиронсолии падару модар истифода бурда аз ҷониби яке аз ворисон гирифтани васиятнома барои молу мулки меросӣ ва дигар омилҳо мебошанд.
– Ба бонувон дар самти пойдории оила ва риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ чӣ таманно доред?
–Ҳаминро қайд карданиам, ки пойдории оила, оромӣ дар он, эҳтироми якдигари байни аъзои оила, хушахлоқу хушгуфтор, дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихор ба миллату ватани хеш доштан тарбия ёфтани фарзандон ва дигар масъалаҳои оиладорӣ пеш аз ҳама аз модарону бонувони азиз вобастагии ногусастанӣ дорад. Зан–модар асосгузори оилаи солими ҷомеа ба шумор меравад. Яке аз падидаҳои муҳими дар оила рух надодани муноқишаҳои оилавӣ ва пойдории он, фикр мекунам, ин таълиму тарбияи дурусти фарзандон мебошад. Чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар гуфтанд: „Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату ҷомеа, сарчашмаи ташаббусҳо ва захираи тиллоии миллату давлат ҳастанд.“, аз ин лиҳоз фарзандонро дар руҳияи илмдӯстӣ, хушахлоқӣ, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намудан яке аз вазифаҳои асосии оила ба шумор меравад.
Баҳри воқеан амалӣ гардидани ин вазифаҳо аз ҷониби падару модар, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд“ қабул гардида амал намуда истодааст, ки риояи қонуни мазкур барои дар руҳияи эҳтироми арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия ёфтани фарзандон нақши муҳиме дорад.
Масъалаи таълиму тарбияи насли наврас такроран дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат таъқид ёфт. Сарвари давлат ҷавононро ба омӯзиши илму технологияи замони муосир даъват карда, чунин баён доштанд: „Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба таври возеҳ собит месозад, ки маҳз рушди илму технологияҳои муосир асос ва шарти муҳимтарини пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад“.
Бо дарназардошти ин гуфтаҳо модарону бонувони азизу меҳрубон дар таълиму тарбияи фарзандони хеш ба саҳлангорӣ роҳ надода, кӯдаконро ба илмомӯзию ахлоқи ҳамида, ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ илқо намоянд, ки бо ин пойдории оилаҳоро таъмин намудан имконпазир мегардад. Зеро шахси донишманду хушахлоқ ин худ пойдории оила аст.
Дар фарҷом ба ҳамаи бонувони кишвари азиз оромӣ дар оила, сиҳатмандию саломатӣ ва рӯзгори хушу босамарро таманно мекунам.